Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Туҳфаҳои Пешвои миллат ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии шаҳри Ҳисор расонида шуданд

Туҳфаҳои Пешвои миллат ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии шаҳри Ҳисор расонида шуданд

6-05-2022, 06:56
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии шаҳри Ҳисор расонида шуданд

ДУШАНБЕ, 05.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ҳисор сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфатоҳзода ва раиси шаҳр Қосим Роҳбар ба се нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Сироҷиддин Ҷалолов, Раҷаб Исмонов ва Карим Рашид кумакҳои моддии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расониданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби ҷанг кумакҳои пулию молӣ, аз ҷумла маблағи 15 000 сомонӣ аз номи Пешвои миллат тақдим гардид. Ҳамчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони саховатпеша маблағҳои пулӣ ва маводи хӯрока дастрас карда шуданд.

Зимни расонидани кумак таъкид гардид, ки таҷлил аз иди Ғалаба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишона аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони ин сарзамин аст, ки дар ёду хотираҳо то ҳол нақш баставу эҳтирому самимияти мардуми кишварро сазовор мебошанд. Хизматҳои ин фарзонафарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромўш намешавад ва кору пайкори онҳо барои насли наврас барои ҳамешагӣ намунаи мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад.


Иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хоси пайваста нисбат ба онҳо, собиқадорони меҳнат, ятимону бепарасторон бо самимият ва эҳтиром изҳори минатдорӣ намуда, барои сулҳу субот, ободию пешрафти мамлакат дар ҳаққи Роҳбари давлат дуои нек карданд.

Ҳамчунин дар ҳавлии иштирокчиёни ҷанг аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ба номи Мирзо Турсунзода барномаи консертӣ пешниҳод шуда, наврасон бо ёдоварӣ аз сурудҳои маъмули даврони ҷанг «Катюша», «Рўзи Ғалаба» («День Победы») ва ғайраҳо порчаҳо сароиданд ва хотири иштирокчиёни ҷангро шод гардониданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз шаҳри Ҳисор дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 10 ҳазор нафар иштирок карда, зиёда аз 4 ҳазор нафар фавтидаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: