Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Баргузории мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами рӯз 2022-04-25

Баргузории мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами рӯз 2022-04-25

26-04-2022, 07:11
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
Баргузории мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами рӯз 2022-04-25

Дар асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 20.04.2022 сол №31 ҷиҳати пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб, давъати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаби замин дар толори комиҷроияи ноҳиявӣ бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Х.К., мудири бахши кор бо занони МИҲД-и ноҳия Обода Каримӣ, собиқадори ҳизб Қаробоева Сабоат, собиқадорон, ҷавонон ва занони хонашин вохӯрӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Х.К. ҳусни оғоз бахшида ҷиҳати пешгирии душвориҳои мавҷуда, вазъи мураккаби ҷаҳон, таъмини мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкили захираи кофии онҳо, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оқилонаву самаранок истифода бурдани замин, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона, анъанаҳои номатлуб ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фикру андешаҳо баён намуд.

Сипас мудири бахши кор бо занони МИҲД-и ноҳия Обода Каримӣ доир ба яке аз мавзӯи муҳими рӯз, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи насли наврас ва пойдевори асосии ин ду мавзӯъ, оила, сухан намуд. Инчунин қайд кард, ки мустаҳкамии оила пеш аз ҳама аз ду нафар вобастагии калон дошта, бояд дар ин роҳ зану шавҳари ҷавон барои зиндагии ояндаи ва тарбияи фарзандони солеҳ омода бошанд, зеро оила пойдевори асосии зиндагии ҳар фарди худогоҳ аст.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабинӣ дар он аст, бояд ҷавонону наврасонро тавре тарбия намоем, ки онҳо дар оянда барои халқу ватани азизи худ содиқона хизмат намуда, баҳри ҳифзи марзу буми кишвари азиз Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: