Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эммануэл Макрон дар интихоботи Фаронса пас аз ҳисоби садфоизаи овозҳо пирӯз шуд Апрель 25, 2022 11:35

Эммануэл Макрон дар интихоботи Фаронса пас аз ҳисоби садфоизаи овозҳо пирӯз шуд Апрель 25, 2022 11:35

26-04-2022, 07:05
Хабарро хонданд: 149 нафар
Назарҳо: 0
Эммануэл Макрон дар интихоботи Фаронса пас аз ҳисоби садфоизаи овозҳо пирӯз шуд Апрель 25, 2022 11:35
ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти кунунии Фаронса Эммануэл Макрон аз рӯи натиҷаи ҳисоби пурраи овозҳо дар даври дувуми интихоботи президентӣ 58,55 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар дод.

Рақиби Макрон, роҳбари ҳизби «Иттиҳоди Миллӣ» Марин Ле Пен 41,45 дарсад овоз гирифтааст. Ӯ мағлубиятро эътироф кард, аммо ваъда дод, ки уҳдадориҳои худро дар назди фаронсавиҳо иҷро менамояд. Аз ҷумла, Ле Пен гуфт, ки ҳаракати сиёсии ӯ дар интихоботи парлумонӣ муборизаи бузургеро оғоз хоҳад кард.

Раиси Додгоҳи конститутсионии Фаронса 27 апрел натиҷаҳои овоздиҳиро расман эълон хоҳад кард.

Овоздиҳӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) ба охир расид. Дар интихобот 63,23 дарсади интихобкунандагон ширкат карданд.

Президенти Фаронса ба муддати панҷ сол интихоб мешавад. Дар овоздиҳӣ ҳудуди 49 миллион нафар шаҳрвандон метавонанд иштирок намоянд. Даври авали интихобот 10 апрел баргузор шуда, дар он 12 номзад ширкат карданд. Он замон президенти кунунӣ 27,84 дарсад ва роҳбари «Иттидоҳи Миллӣ» 23,15 дарсади овозҳоро ба даст оварда буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: