Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАШАККУЛИ ТАФАККУР ВА ҶАҲОНБИНИИ МИЛЛӢ

ТАШАККУЛИ ТАФАККУР ВА ҶАҲОНБИНИИ МИЛЛӢ

15-01-2020, 16:52
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
ТАШАККУЛИ ТАФАККУР ВА ҶАҲОНБИНИИ МИЛЛӢ
Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, экстремизму терроризм, равияҳои тундрави исломӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, бархӯрди тамаддунҳо авзои дунёро хеле ҳассосу пуризтироб гардондаанд. Ҳолати мазкур моро водор месозад, ки нисбат ба ояндаи миллату давлатамон бетараф набошем. Хатари дигар ба ҷомеаи суннатии мо -тоҷикон омезиши босуръати арзишҳои милливу умумибашарист, ки барои дуруст тарбия намудани насли нав, ҳамчун инсонҳои комил, ба воя расонидани он таъсири манфии худро расонида истодааст. Бояд тамоми роҳҳоро ҷустуҷӯ намоем, ки арзишҳои олии инсонӣ, қабл аз ҳама, худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстиву масъулияти давлатдорӣ дар қалби насли ҷавон, ояндаи Ватан мавқеи муассир дошта бошанд. Мо - насли калонсол, хусусан собиқадорон вазифадорем, ки иҷрои ин масъалаи муҳимро ба дӯши худ бигирем.
Имрӯз Тоҷикистони мо дар остонаи таҷлили 30-юмин соли Истиқлоли давлати хеш ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассир пайдо намудааст. Боиси сарфарозист, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёт соҳиби дастовардҳои назаррас гардидаем. Ин дастовардхои Ватани маҳбубамон ҷиҳати созандагиву бунёдкорӣ дар ҳеҷ давру замон назир надоранд. Дар як давраи кӯтоҳ ба яке аз шаҳрҳои зебову пешрафтаи минтақа табдил ёфтани пойтахти давлатамон–шаҳри Душанбе далели гуфтахои боло мебошад. Дар мавриди пешравиҳои Тоҷикистони азиз, болоравии мақоми кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, иқдомҳои наҷиби Сарвари давлатамон метавон муфассал ҳарф зад. Аммо ѓарази мо дигар аст. Тақдири имрӯзу ояндаи Ватан вобаста ба хатарҳои ҷаҳони муосир ба ҳар якамон ҳушдорест, ки ояндабин бошем ва ба масъалаҳое, ки ба пешрафту осудагии мо хатар оварда метавонанд, бетарафӣ накунем. Олимони ҷомеашинос ва донишмандони соҳаи сиёсат исбот кардаанд, миёни омма хавфноктарин шахс ҳамонест, ки бетараф аст ва мавқеъ надорад. Ин дуруст аст. Зеро дар кишвари худ зиндагӣ кардану нисбат ба тақдири давлату миллат бетараф будан хатаровар ва нобахшиданист. Воқеият гувоҳ аст, ки дар ҷомеаи мо дар баробари дастовардҳо, хатару таҳдидҳо низ мавҷуданд ва муборизаи доимӣ бо зуҳуроти мазкур вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди солимақлу соҳибмаърифат мебошад. Масъалаҳои ягонагӣ, сулҳу оромӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, муттаҳидшавӣ дар доираи ормонҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва худшиносиву худогоҳӣ имрӯз дар ҷомеа мо аз аҳамияти мухим бархурдоранд.
Масъалаи ташаккули тафаккури миллӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ дар марҳалаи давлатдории имрӯзаи мо яке аз вазифаҳои муҳим ва асосӣ ба шумор меравад. Пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуби мо, оромиву осудагии он, таҳкими обрӯю эътибори давлат ба ҳалли дурусту саривақтии ин масъалаҳо марбут мебошад. Вазифаҳои мазкур таъхирро намепарваранд. Барои ин ҳамаи имкониятҳои мавҷуда бояд самаранок истифода шаванд.
Ташаккул додани тафаккури миллӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ аз он вобаста аст, ки ҳар фарди ҷомеа худро масъули рушди иҷтимоъ ва фарҳанг, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ягонагӣ ва ваҳдати мардум шуморад ва ба хотири амалӣ намудани ин ормонҳои олӣ чун шаҳрванди миллатдӯст ва ватанпарвар пайгирона кӯшишу талош кунад. Барои вай манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ волотару муқаддастар аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллӣ бошанд; барои шахси миллатдӯсту ватанпарвар хушбахтӣ дар саодати мардуму кишвари азизаш мебошад. Боиси сарфарозист, ки дар кишвари мо масъалаҳои ташаккули тафаккури миллӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ ба ҷузъи таркибии сиёсати умумидавлатӣ табдил ёфтаанд ва онро шаҳрвандони мамлакат, мақомоти давлатӣ, ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, хулоса, хурду калон ва пиру ҷавон қабул доранд. Ин амр эътимоди моро ба ояндаи неки мардуму ватанамон бештар ва қавитар мегардонад.
Мо бояд тамоми таҷрибаву имкониятҳоро истифода намуда, дар асоси арзишҳои миллӣ, панду насиҳатҳои гузаштагонамон (рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек), барои ташаккули маънавиёти ҷавонон кор кунем, то онҳо сабақҳоеро гиранд, ки ба пешрафту ободии Тоҷикистони азиз ва табдили он ба яке аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон мусоидат кунанд, ҳамзамон роҳҳои хизмати содиқона ва софдилона ба мардуму кишвари худро омӯзанд. Дар мисолҳои мушаххас ва амалӣ ҷавонон бояд бинанд, ки фарди миллатдӯст ва ватанпараст чӣ гуна бошад ва чиро азхуд намояд. Барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, тавсеаи ваҳдати миллӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ шахсиятҳои сазоворро тарбия карда, ба камол расонидан амри зарурист.
Дар ҷомеаи тоҷикон аз давраҳои қадим оила ниҳоди аввалин ва асоситарин ҳисобида мешуд. Дар муҳити ахлоқӣ ва маънавии он аҳли ҷомеа тарбият мегирифтанд ва ба камол мерасиданд. Рисолати оила на танҳо тарбияи фарзандони солим, балки парвариши аъзои ватандӯсту масъули ҷомеа буда, маънои онро дошт, ки на танҳо ободиву оромии ханаводаи муайян, балки тамоми ҷомеа ва мамлакат аз солимии оила вобаста аст.
Ҳоло бо ин мақсад, баҳри пойдориву солимии оила дар мамлакат корҳои зиёде амалӣ гардидаанд ва мешаванд. Аммо, мутаассифона, тибқи омори расмӣ мушкили вайрон гардидани оилаҳо, пойдору солим набудани онҳо имрӯз ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Тавре мегӯянд, оилаи солим ҷомеаи солим аст. Бо вуҷуди он, ки Кумитаи кор бо занон ва оила оид ба масъалаи мазкур иқдомоти зиёдеро амалӣ месозад, масъала ҳанӯз ҳалталаб буда, сабабу омили баъзе мушкилиҳои дигари ҷомеа шуда истодааст. Бояд тамоми ҷомеа барои бартараф намудани ин мушкилот таваҷҷуҳ намояд. Беҳуда нест, ки рушди устувори оиларо омили таҳкимбахши ҷомеа ва давлат мешумориданд. Зеро дуруст тарбия нагирифтани фарзандон дар оила сабаби аз муҳити маънавӣ ва ахлоқӣ дур мондани онҳо мегардад, ки ин боиси ба гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ пайвастани ҷавонон, ба бегонапарастию зоҳирпарастӣ ва фарҳанги бегона майл кардани онҳо замина мегузорад. Бартараф намудани ин мушкилот, албатта, фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо менамояд.
Пӯшида нест, ки дар пойдории оила ва тарбияи фарзандон масъулияти баландтарин ба зиммаи занон аст. Занон як нерӯи пешбарандаву хаётофаранда мебошанд ва дар ҷомеаи тоҷикон ҳамчун чароѓи хонадон, чароѓи хираду маърифат ва сарчашмаи ахлоқи ҳамида ва маънавиёт шинохта шудаанд. Бузурге гуфтааст: “Хонаеро донишгоҳи ахлоқу инсоният мегӯянд, ки дар он ҷо модар нек ва тарбияёфта бошад”. Агар зан босавод бошад, миллат босавод , ҷомеа пешрафта мешавад ва ҷаҳон нурборон мегардад.
Чи тавре мегӯянд:”Ватан сар мешавад аз гоҳвора”. Дар ҳақиқат, тарбияи ватандӯстиву миллатдӯстӣ аз оила сарчашма гирифта, баъдан дар муассисаҳои таълимӣ идома меёбад. Имрӯз, хушбахтона, китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба талаботи давру замони истиқлол ҷавобгӯ мебошанд. Аммо дар ин самт бояд масъалаҳои зиёди дигаре мавриди баррасӣ қарор бигиранд ва дар ҷараёни ислоҳоти куллии мактабу маориф, ки дар мамлакат бо ташаббуси Президенти муҳтарамамон бомаром амалӣ мегардад, бартараф шаванд. Зеро яке аз роҳҳои ташаккули тафаккури миллӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ фаъолияти ҳадафмандона ва пайгиронаи соҳаи маориф мебошад.
Омили дигаре, ки дар ташаккули тафаккур ва чаҳонбинии миллӣ нақши муҳим мебозад, забон аст. Забон пояи миллат ва рукни асосии давлат аст. Аз ин лиҳоз, гиромӣ доштани забони модарӣ, забондонӣ ва забономӯзиро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаву баргашта таъкид менамоянд: “Забони миллат мояи ифтихору худшиносии ҷомеа мебошад”. Тарѓиби забони модарӣ дар заминаи тарбияи маънавӣ сурат гирифта, тамоми чораҳоро бояд андешид, ки забони шевои тоҷикӣ барои оммаи мо душворфаҳм, дурушт, лаҳҷавӣ набошад, зеро ҳоло дар забони матбуот, матни китобҳои дарсӣ ва ё тарҷумаи филмҳо ибораҳои сохтаи муаллифон, тарҷумаҳои нодуруст пеши хонандаи одӣ мушкилот эҷод мекунанд. Мо бояд ба фарзандон хушбаёниву ширинзабониро омӯзонем, то дашному алфози қабеҳ дар забон ҷой нагиранд. Бояд ҷавонони мо рӯ ба китоб, адабиёт ва театр оваранд, зеро худогоҳии миллӣ бе худогоҳии фарҳангӣ буда наметавонад. Асарҳои бадеӣ мутолиа намоянд, филмҳои дурусту мусиқии хубро фарқ карда тавонанд. Агар ҷавонони имрӯзаро бо ҷавонони солҳои пеш муқоиса кунем, ба хулоса меоем, ки насли куҳан дар масъалаҳои ахлоқ, илмомӯзӣ ва маданият бамаротиб аз насли имрӯза фарқ дорад. Панду насиҳатҳои гузаштагон барои интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва арҷгузории онҳо ба таъриху фарҳангу адабиёт мусоидат мекунад. Дар ин самт, ба андешаи мо, якчанд масъалаи муҳимро ҷудо кардан мумкин аст.
Нахуст, вазифаи асосии мо ташаккули насли дорои масъулияти баланди ватандорӣ, маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги устувори сиёсӣ, бо ахлоқи ҳамида, ватанпарасту инсондӯст мебошад. Тарбия намудани насли донишманду соҳиби касбу ҳунари ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, ки василаи ба ояндаи дурахшони кишварамон расидан аст.
Дувум, масъалаи муҳими дигар ин кӯшиши таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбиниву андешаи шаҳрвандон, хусусан, наврасону ҷавонон аз ҷониби ҷараёну равияҳои гуногуни ифротӣ мебошад, ки натиҷаи инро мо дар ҷалби иддае аз шаҳрвандонамон ба доираи фаъолиятҳои харобкоронаи онҳо дида истодаем. Ин кор асосан тавассути сомонаҳои интернетӣ сурат мегирад, ки бо ин васила ҷавонони мо аз арзишҳои миллӣ дур мешаванд. Шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба амнияти кишварамон таҳдиди воқеӣ буда, дар байни онҳо будани занон боз ҳам мудҳишу нанговар аст. Ин раванди хавфнок бояд хотима дода шавад. Неруи солими ҷавонон бояд ба нафъи фардои дурахшон ва зиндагии босаодат истифода гардад. Дар ҷомеае, ки сатҳи маърифат баланд аст, ҳеч гуна дасисаву иѓво натиҷа намедиҳад. Бо имон, муҳаббат ва ҳисси ватандӯстӣ камбудҳо ислоҳ мешаванд. Мушкили асосӣ дурӣ аз илму маърифат аст.
Севум, дар тарбияи насли ҷавон, ояндасозони Ватан ба роҳ мондани тарѓибу ташвиқи таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол амри зарурист. Аз ҷумла, муқоисаи Тоҷикистони солҳои 90-уми асри 20 ва дастовардҳои Тоҷикистони имрӯза дар давоми қариб 30 сол, табдил ёфтани он ба давлати муосири замонавӣ таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти мухтарами мамлакат метавонад дар тарбияи ҷавонон далели собит бошад.
Чаҳорум, неруи ҷавонон бояд барои пешрафту тараққиёт истифода бурда шавад, онҳоро баробари дигар табақаҳои ҷомеа ба ҳалли масъалаҳои доѓи рӯз ҷалб бояд кард. Дар ин масъала, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин, ташкилоти “Созандагони Ватан” корҳои назаррасро иҷро карда истодаанд. Лозим аст, ки усулҳои наву муосири кор бо ҷавонон истифода шаванд. Онҳо масъули ояндаи миллату давлат буданашонро бо ҷиддият бояд дарк намоянд.
Панҷум, ҳама медонанд, ки дар замони муосир дониш, илму маърифат қудрату амният маҳсуб мешаванд. Илму донишу хирад дар рушди ҷомеа, зиндагии саодатманд ва ояндаи босуботи давлат нақши ҳалкунанда дорад. Луқмони Ҳаким фармудааст: “Ҳар чиз зиёд шавад, арзон мегардад, ба ҷуз хирад, агар он зиёд шавад, қиматаш афзун мегардад”. Боиси ифтихор аст, ки ҳоло дар кишвари мо шумораи муассисаҳои таълимии нав зиёд шуда истодааст, онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Барои саводнокии наврасону ҷавонон тамоми шароит муҳайёст. Ҳукумати мамлакат маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маориф ва илм, рушди онҳо, сифати тайёр кардани мутахассисон, донишандӯзии таълимгирандагон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аммо бояд иқрор кард, ки бо вуҷуди тамоми шароиту имконият, дар ин соҳа мушкилот ҷой доранд, қабл аз ҳама, дар кам будани омӯзгорони асил, омӯзгороне, ки ихтисосашонро дӯст медоранд ва содиқона вазифаи худро иҷро менамоянд. Вақте ки аз расонаҳои хабарӣ ҷойҳои баланд ишѓол намудани хонандагонамонро дар озмунҳову олимпиадаҳо мешунавем, ифтихор мекунем. Аҳсан ба омӯзгороне, ки дар дили ин таълимгирандагон шавқу завқи донишомӯзиро бедор намудаанд. Ман гуфтанӣ нестам, ки ҳамаи таълимгирандагон бояд ѓолиби олимпиадаҳо бошанд, вале муҳим аст, ки ба ҳамаи таълимгирандагон омӯзгорони содиқу софдил дониш омӯзонанд.
Шашум, нуфузи фарҳанги либоспӯшии бегона ба ҷомеаи мо боиси ташвиш аст ва фаъолияту муқовимати дастаҷамъонаро бо ин зуҳурот тақозо мекунад. Либос рукни фарҳанги миллии мо буда, муаррифгари миллати тоҷик дар арсаи байналмилалист. Мо бояд либосҳои миллии худро тарѓиб намоем. Хурсандиовар аст, ки имруз ба занону духтарони мо тарроҳони ботаҷриба либоси миллиро бо нигоҳи нав ва ба талаботи давлати дунявӣ ҷавобгӯ пешниҳод месозанд.
Ва ниҳоят, вобаста ба хабарҳое ки тавассути сомонахои интернетӣ паҳн мегарданд, албатта, вокунишҳо саривақтӣ бояд бошанд. Ѓайр аз ин, бояд худи мо, шаҳрвандон мунтазам хабарҳои наву тозаро дар ин сомонаҳо дарҷ намоем, оид ба дастовардҳо ва масъалаҳое ки ба манфиати мардуманд. Ҷавоб ба хабарҳои иѓвоангез бояд дурусту босаводона бошад. Ҷанги “иттилоотӣ” шахсони босаводу аз илмҳои замонавӣ бохабарро тақозо дорад. Хулоса, мо бояд шукрона кунем, ки соҳибватан ҳастем, давлати соҳибистиқлол дорем ва тақдири Ватану давлат аз масъулиятшиносии мо - шаҳрвандони мамлакат вобаста аст. Сари вақт пешгирӣ кардани хатар, камбудӣ, ба манфиати давлату миллат ҳал намудани масъалаҳои мубрами ҷомеа дар дасти худи мост.

Марҳабо Ҷабборӣ,
доктори илмҳои филологӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: