
Мувофики нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 19-апрели соли 2022 дар Хобгоҳи Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд бо донишҷуён мулоқот дар мавзуъҳои “Даъат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи одоби муошират” доир гардид. Мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон ва муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Урунбоева Муҳаббат ба донишҷуён мазмун ва мӯҳтавои қонунҳои мазкурро фаҳмонида дода қайд намуданд, ки риояи Қонунҳои мазкур барои ҳама ҳатмист.
Дар рафти мулоқот мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Назирҷон Мирмуллоев бештар оид ба даъат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон” сухан карда, баён намуд, ки Хизмати Ватан – Модар қарзи шаҳрвандии ҳар як мо ҷавонмардони ба нангу номус буда, ихтиёран бояд ҳар як ҷавонмард тоҷик сарбаландона ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намояд. Зеро хизмат ба Ватан шараф аст.