Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Забондонӣ ҷаҳондонист

Забондонӣ ҷаҳондонист

7-04-2022, 10:17
Хабарро хонданд: 541 нафар
Назарҳо: 0
 Забондонӣ ҷаҳондонист
Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медихад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботхои рузмарраи хаёт огах гардад. Донистани забони гайр донистани вокеияти хаёти миллати дигар ва кулли дигаргунихои олам аст. Барои омухтани забони дигар мо бояд, пеш аз хама забони модарии хешро ба хубй донем. Озодона хамаи сохахои хаёти худро омухта аз худ намоем.
Барои муоширати одамон дар дунё забонҳои зиёде вуҷуд дошта, ба таъкиди олимон шумораи он аз 3000 то 7000 адад мерасад. Бештари ин забонҳо, забони давлатӣ набуда, ҳамчун лаҳҷа истифода мешавад.
Дар ҷаҳони имрўза 83 забони машҳур мавҷуд аст, ки 80%-и сокинони сайёра аз онҳо истифода мебаранд. Яке аз ин забонҳо забони англисӣ мебошад, ки ҳамчун забони умумиҷаҳонӣ барои муошират истифода мешава ва дар рўйхати забонҳо дорои мавќеи дуюм аст. Забони хитоӣ бо сабаби зиёд будани истифодабарандагонаш, ки шумораи он 1,5млрд аст, дар ҷойи аввал меистад.
Имрўз забони англисӣ барои 400 ҳазор сокини дунё ҳамчун забони модарӣ ба ҳисоб рафта, зиёда аз 2 млрд сокинон ин забонро меомўзанд. Дар дунё аз ҳама зиёдтар дар Шветсария забони англисиро медонанд, аз ҳар 10 нафар 9 нафарашон бо забони англисӣ ҳарф зада метавонанд. Маќолаҳои машҳури дунё 90%-ашон бо забони англисӣ навишта шудааст. Забони англисӣ аз ҷиҳати луғавӣ бой буда, ба худ ќариб 490 ҳазор луғат ва боз 300 ҳазор истилоҳи техникӣ дорад. Уилям Шекспир яке аз эҷодкорони машҳури олом барои навиштани асарҳои худ аз 33 ҳазор калима истифода карда, аввалин китоби луғати забони англисӣ бошад, 1775 ба нашр расидааст. То асри XV дар забони англисӣ аломатҳои китобатӣ истифода намешуд. Имрўз зиёда аз 50%-и эълонҳои дунё бо забони англисӣ навишта шудааст. Аз ҳама муҳим он аст, ки барои сафар кардан ба хориҷа забони англисиро хуб донистан зарур аст. Зеро ин забон дар 45 мамлакати рўи дунё мавќеи расмии худро дошта, ҳамчун забони расмии дуюми онҳо ба ҳисоб меравад. Аз ҳама шабакаҳо ва радиоҳои машҳури дунё, аз он ҷумла ВВС, NBC, CBC, ABC ва СВS бо ҳамин забон фаъолият менамоянд.
Агар дар замони Шўравӣ забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни халќҳо истифода мешуд, айни замон, яъне дар замони муосир забони англисиро бештар истифода мебаранд. Барои хубтар шинос шудан ва донистани таърихи ягон давлат бояд забони онро аз худ намоед. Забондонию забономўзӣ ҷаҳонбинии инсонро васеъ гардонида, барои пешрафту тараќќиёти ҳар як давлат таъсири мусбӣ мерасонад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омўзишу аз худ намудани забони хориҷӣ бештар ба назар мерасад ва барои ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам овардааст.
Ҳамчунин Президенти кишвар дар суханрониҳои худ пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон бояд донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд.
Имрузхо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоххои олй, мактабхои миёнаву муассисахои илмии кишвар забонхои гуногуни чахонй омухта мешавад. Имрузхо тифли дилбанди фарди точик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатхои хорича рафта, тахсили илм мекунанд, сохибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва кавми точик манфиати хуб меорад.
Имрузхо дар чумхурии азизамон сафоратхонахои зиёди давлатхои дунё арзи хастй доранд, ки хамкорихои байналхалкии Точикистонро бо дигар давлатхо чонибдорй мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономузиву забондонй ва робитахои зиёди давлатхо огахй медихад.
Хар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Забондонист, ки имрузхо фардияти точик бо хамаи кишвархои дунё робитахои дустй дорад. Ба сафархо мебарояд. Мусикии мардуми точикро чахониен гуш меандозанд, халоват мебаранд. Фарзанди миллати точик кормандони бузурги давлатхои таракдикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони точик дар кишвари Руссия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабхои онон таълиму тарбия мегиранд. Имруз дар гуфтор мардуми точикзабонро аз миллати рус тафовут додан амрест махол. Фарди точик дар гуфтугуй бо мардуми эронинажод кариб, ки баробаранд. Фарзанди точик бо забонхои англисй, немисй, руссй, чехи озодона дар гуфтугуянд. Ин албатта, фахри давлату миллати точику Точикистониён аст.
Хулоса, имрўз дар миёни дигар забонҳои дунё забони англисӣ дорои мавќеи хоссаи худ буда, дар баробари забони модарӣ бояд ҳар як ҷавони тоҷик барои омўхтани ин забони сатҳи байналмиллалӣ талош намояд. Зеро он барои пешрафти фаъолият дар дилхоҳ соҳа кўмак хоҳад кард. Ба таъбири дигар забондонӣ-ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар хама гуна лахзахои хаёт чи гаму дард ва чи хушию шодмонй инсонро ёвару мададгор, дилбардору эхсосгар аст. Донистани забони гайр миллатро ба бузургй, фардро ба воломаќомй ва давлатро ба пешравию муваффакият ноил мегардонад.
Фарде, ки донандаи чандин забон аст, ҳамеша сарбаланду боифтихор аст ва хеч гох дар ягон маврид дар намемонад.
Забондонй дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахохад буд. Он хамеша зарур, поянда ва боиси ифтихори баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангар ва мачлисорой хамаи анчуманхоро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад.

Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: