Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Забондонӣ ҷаҳондонист

Забондонӣ ҷаҳондонист

18-10-2021, 12:00
Хабарро хонданд: 363 нафар
Назарҳо: 0
    Забондонӣ ҷаҳондонист
Барои муоширати одамон дар дунё забонҳои зиёде вуҷуд дошта, ба таъкиди олимон шумораи он аз 3000 то 7000 адад мерасад. Бештари ин забонҳо, забони давлатӣ набуда, ҳамчун лаҳҷа истифода мешавад.
Дар ҷаҳони имрўза 83 забони машҳур мавҷуд аст, ки 80%-и сокинони сайёра аз онҳо истифода мебаранд. Яке аз ин забонҳо забони англисӣ мебошад, ки ҳамчун забони умумиҷаҳонӣ барои муошират истифода мешава ва дар рўйхати забонҳо дорои мавқеи дуюм аст. Забони хитоӣ бо сабаби зиёд будани истифодабарандагонаш, ки шумораи он 1,5млрд аст, дар ҷойи аввал меистад.
Имрўз забони англисӣ барои 400 ҳазор сокини ин дунё ҳамчун забони модарӣ ба ҳисоб рафта, зиёда аз 2 млрд сокинон ин забонро меомўзанд. Дар дунё аз ҳама зиёдтар дар Шветсария забони англисиро медонанд, аз ҳар 10 нафар 9 нафарашон бо забони англисӣ ҳарф зада метавонанд. Мақолаҳои машҳури дунё 90%-ашон бо забони англисӣ навишта шудааст. Забони англисӣ аз ҷиҳати луѓавӣ бой буда, ба худ қариб 490 ҳазор луѓат ва боз 300 ҳазор истилоҳи техникӣ дорад. Уилям Шекспир яке аз эҷодкорони машҳури олом барои навиштани асарҳои худ аз 33 ҳазор калима истифода карда, аввалин китоби луѓати забони англисӣ бошад, 1775 ба нашр расидааст. То асри XV дар забони англисӣ аломатҳои китобатӣ истифода намешуд. Имрўз зиёда аз 50%-и эълонҳои дунё бо забони англисӣ навишта шудааст. Аз ҳама муҳим он аст, ки барои сафар кардан ба хориҷа забони англисиро хуб донистан зарур аст. Зеро ин забон дар 45 мамлакати рўи дунё мавқеи расмии худро дошта, ҳамчун забони расмии дуюми онҳо ба ҳисоб меравад. Аз ҳама шабакаҳо ва радиоҳои машҳури дунё, аз он ҷумла ВВС, NBC, CBC, ABC ва СВS бо ҳамин забон фаъолият менамоянд.
Агар дар замони Шўравӣ забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни халқҳо истифода мешуд, айни замон, яъне дар замони муосир забони англисиро бештар истифода мебаранд. Барои хубтар шинос шудан ва донистани таърихи ягон давлат бояд забони онро аз худ намоед. Забондонию забономўзӣ ҷаҳонбинии инсонро васеъ гардонида, барои пешрафту тараққиёти ҳар як давлат таъсири мусбӣ мерасонад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омўзишу аз худ намудани забони хориҷӣ бештар ба назар мерасад ва барои ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам овардааст.
Президенти кишвар дар суханрониҳои худ пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон бояд донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Бо дастгириҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ дар пойтахти азизамон академияи замонавии Кембриҷ 20-уми сентябри соли 2018 ба истифода дода шуд. Ин муассиса барои 500 нафар хонандагони синну соли мактабӣ ва то мактабӣ пешбинӣ шудааст. Дар муассиса дарсҳо аз рўи барномаи пешниҳоднамудаи Британияи Кабир гуфта мешавад. Хатмкунандагони ин муассиса барои гирифтани маълумоти олӣ ҳуҷатҳои худро метавонанд, ки ба донишгоҳҳои машҳури Аврупо, ИМА ва ҷопон супоранд.
Хулоса, имрўз дар миёни дигар забонҳои дунё забони англисӣ дорои мавқеи хоссаи худ буда, дар баробари забони модарӣ бояд ҳар як ҷавони тоҷик барои омўхтани ин забони сатҳи байналмиллалӣ талош намояд. Зеро он барои пешрафти фаъолият дар дилхоҳ соҳа кўмак хоҳад кард. Ба таъбири дигар забондонӣ-ҷаҳондонист.
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: