Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҲАМРАЪЙӢ-ҲАМБАСТАГӢ-ПОЯНДАГӢ

ҲАМРАЪЙӢ-ҲАМБАСТАГӢ-ПОЯНДАГӢ

10-03-2022, 12:00
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМРАЪЙӢ-ҲАМБАСТАГӢ-ПОЯНДАГӢ

Таҳти ин шиор, ба хотири солгарди рўзи таъсисёбии матбуоти тоҷик дар саросари кишвар рўзноманигорони радиову телевизион ва маҷаллаву рўзномаҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо суханҳои табрикотиву туҳфаҳои моливу пулӣ ва унвонҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, 110-солагии Рўзи матбуоти тоҷикро дар шаҳри Душанбе низ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузории барномаи идонаи фарҳангӣ ва намоиши китоб таҷлил намуданд, ки дар он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, сармуҳарирони рўзномаву маҷалла, директорони радиову телевизионҳои мамлакат ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ва порчаи наворе аз суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рўзи матбуоти тоҷик оғоз гардида, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш Рўзи матбуоти тоҷикро аз қабили падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат арзёбӣ намуд ва зикр кард, ки он бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб, дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад.
Рўзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рўзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рўзнома 110 сол сипарӣ гардид, ки ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма таҷлил карда мешавад.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода доир ба роҳи тайкардаи матбуоти тоҷик сухан гуфта, нақши рўзноманигоронро дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва баррасии муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа муҳим ва арзанда арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аҳли толорро аз номи дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба ин санаи фархунда таҳният гуфта, афзуд, ки матбуот яке аз рукнҳои калидии ҷомеаи демократӣ буда, дар меҳвари фаъолияти он инъикоси воқеии ҳаёти мардум, соҳаҳои хоҷагии халқ, бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, роҳандозии ислоҳотҳо дар ҷумҳурӣ, ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва анҷом додани баъзе вазифаҳои муҳим дар бахши таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти солим ва саҳеҳ бояд қарор гирад. Ин ишораҳо дар барномаҳои ҳизбӣ возеҳ ишора гардидаанд.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби КИМ ҲХДТ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як зумра рўзноманигорону нашрияҳои расмиву хусусӣ, аз ҷумла ба 4 нафар кормандони нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», сипосномаҳо ва ба расонаҳои иттилоотӣ туҳфаҳо сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: