Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЯГОН ДАВЛАТ БЕ АРТИШИ МИЛЛИИ МУҚТАДИР ПОЙДОР НЕСТ! Ба пешвози Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

ЯГОН ДАВЛАТ БЕ АРТИШИ МИЛЛИИ МУҚТАДИР ПОЙДОР НЕСТ! Ба пешвози Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

23-02-2022, 08:02
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
ЯГОН ДАВЛАТ БЕ АРТИШИ МИЛЛИИ МУҚТАДИР ПОЙДОР НЕСТ! Ба пешвози Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

Таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим касб намудааст. Манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити феълӣ манофеи бақодории мамлакат, аз ҷумла ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ ва ҳимояи кишвар аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.

Чунин изҳори андеша намуд муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил Баротов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар остонаи таҷлили солгарди 29-уми Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба андешаи мавсуф, дар шароити зоҳиршавии таҳдидҳои нави замони муосир артиши миллӣ воситаи муҳимтарини ҳимояи ватану сарзамин аз хатарҳои берунӣ ба ҳисоб рафта, дар низоми таъмини амнияти ҳарбии кишвар мақому манзалати хосса дорад.

«Қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаддасот ва нишонаҳои муҳими давлатдории мо, тоҷикон буда, таҷассуми суннату ормонҳои волои ниёгон ба ҳисоб меравад. Дар масири дури таърихи миллат намунаҳои барҷастаи артишро метавон мушоҳида намуд. Эҳёи артиши миллӣ дар шароити давлатдории миллии тоҷикон таҷассумгари муҳимтарин рукни давлатдории ниёгонамон дар сақфи таърих мебошад. Аз назари таърих, мафҳуми «артиш» баробари суннатҳо ва рукнҳои давлатдории ниёгони мо, тоҷикон ташаккул ёфта, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ рисолати муқаддаси худро иҷро намудааст»,-зикр кард ҳамсуҳбати мо.

Ёдовар бояд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 дар яке аз суханрониҳои худ нақши Артиши миллиро дар раванди барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ махсусан муҳим зикр намуданд.


Дарвоқеъ, амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои ҳарбии кишвар дар назар дошта мешавад, ки он дар низоми манфиатҳоии миллӣ ҷойгоҳи хоссаро доро мебошад.

Исроил Баротов дар ин замина иброз медорад, ки эҷоди тавозуни стратегӣ ва таҳкиму густариши ҳамкории стратегӣ ҳамчун бахши муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми манфиатҳои ҳарбии кишвар нақши муҳим дорад. Таҳкиму ҳимояи манфиатҳои ҳарбӣ асоси фаъолияти Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои кишвар маҳсуб мешавад.

«Илова бар ин, сохторҳои мухталифи Артиши миллӣ рамзи олии ватану ватандорӣ, сипари воқеӣ аз таҳдидҳои ҳарбӣ ва пойдевори истиқлоли давлатӣ дар шароити рушди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Аз ин нуқтаи назар, Артиши миллӣ дар шароити дигаргуниҳои нави ҷаҳонӣ барои кишвари мо нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон, асоси пойдории давлат ва мазҳари идеалу ормонҳои таърихии миллат маҳсуб мешавад. Зеро ягон давлат бе артиши миллии муқтадиру муҷаҳҳаз пойдор буда наметавонад»,- илова кард ӯ.


Ба гуфтаи Исроил Баротов, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нихоят ҳассос ва басо мушкили таърихие ташаккул ёфт, ки заминаҳои моддиву техникии он дар маҷмӯъ ба сифр баробар буданд. Дар он шароит кишвари мо тавассути ватанхоҳони худхоҳу дурӯғин ва душманони сохти конститутсионӣ, ки ба арзишҳои дунявият дар сохтори нави давлатдорӣ ситеза доштанд, ба гирдоби кашмакашҳои даҳшатангез кашида шуд.

«Эҳёи Артиши миллӣ дастоварде буд, ки ба музаффарияти мамлакат дар шароити эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд, ки бузургтаринаш пешгирӣ намудани хатари аз байн рафтани давлату миллат ва таҳкиму густариши мақсадҳои миллӣ дар масири минбаъдаи давлатдорӣ буд. Махсусан нақши барҷастаи онро дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти ҳарбию сиёсии мамлакат дар шароити пуртазоди низои таҳмилӣ метавон арзёбӣ намуд, ки ҳамчун рисолати таърихӣ шоистаи таҳсину офарин аст»,-изҳор дошт И. Баротов.

Самтҳои афзалиятноки таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар меҳвари сиёсати дохилӣ қарор доранд, балки он дар сиёсати хориҷии кишвар низ ҷойгоҳи хосса дорад. Махсусан ҳамкории амниятию ҳарбии кишвар бо шарикони стратегӣ дар чаҳорчӯби СААД ва СҲШ дар шароити афзалияти геополитикӣ пайдо намудани минтақаи Осиёи Марказӣ махсусан муҳим мебошад.

Ҳамин тариқ, мардуми шарифи кишвар дар остонаи таҷлили солгарди 29-уми таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Аз ин рӯ, Исроил Баротов аскарони ҷонбакафи сохторҳои мухталифи Артиши миллии кишвар ва дигар ниҳодҳои давлатиро, ки дар таҳкиму ҳимояи манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тақдирсоз доранд, бо ин рӯзи фархунда муборакбод намуда, дар самти таъмини амнияти манфиатҳои бақодории ватани аҷдодӣ дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон ба онҳо муваффақият таманно намуд.

«Мардуми шарифу хештаншиноси кишварро низ мебояд аз ҷабри таърих ва гузаштаи фоҷиабори хеш сабақ гирифта, дар баробари Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан бошанд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо дар охирсухан.



Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: