Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Москва бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.

Дар Москва бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.

24-02-2022, 09:36
Хабарро хонданд: 96 нафар
Назарҳо: 0
Дар Москва бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.

Рӯзи 23.02 2022 дар пойтахти Федератсияи Русия — шаҳри Москва бахшида ба 29 -солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ташаббуси намояндагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Аз номи роҳбарияти ҲХДТ як зумра роҳбарони диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорони бурунмарзӣ ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар Федератсияи Русия бо «Сипосномаи»-и ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд, хабар дод масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷамъомади идона намояндагони мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбарони диаспораҳои атрофи шаҳри Москва, соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣ ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Москва иштирок намуданд. Роҳбари намояндагии ҲХДТ дар Федератсияи Русия Саидбек Мирзомуддинов гуфт, ки «Артиши миллӣ дар ваъзияти душвори таърихӣ бо талошҳои пайваста ва хастанопазири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар зарфи 29 сол ба яке аз Артишҳои пуриқтидор ва тавоно табдил ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ сипари боъэтимоди давлат мебошад». Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Саид Боев иброз намуд, ки «таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи он бе Артиши тавоно ғайриимкон аст. Мояи ифтихор аст, ки дар фазои ороми мамлакат бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба тадриҷ, давра ба давра рушд карда, ба яке аз пурнуфузтарин артиши ҳарбӣ дар минтақа табдил ёфтааст». Сипас муовини роҳбари намояндагии ҲХДТ дар Федератсияи Русия Абдусамат Абдуразоқов вобаста ба нақши Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якдилӣ, оромиву осоиштагӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар таҳкиму рушди амнияти миллӣ ва ташаккули низоми Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон ибрози андеша кард.

Дар ҷамъомад намояндаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД, масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбарони диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорони бурунмарзӣ вобаста ба дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Артиши миллӣ дар рушди субботи кишвар изҳори назар карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: