Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

17-02-2022, 07:53
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншоотҳо, дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан аз соати 23:00-и 17 феврал то соати 24:00-и 18 феврали соли равон, яъне ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар санаи зикршуда дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Носири Хусрав, Ибни Сино, Умари Хайём, гузаргоҳи якуми Мирзо Турсунзода, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Мирсаид Миршакар, Шотемур, Пушкина, Теҳрон, Бухоро, Академик Раҷабовҳо, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Лоҳутӣ, К. Беҳзод ва дар ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон 1 ва 2, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва С. Айнӣ интиқоли об қатъ мегардад.

/АМИТ «Ховар»/
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: