Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!

БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!

17-02-2022, 07:47
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!

Дар Душанбе таҳти ин унвон Фестивали афсарону сарбозон доир мешавад
Аз 17 то 22 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» Фестивали II дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.
Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур ба 29-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо мақсади самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиши пойтахт, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани рўҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан бо шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ доир карда мешавад.
Тибқи қарори дахлдор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати ташкил ва баргузории Фестивали мазкур 105 ҳазору 590 сомонӣ маблағ ҷудо намояд.
Инчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани чорабинии мазкур вазифадор гардидаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: