Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Олимпиада ва нозҳои сиёсӣ

Олимпиада ва нозҳои сиёсӣ

12-02-2022, 10:00
Хабарро хонданд: 593 нафар
Назарҳо: 0
Олимпиада ва нозҳои сиёсӣ
Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин аз 4 то 20 феврали соли 2022 баргузор ва барои мусобиқа беҳтарин варзишгарон дар 15 бахш ва дар 7 намуди варзиш: биатлон, бобслей, кёрлинг, конкиронӣ, лижаронӣ, чанатозӣ ва хоккей дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамчунин дар шаҳри Чжансзякоу ҷамъ шудаанд. Ҳоло таваҷҷуҳи ҷаҳониён ва ба хусус, варзишгарону дўстдорони варзиши зимистона ба ин бозиҳо равона шудааст. Аммо дар баробари тайёрии варзишгарон ба рақобатҳои ҳалкунанда, набард дар майдонҳои сиёсӣ низ дар авҷ буд.
Зеро дар солҳои ахир, чуноне ба мушоҳида мерасад ин мусобиқот ба майдони васеи рақобатҳои ошкору ниҳони сиёсӣ низ табдил шудааст, ки намунаи он баҳсҳои сиёсӣ байни мақомоти сиёсӣ ва дипломатҳост.
ИМА: - Президент намеравад.
Хитоиҳо: - Мо ҳам интизораш нестем.
То Олимпиада ҳанўз чанд моҳ монда буд, ки калимаи гўшхарош,вале дўстдоштаи ғарб "бойкот" ё «таҳрим» боз дар ВАО-и ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар расонаҳои сиёсиву таҳлилӣ пайдо шуд. Гап дар сари он аст, ки баъзе аз кишварҳо бо тақлид ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка Олимпиадаи соли 2022-ро, ки моҳи оянда дар пойтахти Чин баргузор мешавад, бойкот эълон карданд. Ин бориаввал нест, ки ин кишварҳо чунин мекунанд. Таърихи Бозиҳои олимпӣ дар гузашта низ даҳҳо чунин як бархўрдро дидааст (мо ҳадди ақал чанд намунаи онро дар солҳои 1980, 1984, 2014 ва 2021 дар ёд дорем). Дар ҷавоб ба он ки ИМА ва иттифоқчиёнаш Олимпиадаи тобистонаи соли 1980- ро, ки дар Москва баргузор шуд, бойкот карданд, 8 майи соли 1984 Комитети миллии олимпии СССР (КМО) аз иштирок дар Бозихои XXIII тобистонаи олимпӣ, ки дар Лос-Анҷелеси ИМА доир гардид, худдорӣ кард. Аммо бо тафовут аз он ду таҳрим ин бор ин аст, ки ба Бозиҳои Пекин ҳамаи варзишгарони кишварҳои бойкот эълонкарда, хоҳанд омад, аммо танҳо мақомоти давлатӣ, дипломатҳо ва дигар мансабдорон намеоянд.
Америка ва муттаҳидонаш бо ин роҳ мехоҳанд Пекинро ҳушдор диҳанд, ки аз муносибат ва рафтораш норозӣ ҳастанд. Гарчанде таҳлилгарони мавзўъ ин иқдомро як навъ фиреби назари ҷомеа дониста гуфтаанд, ки аз чунин коре ба ҷузъ варзишгарон каси дигаре зарар намебинад. Аз ҷумла онҳое, ки сиёсати америкоиҳоро дар ҷаҳони имрўз таҳлил мекунанд, ин саволро мегузоранд, ки
«Чаро ИМА Олимпиадаи 2022-ро бойкот кард?» ва худ дар посух мегўянд: «Ин як тасмими комилан мантиқӣ аст ва бо дарназардошти сардшавии ҷиддии муносибатҳои байни Вашингтон ва Пекин ин тасмим аз амалкардҳои маъмулӣ бояд қабул шавад. Зеро вақте ИМА зидди Пекин гуноҳҳоеро матраҳ мекунад, ба монанди поймол шудани ҳуқуқи башари уйғурҳо дар Шинҷон, вазъи Гонконг ва Тайван ин фақат баҳона аст. Зеро паси ин иттиҳомҳо бухл ва ҳасади зиёд азпешрафтҳои чиниҳо нуҳуфта аст. Пештар аз он сиёсатмадорони Кохи Сафед дар мавриде аллакай Чинро тақрибан хатарноктарин макони сайёра номида буданд. Амрикоиҳо ҳамчунин Чинро муттаҳам мекунанд, ки машқҳои низомӣ барои тамрини забт ва ишғоли Тайванро анҷом медиҳад. Чунин тамғагузорӣ ва туҳматҳо корро ба ҷое расонидааст, ки муносибатҳо байни ин ду кишвар хеле поён рафт . Сафарҳои расмии дипломатӣ байни ду кишвар ба пасттарин сатҳ расид. Ба ин сабаб, маъмурияти Байден барои худ як қарори комилан мантиқӣ қабул кард. Бе ин ҳам, тасаввур кардан душвор буд, ки касе дар сатҳи котиби давлатӣ ё намояндаи Кохи Сафед барои дидани Олимпиадаи Пекин меомад.
Чунин як вазъият пеш аз Олимпиадаи тобистонаи соли 2008 низ ба амал омада буд. Нэнси Пелоси – раиси Маҷлиси намоняндагони ИМА ин бор ҳам ба бойкот даъват карда, пешниҳод дошт, ки нисбати Хитойаз ҳамон шароити соли 1980 истифода шавад, аммо парламент инро қабул накард. Кохи Сафед ҳам чунин пешниҳодро напазируфт ва ҳатто шароити бойкоти бозиҳои соли 2008-ро низ қабул накард. Зеро барои иштирок дар ин бозиҳо ҳайати мақомоти сиёсии Америка ба роҳбарии Буши хурдӣ ба Пекин омада буд.
Аммо ҳузури президентҳои Америка дар маросимҳои расмии Олимпиада як амали ғайримаъмулист, ки эҳтимол ҳифзи бехатарӣ сабаби асосӣ бошад. Маҳз ба ин далел Обама ба Сочи (2014) парвоз накард ва Трамп аз иштирок дар Олимпиадаи Кореяи Ҷанубӣ (2021) худдорӣ карда буд.
Сиёсатшинос Василий Кашин дар мавриди мавзеи Чин ба бойкоти ИМА бар ин назар аст, ки «Бойкоти дипломатии америкоиҳо барои Чин воқеан муҳим аст, зеро мақсади онҳо ҷалби диққати тамоми иттифоқчиён ба ин мавзўъ буда, бисёриҳо аллакай мавзеи худро бо Кохи Сафед ҳамоҳанг ва ҷонибдории худро эълон карданд. Дар натиҷа имкон дорад, ҳайатҳои худро Олимпиада намефиристанд. Муқовимат байни ду кишвар ҳанўз соли 2018 оғоз шуд ва акнун ба марҳалаи ниҳоӣ расидааст. Аммо чунин амалкард, зарбаи сахте ба Олимпиада ҳамчун бузургтарин чорабинии байналмилалии варзишӣ аст, ки ҳадафаш ҳимоят аз ҳамбастагию ҳамдилии миллатҳо ва давлатҳост.
Ба андешаи ў, бойкот ба обрўи Чин таъсире нахоҳад дошт. Иқдомҳои сиёсӣ тез мегузаранд, аммо Олимпиада бо ҳамон шукўҳ ва шаҳомати таърихии худ мемонад.
Ба назари мо ҳам, вақте дар вокуниш ба ин иқдоми америкоиҳо Пекин гуфт, ки Вашингтон «принсипи бетарафии сиёсии варзиш ва мусобиқаҳоро, ки Хартияи олимпӣ муқаррар кардааст, дағалона вайрон мекунад», маҳз ҳамин чизро дар назар дошт.
Чжао Литзян - намояндаи баландпояи ВКХ-и Хитой дар вокуниши фаврӣ ба ин амали америкоиҳо гуфт, ки ИМА бояд сиёсати худро нисбат ба варзиш ва монеъ шудан ба Олимпиадаи Пекин-2022-ро бас кунад, вагарна он метавонад ба муносибатҳо бо Чин зарар расонад. «Ҷониби Америка бояд аз чунин амалҳо ва изҳоротҳое, ки барои баргузории Олимпиадаи Пекин монеа эҷод мекунанд, даст кашад, вагарна ин ба ҳамкориҳои ду кишвар ва ба муколама роҷеъ ба масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ зиён мерасонад», - таъкид кард ӯ.
«Иёлоти Муттаҳида дар асоси таассуби идеологӣ ва бар асоси дурўғу овозаҳо кўшиш мекунад, ки аз баргузории Олимпиадаи зимистона дар Пекин ҷилавгирӣ кунад, рафтори онҳо одамонро водор мекунад, ки паси ин иқдом ниятҳои бади ҷониби Америкаро бубинанд. Дар мавриди наслкушӣ, ҷиноятҳое, ки дар таърихи Америка ҳастанд, танҳо ёдоварӣ аз ҳамон ҷиноятҳое, ки бар зидди ҳиндуҳо – мардуми таҳҷоии Америка содир шудаанд, кофист, ки маълум шавад геносид ё наслкуши ҳақиқӣ кист»,- гуфт Литзян.
Тавре дипломат қайд кард, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) кори Чинро дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ қадр мекунанд. Варзишгарони хориҷӣ, аз ҷумла теъдоди зиёди варзишгарон аз Иёлоти Муттаҳидаро бесаброна интизори сафар ба Чин барои рақобат ҳастанд.
Ў изҳори умед кард,ки «бо ҳифзи руҳияи Олимпиада ва талошҳои муштараки ҳамаи тарафҳо, Чин бешубҳа метавонад ба ҷаҳониён бозиҳои бехатар ва таъсирбахши олимпиро нишон диҳад».
Ў дар мавриди ин бахши баёнияи Кохи Сафед, ки таъкид мешуд, Президенти ИМА ба тамошои Бозиҳои Пекин намеравад, бо истеҳзо гуфт: - Намеояд? Мо ҳам инҷо интизораш нестем.
Дар пайи вокуниши Пекин ба тасмими ИМА, муовини сарвазири Зеландияи Нав Грант Робертсон мавзеи кишварашро дар мавриди худдорӣ аз иштирок дар ин бозиҳо шарҳ дода, гуфт, ки сиёсатмадорон ва мақомоти Зеландияи Нав ба далели пандемияи COVID-19 ва мушкилоти марбут ба он ба Олимпиадаи зимистонаи Пекин намераванд. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим ба эълони бойкоти дипломатии ИМА аз Бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ дар Чин рабте надорад, ки ба «мушкили нақзи ҳуқуқи башар» ва ба масоили амниятӣ рабт дода мешавад. Вай зикр кард, ки Зеландияи Нав ҳам борҳо нигаронии худро аз нақзи ҳуқуқи башар ба Чин баён кардааст. Робертсон инчунин таъкид кард, ки тасмим дар бораи худдорӣ аз ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022-ро ҳукумати кишвараш ба Баёнияи Кохи Сафед рабт надошта, он ҳанўз моҳи октябр мушаххас шуда буд.
Ноиби раиси порлумони Аврупо Никола Бер ҳам Пекинро "макони нодуруст" барои баргузории Олимпиада дониста, итминон дорад, ки «на ИМА ва на Иттиҳоди Аврупо манфиатдор нестанд, ки дар Бозиҳои зимистона Пекинро ҳамчун як макони иқдомҳои бузурги таблиғотӣ тамошо кунанд, дар ҳоле ки дастгоҳи Чин дар паси парда ошкоро ҳуқуқи инсонро поймол мекунад».
Аммо на ҳама чунин фикр доранд, ки ба бойкотҳои дипломатӣ ҳамроҳ шаванд. Масалан, президенти Кумитаи миллии олимпии Италия Ҷованни Малаго дар мусоҳиба бо хабарнигорон қайд кардааст, ки Олимпиада набояд бо мақсадҳои сиёсӣ истифода шавад. Эҳтимол пас аз бойкоти кишварҳо варзишгарон низ мумкин аст, ки аз ширкат дар бозиҳо даст кашанд. Аммо ман фикр намекунам, ки шумораи онҳо зиёд хоҳад буд. Танҳо онҳое, ки аз нигоҳи идеологӣ бештар ғаразе доранд ё зери фишори беруна ҳастанд, чунин мекунанд. Омилҳои дигар низ метавонанд нақш дошта бошанд. Масалан, ин ё он варзишгар мутмаин нест, ки ӯ ширкат кунад,пирўз хоҳад шуд, ё хуб баромад мекунад, ба ин сабаб бо баҳонаи маъмулии мубориза барои ҳуқуқи башар ва демократия аз ширкат дар Олимпиада даст мекашад", - мегӯяд Богдан Безпалко - сиёсатшинос, узви Шурои муносибатҳои байни миллатҳои назди Президенти Федератсияи Русия.
Умуман, иштироки варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ муҳим аст. Барои онҳое, ки солхои зиёд тайёрӣ мебинанд, ширкат ва рақобат дар ин гуна як чорабинии ҷаҳонӣ орзу ва мақсади аслиашон аст. Табиист, ки аксарияти онҳо агар маҷбур шаванд, ки аз иштирок кардан дар Олимпиада даст кашанд, худро хеле бадбахт медонанд ва ормонӣ мемонанд.
Ў бар ин назар аст, ки имрўз варзиш як ҷузъи фарҳанги оммавӣ аст, ба ин сабаб, беш аз пеш сиёсӣ мешавад. Ҳамчун намуна, ӯ маъракаи зидди Русияро вобаста ба истифодаи оммавии допинг аз ҷониби варзишгарон мисол оварда, таъкид намуд, ки дар оянда ин гуна восита ва баҳонаҳо бо мақсади фишор ба воситаи варзиш бештар хоҳанд шуд.
Пуштибонии Точикистон аз Бозиҳои зимистонӣ
Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ҳафтаи гузашта ин матлабро Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо истинод ба раиси КДАМ ҶТ, генерал-полковник Саймумин Ятимов эълон кард.
Ин албатта, як тасмими бамавқеъ ва хуби ҷониби Тоҷикистон буд, ки барои ҳимоят ва шаффофияти баргузории ин бозиҳо гирифта шуд.
Дар хабари матбуотии ин ниҳод зикр шудааст, ки вазъи феълии минтақа ноустувор буда, таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин пайваста таҳдид мекунанд, ки барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин низ бетаъсир намемонад. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин босароҳат таъкид мекунад, дар вақти муқарраршуда варзишгарони тоҷик ва ҳайати кишвари мо дар Олимпиада ширкат мекунанд. Ҳамзамон Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ карда, КДАМ ҶТ ҷиҳати рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ, таъмини амнияти варзишгарони тоҷик ва ҳайати кишварамон, инчунин баргузории муваффақонаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Мо низ ба унвони дўстдор ва мухлиси варзиш дар як фазои амну субот баргузор шудани ин бозиҳо ва комёбии варзишгаронро дар дил дорем.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: