Як ҳафтаи ахири Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ маро аз тамошобини одӣ ба як мухлиси ҷиддӣ ва таҳлилгари ин рўйдоди варзишӣ табдил дод.
Рақобати варзишгарон аз 92 кишвари ҷаҳон бо риояи одатҳои таърихии олимпӣ аз 9 то 25 феврал идома ёфт.
«Аё варзиш, ту дунёӣ!» - ин сухани асосгузори ҷунбиши олимпӣ, фаъоли ҷамъиятии фаронсавӣ, мураббӣ Пеер де Кубертэн (1863 – 1937), ки нақши бозиҳои олимпии бостониро эҳё кардааст, дар зиндагии худ бо ҳар роҳ тарҳи нави муносибати варзишгарони кишварҳои дунёро кашид.
Бо вуҷуди он ки чи дар давраи тайёрӣ ва чи ҷараёни баргузории мусобиқаҳо нақши идораҳои ҷосусии баъзе кишварҳо низ барои ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода бурдани ҳавою фазои ин тадбири ҷаҳонӣ ба мушоҳида мерасид, вале шукўҳ ва рўҳияи суломезу созанда будани онро ҳама ҳис мекарданд.
Сарфи назар аз баъзе талошҳои ғайридўстона кишварҳое тавонистанд, бо кўшиши худ фазои сулҳи Олимпиадаро барои аз байн бурдани тазоду ихтилофҳояшон истифода кунанд. Ман ба ҳам омадани мақомоти ду кишвари Кореяро дар назар дорам, ки яке мизбони бозиҳо ва дигаре барои иштирок дар он даъват шуда буд. Дар ҳоле, ки Кореяи Шимолӣ (Ҷумҳурии Халқӣ Демократии Корея) аз сўи ИМА ба унвони кишвари ҷангҷў талқин мешуд (пеш аз бозиҳо коршиносон як моҷарои бузургро байни онҳо пешгўӣ мекарданд), вале сарфи назар аз ҳама гуна маъракаи таблиғотӣ, ки ғарб барои бадном кардани ин кишвар дошт, онҳо бо музокироти рў ба рў ва беҳузури миёнравҳо оштӣ шуданд.
Натанҳо оштӣ шуданд, балки ба тавофуқ расиданд, ки ҳайатҳои расмии варзишгарони ду кишвар якҷоя дар намоиши умумӣ ба майдон мебароянд ва дар рафти бозиҳо хоккейбозони ду кишвар дар ҳайати як даста дар мусобиқот иштирок мекунанд. Ва чунин ҳам шуд.
Бар иловаи ин, сарвари ҳайати расмии ЧХДК даъватномаи раҳбари ин кишвар Ким Чен Инро ба президенти Кореяи Ҷанубӣ супорид, ки хоста буд, дар вақти барояш муносиб ба Пхенян сафар кунад.
Ана ин буд, ҷозибаи сулҳофари ин бозиҳои олимпӣ, ки дар он аз рўи 15 намуди варзиш наздики 3 ҳазор варзишгар рақобат карданд!
Норвегия (39), Олмон (31), Канада (29), ИМА (23) ва Голландия (бо 20 медал) пешсафи ин мусобиқот буданд.
Умуман, варзишгарони 30 кишвар медалҳои Бозиҳоро ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 22 кишвар барандагони медалҳои тилло гардиданд.
Аз кишварҳои собиқи шўравӣ дар Олимпиадаи Пхёнчхан варзишгарони Русия бо касби 17 медал (2 тилло, 6 нуқра, 9 биринҷӣ) ҷойи 13, Беларус бо 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) ҷойи 15, Украина бо 1 медали тилло ҷойи 22, Латвия ва Қазоқистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 28-умро ишғол карданд.
Ин дар ҳоле буд, ки Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ бо ҷурми истифода аз маводи мамнўи мелдония барои иштироки Русия маҳдудиятҳо ҷорӣ намуда, ҳатто аз истифодаи суруди миллӣ, парчам ва пўшиши ҳар гуна либоси варзишии дорои рамзҳои миллӣ маҳрум карда буд.
Хоккей шукўҳи Русияро ҳифз кард
Бозии софу ҳунармандонаи дастаи хоккейбозони Русия шуҳрат ва шукўҳи ин кишварро дар Пхёнчхан нигоҳ дошт. Русҳо, ки бо натиҷаи бартар дар ҳамаи бозиҳои аввал ғолиб омада ба бозиии ниҳоӣ роҳ ёфтанд, дар охирин рўзи олимпиада бо дастаи Олмон вохўрданд. Пирўзӣ бо ҳисоби 4:3 бар олмониҳо дуюмин медали тиллоро насиби русҳо кард ва тавре шореҳони варзиш ёдовар шуданд. Ин ғалаба пас аз 26 соли талошҳои ноком ба ин кишвар насиб шуд.
Нашрияи олмонии Bild бо нашри хабари мағлубияти хоккейбозони худ хабареро зери сарлавҳаи «Мо чунин зебо то ба ҳол набохта будем» нашр кард, ки як навъ эътирофи бозии хуби русҳо буд. Дар хабар омадааст: «Бо вуҷуди он, ки русҳо дар бозӣ нерўмандтар ва дастболо буданд, олмониҳо бо шўру шавқ бозӣ кардандва дар воқеъ рақобати воқеӣ аз худ нишон доданд».
Муаллифи матлаб боз ҳам эътироф кардааст, ки «Мағлубияти мо талх, аммо ғалабаи онҳо одилона буд!»
Русҳо голи пирўзии худро дар ҳоле ба дарвозаи олмониҳо заданд, ки бо шумораи камтари бозикунон дар майдон буданд, ва мураббии даста дарвозабонро ҳам бо як бозигар иваз карда буд.
Дар вақти супоридани медалҳо бозигарони рус ҳамзамон бо иҷрои гимни бозиҳои олимпӣ якҷоя бо мухлисон суруди миллиии худро сароиданд, ки берун аз дастури таъиншуда аз сўи КБО барои варзишгарони Русия буд.
Дар инъкоси бозии финалии хоккейбозони Русия ва Олмон бо тафовут аз нашрияи олмонӣ баъзе аз расонаҳои дигар хурдагирона муносибат карданд. Аз ҷумла як нашрияи украинӣ дар матлабе навишт, ки «муъҷизае русҳоро аз расвоӣ раҳонид». Ҳамтоёни америкоии онҳо низ дар баёни образнок аз украиниҳо ақиб намонданд. Аз ҷумла таблоиди New Yourk Post мақолае дар ин маврид ба нашр расонд, ки чунин ном дошт: «Дастае аз як кишвари беном медали тиллоро соҳиб шуд».
КБО аз Русия домангир аст
Яке аз талабҳои КБО аз Кумитаи олимпии Русия ин буд, ки 15 миллион доллар барои корбурди васеи допинг ва озмоишҳое, ки ин ниҳод барои маълум кардани сатҳи олудагии варзишгарони рус анҷом дод, 15 миллион доллар ба ҳисоби ин ниҳод пардохт кунад. Ин маблағро Русия дар рўзҳои охири Олимпиада дод, вале маҳдудиятҳои маросими поёнии ин бозиҳо барои русҳо бардошта нашуд ва ин кишвар натавонист бо парчаму суруди миллии худ дар ҷамъбасти бозиҳо ширкат намояд.
Чунин ба назар мерасад, ки КБО ҳамроҳ бо коргардонҳои худ аз қабл ин ҳамаро ба нақша гирифта буданд ва шояд ба ин далел буда, ки дар ҷараёни бозиҳо керлингисти рус Александр Крушелнитский ба истифодаи допинг муттаҳам шуд. Ин варзишгар дар ин намуди бозӣ медали биринҷӣ гирифт. Аммо пас аз эълон гардидани натиҷаи мусбати озмоиши допингӣ ин медалро аз ў бозпас гирифтанд. Агарчӣ худи варзишгар ва Федератсияи керлинги Русия инро натиҷаи диверсияи созмонҳои ҷосусӣ медонанд ва мегўянд, ки ин маводро номаълум ба варзишгар хўронидаанд. Аз сўйи дигар КБО дар ҷараёни бозиҳо чанд бор варзишгарони русро таҳти фишор қарор дод, ки яке аз онҳо раққосаи рўи ях Алина Загитова буд. Бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо, ки акнун ба назар мерасад, ҳадафмандона будааст, ин варзишгари 15 - сола ғайричашмдошт медали тиллои Олимпиадаро соҳиб шуд.
Раққосаи дигар беҳтар буд
Рақиби ин ғолиби бозиҳои олимпӣ ҳамдастааш Евгения Медведова буд, ки ба назари шореҳони варзиш ва ҳам тамошобинон барномаи ҷолибу боҳунаронатар нисбат ба Алина ба намоиш гузошт.
Ман ҳам агар имкони овоз додан медоштам, албатта аз дуввумӣ тарафдорӣ мекардам, зеро он шаб сарфи назар аз хеле дер ба саҳна баромадани ин ду нафар интизор шуда, барномаи рақси онҳоро дар майдони марказии варзиши Пхёнчхан аз телевизион тамошо кардам.
Ҳар ду дар оғоз аз рўи барномаи дигари мусобиқа баромад карданд ва ҳар яке ба навбати худ дар ҳунарнамоӣ рекорд гузоштанд ва дар натиҷа медали нуқра ҳам гирифтанд.
Дар рақобати охирин Медведова, ки 19 - сола ва 4 сол аз Загитова калон аст, намоишномаеро бо оҳанги филми «Анна Каренина» (асари ҳамноми нависандаи машҳур Лев Толстой) хеле самимӣ ва бо маҳорат иҷро намуд, ки дар қиёс бо ҳунарнамоии хушку қолабии ҳамдастааш бояд сазовори холи бештар мешуд, мутаассифона ин тавр нашуд.
Чун натиҷаи ҳунари ў аз рақиби ҳамдастааш камтар баҳогузорӣ шуд, чанде аз шореҳони телевизионӣ, аз ҷумла Татяна Тарасова, ки худ дар гузашта ғолиби чандин мусобиқоти рақс асту бозиҳои рақси рўйи яхро аз Пхёнчхан шарҳ медод, аз ноодилона арзёбӣ шудани ҳунари ин духтар гирист.
Таҳлилгарон чунин муносибатро ҳадафмандона ва ба хотири ихтилофангезӣ дар миёни варзишгарону мураббиёни ин соҳаи бисёр муваффақи варзиши Русия медонанд.
Поёни бозиҳо. То дидор дар Пекин
Дар анҷоми бозиҳои Пхёнчхан муддати 18 дақиқа барномаи бозиҳо дар Олимпиадаи зимистонаи оянда, ки пас аз чор сол дар Пекин баргузор мешавад, ба намоиш гузошта шуд.
Пас аз он раҳбари КБО Томас Бах парчами олимпиро ба шаҳрдори Пекин Чэн Тсинин супурд. Пекин дар маҷлиси Кумитаи байналмилаии Олимпӣ бо бартарии 4 овоз баранда шуд ва шаҳри Алмаатои Қазоқистонро, ки довталаби дигари мизбонии бозиҳо буд, ноумед кард.
Акнун Пекин дар таърихи Бозиҳои олимпӣ ягона шаҳре хоҳад буд, ки мизбони ду олимпиада ҳам тобистона (2008) ва ҳам зимистона хоҳад шуд.
Бозиҳои олимпӣ ба поён расид, рақобатҳои сиёсӣ пушти пардаи ин мусобиқот идома дорад.
Солеҳ Юсуфов