
Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, Роҳбари Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, ки 14 феврал баргузор гардид иброз намуд, ки тибқи иттилои ВКД шумораи умумии аризаҳои санҷидашуда оид ба зўроварӣ дар оила дар соли 2021 3485 ҳолат ба қайд гирифта шудааст,ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 176 ҳолат кам аст. Ин омил нибати занон 548 ҳолатро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2020 51 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст.
Хамчунин номбурда қайд намуд, ки зўроварӣ нисбат ба мардон соли ҷорӣ 548 ададро ташкил медиҳад.
Инчунин зикр гардид, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла, бекоршавии ақди никоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ-маърифатиро тақвият бахшида, дар ин давра аз ҷониби Кумита ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳои сиёсӣ, омўзишӣ, маърифатӣ-фарҳангӣ, тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва оиладорӣ, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, ҳурофотпарастию бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ташкил ва баргузор гардидаанд.
Саида ХОҶАЕВА