Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МЕҲНАТИ ПАРДОХТНАШУДАИ ЗАНОН

МЕҲНАТИ ПАРДОХТНАШУДАИ ЗАНОН

8-02-2022, 08:20
Хабарро хонданд: 64 нафар
Назарҳо: 0
МЕҲНАТИ ПАРДОХТНАШУДАИ ЗАНОН
«Шарҳи вазъ оид ба масъалаи меҳнати пардохтнашудаи занон»- таҳти чунин унвон, дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки сарпарасти лоиҳа, намояндаи Оксфам 21 октябр мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар нишаст вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндагони Ташкилоти ҷаъмиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон» ва кормандони кумита ширкат варзиданд. Бори нахуст, масъалаи мазкур дар ҳузури ниҳодҳои марбута баррасӣ мешавад.
Равшан Раҷабзода вакили Маҷлиси намояндагон дар нишаст афзуд, ки «Мафҳум барои ҷомеаи мо куллан бегона аст ва ҳар он чи, ки рисолати як бонуи хонавода мебошад, онро фаро мегирад. Вале ин танҳо рисолат нест, балки меҳнату заҳмати зиёде беподош аст. Чӣ гуна метавон онро дарк кард?».
Марҳабо Олимӣ, мушовири раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, роҷеъ ба масъалаи ба миёнгузошташуда гуфт: «Коршиносон бар он назаранд, ки меҳнати бемузди зан, ки аз арзишҳои хонадории як бону сарчашма мегирад, ҳанўз аз овони хурдӣ, маҳз дар ҳамин рӯҳия дар муҳити хонавода тарбия меёбад. То ҷое ин арзишҳо дар тафаккури бонувон зуҳур мекунад, ки ҳатто онро аз донишомўзи волотар медонанд. Ин натиҷагирии номақбул аст.
Ҳамчунин, Назира Қурбонова, ҳамоҳангсози лоиҳаи ОКСФАМ бар он назар буд, ки меҳанти бемузди занон аз иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор- бандҳои 5.6. сарчашма гирифта, дар худ он мафҳумеро фаро мегирад, ки бояд бонуи хона дар баробари иҷрои кулли корҳои рӯзгордорӣ ба истироҳат, омўзиш ва дигар зарурати худ вақти муносибу дилхоҳ дошта бошад ва мардон низ дар иҷрои корҳои рӯзгордорӣ нисбат ба занон масъулият эҳсос кунанд.
Дар охир, инчунин, Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози назар намуд: «Оморҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки арзиши пулии меҳнати бонувони аз 15-сола боло дар ҷаҳон, беш аз 10 триллион долларро дар як сол ташкил медиҳад. Занони ҷаҳон дар як шабонарўз ҳудуди беш аз 12 миллиард соат вақти худро ба меҳнати бемузд сарф мекунанд. Меҳнати бемузди зан дар хонавода, ки маҷмуан тамоми кори рўзгордорӣ ва тарбияву таълими фарзандро фаро мегирад, ин танҳо ба масъулияти зан набуда, балки мардон низ дар якҷоягӣ бо бонувон масъулияти баланди муштарак доранд.
Хоҷаева Саида
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: