Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, борони суст меборад

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, борони суст меборад

3-02-2022, 09:46
Хабарро хонданд: 115 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, борони суст меборад

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борони суст меборад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 хунук, (дар мавзеи Булункӯл аз 36-38 дараҷа хунук) ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф ба амал меояд. Рӯзона асосан бебориш шуда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳаргоҳон дар водиҳо баъзан бориши сусти борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барф борида, рӯзона тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон бориши сусти борон ба амал омада, рӯзона тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: