Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДАР ТОҶИКИСТОН «ОМИКРОН» ҲАСТ Ё НЕ? Андешаҳои мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино Ноҳида Ҳамроалиева дар ин бора

ДАР ТОҶИКИСТОН «ОМИКРОН» ҲАСТ Ё НЕ? Андешаҳои мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино Ноҳида Ҳамроалиева дар ин бора

28-01-2022, 08:45
Хабарро хонданд: 1294 нафар
Назарҳо: 0
ДАР ТОҶИКИСТОН «ОМИКРОН» ҲАСТ Ё НЕ? Андешаҳои мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино Ноҳида Ҳамроалиева дар ин бора

Тавре қаблан иттилоъ додем, 21 январ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дубора гирифтор шудани сокинони мамлакат ба бемории COVID-19 хабар дод. То ҳол дар бораи ба кадом штамми COVID— 19 гирифтор шудани беморон маълумоти расмӣ нашр нагардидааст.

Мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино Ноҳида Ҳамроалиева ба саволи хабарнигори Радиои «Озодӣ» дар бораи он ки оё дар Тоҷикистон штамми «омикрон» ҳаст ё не, посух додааст, ки сокинон гирифтори бемории COVID-19 ҳастанд, озмоишҳои мусбати ин беморӣ рӯзҳои охир афзоиш ёфтааст, лекин аниқ гуфта наметавонад, ки ин штамми «омикрон» аст, зеро барои чунин гуфтан далел мавҷуд нест.

«Нишонаҳои он [бемории мавҷуда] ба [оризаҳои] штамми «омикрон» бисёр монандӣ доранд. Нишонаҳои хоси «омикрон» чунинанд, ки беморӣ бисёр тез авҷ мегирад, тамоми аҳли оила метавонанд якбора гирифтори ин беморӣ шаванд, ҳарорати бадан баланд мешавад, бештар таби кӯдакон баланд мегародад, дарди гулӯ, димоғи маҳкам муддати ду-се рӯз идома ёфта, баъди чанд рӯз сулфаи шадид, беҳолию бемадорӣ пайдо мешавад. Ин аломатҳо пештар дар COVID-19 дида мешуданд», — шарҳ додааст табиби тоҷик.

Ноҳида Ҳамроалиева барои табобати штамми «омикрон» тавсия дода, мегӯяд, ки табобаташ ба мисли бемориҳои пешинаи COVID-19 аст, фақат аз сабабе ки ин штамм нисбатан сабуктар мегузарад, ориза нисбатан камтар рух медиҳад, доруҳои гормондор ва антикоагулянт қариб ки истифода намешаванд. «Асосан беморӣ бо доруҳои зиддивирусӣ ва доруҳои симтоматикӣ, ба мисли парасетамол, аспирин, витамини С ва синк табобат карда мешавад», — афзуд ӯ.

Доир ба он ки киҳо метавонанд ба штамми «омикрон» гирифтор шаванд, Ноҳида Ҳамроалиева мегӯяд, ки ин беморӣ ба ҳама- кӯдакон, ҷавонон ва пирон сироят мекунад. Ба гуфтаи ӯ, фарқи ин штамм аз «делта» дар он аст, ки ба 80-90 фоизи одамон тез сироят мекунад ва ба зудӣ мегузарад ва ҷараёни беморӣ нисбатан сабуктар аст.

«Агар ҷавонон як рӯз то 37,5-38 дараҷа таб кунанд, дигар нороҳатии зиёд надоранд. Калонсолон мумкин аст, ки аз сулфаи дуру дароз хаста шаванд, бемороне ҳастанд, ки беҳолию бемадорӣ онҳоро нораҳат месозад. Дар ин намуд гирифторони бемории илтиҳоби шушро мо нисбатан кам мебинем. Ба фикри ман ин аз он сабаб аст, ки бисёр одамон ваксина гирифта, аллакай аз ин беморӣ подтан (иммунитет) пайдо намудаанд», — иброз намуд мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино Ноҳида Ҳамроалиева.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: