Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо бунёд мешавад Январь 25, 2022 09:37

Дар Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо бунёд мешавад Январь 25, 2022 09:37

25-01-2022, 13:11
Хабарро хонданд: 660 нафар
Назарҳо: 0
Дар Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо бунёд мешавад Январь 25, 2022 09:37

ДРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода 24 январ бо намояндагони ширкати «Могилевлифтмаш»-и Беларус вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то дар зудтарин фурсат бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Хуҷанд ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо оғоз намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Зимни мулоқот бо намояндагони ширкат Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зикр намуд, ки бо шарофати саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳои ду мамлакат тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд. Намунаи олии он ҳамкории судманд дар чорчӯбаи шарикии босамар миёни бародаршаҳрҳо- Хуҷанд ва Могилёв эҳсос мешавад.

Сардори бюрои фурӯши ширкати беларусии «Могилевлифтмаш» Александр Сорокин зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳадаф аз сафари намояндагони ширкат -ин ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ташаккули фаъолияти судманди тарафайн мебошад. «Могилевлифтмаш» омода аст, ки корхонаву ташкилот ва аҳолии шаҳри Хуҷандро бо лифтҳои замонавӣ таъмин намояд. Ширкат таҷрибаи зиёди истеҳсолиро дар ин самт доро буда, асосан лифтҳои борбардорӣ, боркашонӣ барои хонаҳои баландошёна ва барои беморхонаю коттеҷҳо бо зиёда аз 180 моделро истеҳсол менамояд. Иқтидори борбардорию боркашонии лифтҳо аз 100 кило то 6 ҳазору 300 кило мебошад.

Дар ин ширкат инчунин лифтҳо барои шахсони маъюб, эскалатору траволаторҳо, борбардорҳои сохтмонӣ ва резакунакҳо (молчерҳо), молҳои сермасриф истеҳсол карда мешаванд. Ширкат омода аст, ки дилхоҳ шакли ҳамкориро қабул намояд.

Раиси шаҳри Хуҷанд омодагии мақомоти шаҳрдориро ҷиҳати ба роҳ мондани корхонаи муштараки васлу насб ва истеҳсоли лифтҳо изҳор дошта, таъкид намуд, ки он имкон медиҳад талаботи сокинони аҳолии хонаҳои баландошёна ва идораву корхонаҳо таъмин гардад. Ҷонибҳо ҳамзамон барои қонеъ намудани талаботи дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ сайъ менамоянд.

Сипас, намояндагони ширкати беларусии «Могилевлифтмаш» бо имконоти майдони истеҳсолии «Хуҷандторгмаш» аз наздик шинос шуда, бо роҳбарияти он доир ба иқтидори корхона ва дастгоҳу таҷҳизоти он суҳбати озоду ошкоро намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: