Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар СММ барои кумак ба афғонҳо дар соли 2022 5 млрд доллар дархост карда шуд

Дар СММ барои кумак ба афғонҳо дар соли 2022 5 млрд доллар дархост карда шуд

12-01-2022, 06:30
Хабарро хонданд: 96 нафар
Назарҳо: 0
Дар СММ барои кумак ба афғонҳо дар соли 2022 5 млрд доллар дархост карда шуд

СММ ва шариконаш рӯзи сешанбе тарҳи кумак ба 28 миллион нафар афғон — 22 миллион дар дохили Афғонистон ва 5,7 миллион паноҳандаи афғонро, ки дар панҷ кишвари минтақа паноҳ ёфтаанд, муаррифӣ намуданд. Барои эҳтиёҷоти онҳо дар соли 2022 маблағи ҳангуфт ба миқдори 4,44 млрд доллар зарур меояд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба хадамоти матбуоти созмони умумиҷаҳонӣ хабар медиҳад.

Иқтисоди Афғонистон «дар ҳолати таназзули озод» қарор дошта, хатари ҳамаи аҳолиро ба гирдоби худ кашидан пеш омадааст. Ба 23 млн нафар хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад, беморхонаҳо аз кӯдакони беҳолу бемадор пур шудаанд, муаллимон музди меҳнат намегиранд, миллионҳо кӯдакон аз имконияти таҳсил маҳруманд- ин гуна аст вазъият дар Афғонистони имрӯза.

Арзиши гандум ва сӯзишворӣ 40 фисад боло рафтааст, дар ҳоле ки 80 фоизи буҷаи оилаи афғон барои ғизо сарф мешавад. Аз сабабе, ки кумакҳои байналмилалӣ баста шудаанд, низоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар пеши назар аз байн меравад. Бе дастгирӣ аҳолии Афғонистон наметавонад зинда бимонад.

Дар нимаҳои сол, тавре СММ огоҳ мекунад, Афғонистон метавонад ба кишвари саросар камбизоат мубаддал гардад — 97 фисади аҳолӣ ба қашшоқӣ мувоҷеҳ хоҳанд гашт. Дар тӯли сол Афғонистон метавонад 30 дарсади ММД-ро аз даст диҳад ва бекорӣ миёни мардон ду маротиба боло рафта, ба 29 фоиз мерасад.

«Ман боисрор хоҳиш мекунам: дарро ба рӯи мардуми Афғонистон напӯшонед, — гуфт ҳамоҳангсози кумакҳои фавқулодаи СММ Мартин Гриффитс зимни муаррифии нақшаи башардӯстӣ.- Шарикони башардӯст дар маконҳо новобаста ба душвориҳо кумак мерасонанд. Моро дастгирӣ намоед, ба зиёд кардани таъминот кумак кунед ва гуруснагии васеъ, паҳншавии беморӣ, бемадорӣ ва дар ниҳоят маргро пешгирӣ кунед».

/АМИТ «Ховар»/.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: