Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Кумак ба дармондагон-сутуни ойини љавонмардист Иќдоми инсондўстонаи узви КИМ ҲХДТ, Раиси шаҳри Душанбе дар арафаи Соли нави мелодӣ

Кумак ба дармондагон-сутуни ойини љавонмардист Иќдоми инсондўстонаи узви КИМ ҲХДТ, Раиси шаҳри Душанбе дар арафаи Соли нави мелодӣ

5-01-2022, 09:21
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Кумак ба дармондагон-сутуни ойини љавонмардист Иќдоми инсондўстонаи узви КИМ ҲХДТ, Раиси шаҳри Душанбе дар арафаи Соли нави мелодӣ

Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат, чун анъана аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11 ҳазор нафар, аз ҷумлаи ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
Кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз қабили маҷмуи либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ дар ин рӯзҳо ба бошандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2, мактаб-интернати махсуси ёрирасони №3, мактаби махсуси ношунавоён, мактаби шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, хонаи кӯдакони синни томактабии №1, Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2 ва Маркази минтақавии хизмати иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе дастрас ва барои бошандагону тарбиятгирандагони ҳамаи ин муассисаҳои иҷтимоии пойтахт дастурхони идонаву барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ташкил карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Дар доираи чунин иқдому тадбирҳои муҳим ва хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан ятимону шахсони дорои имконияти маҳдуд дар шаҳри Душанбе пайваста дастгирӣ карда шуда, зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор доранд.
Њамчунин, бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ таҳти унвони «Бозгашти Хоҷа Насриддин» доир гардид, ки дар он 1900 кӯдаки ятим, нимятим, аз оилаҳои ниёзманд ва наврасони фаъоли пойтахт иштирок намуданд.
Ба беш аз 2500 нафар тамошобинон ва иштирокдорони барномаи фарҳангӣ туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим карда шуданд.
Толори Сирки давлатӣ ба тарзи хосса оро дода шуда, дар он рамзи асосии Соли нави мелодӣ – арча насб гардида буд.
Зимни ифтитоҳи намоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодии 2022 ба тамоми кӯдакону наврасони пойтахт расонид.
Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва зиндагӣ, тарбияи насли солиму бардам ва худшиносу худогоҳ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятим аҳамияти аввалиндараҷа дода, мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, баҳри парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеъа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Дар ин росто, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсилоти босифат, ҳифзи тандурустиву барқарорсозии саломатӣ ва бо мақсади рушди ҷисмонӣ ва фароғату роҳати онҳо шароити созгорро фароҳам оварда, барои дастгирӣ ва ҳавасманднамоии наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод пайваста як зумра озмуну фестивал ва мусобиқаву чорабиниҳои фарҳангиву маърифатиро бо иштироки бевоситаи кӯдакон доир менамояд. Барномаи имрӯзаи солинавӣ низ аз ҷумлаи ин тадбирҳост, — таъкид намуд муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ.
Намоиши фарҳангӣ – фароғатии кӯдаконаи солинавии «Бозгашти Хоҷа Насриддин» бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2022 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои наврасони пойтахт баргузор карда шуд.
Намоиши мазкур бо ороиши афсонавӣ пешкаш гардида, он аз ҷониби ансамблҳои рақсии кӯдаконаи «Ғунчаҳои пойтахт», «Лаъл», «Меҳрона», «Гулрез», «Зебо», шогирдони Мактаб – интернати махсуси мусиқии ба номи Миратулло Атоев, дастпарварони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, Сирки давлатӣ ва дигар марказҳои фарҳангиву таҳсилотии пойтахт пешниҳод гардид.
Бо пешниҳоди барномаи мазкур ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд, иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахайюл ва афсонаҳои кӯдакии худ ворид намуданд. Шодию хурсандии иштирокчиён ва ҳунармандони хурдсолро туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дучанд гардонид.
Ба њамин минвол, аз 21 то 31 декабри соли 2021 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор гарданд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи Соли нави мелодии 2022 ташкил гардидаанд.
«Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил шудаанд», — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар ярмаркаи мазкур Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе», Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, кишоварзони вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров иттилоъ дод, ки дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, карам, сабзӣ ва ғайра бо нархи дастрас ва сифати хуб ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод мешаванд.
Бо баргузор намудани чунин ярмаркаҳо сокинон метавонанд маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар дастрас намоянд. Ҳадаф аз ташкили ярмаркаҳо — таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти зарурӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ ва инчунин ғанӣ гардонидани хони солинавии сокинони шаҳр мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: