Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои маъмурӣ

Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои маъмурӣ

22-12-2021, 09:50
Хабарро хонданд: 400 нафар
Назарҳо: 0
Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои маъмурӣ

Чанд рўз пеш муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон ҳамроҳ бо мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳабибзода Зоир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ҳайдарзода Ислом Ҳайдар, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Икромзода Шокирҷон, роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат Абдуллозода Убайдулло ва директори КВД ЛИМ Б. Зоирзода Ҷамшед бо рафти кор дар сохтмони бинои маъмурии ҳизб шинос шуданд. Бинои мазкур дар ҷодаи марказии шаҳр бунёд мешавад.
Зимни боздид аз маҳали сохтмон масъулони иҷрои ин лоиҳа гузориш доданд, ки сохтмони бинои маъмурии ҳизб дар масоҳати 0,06 га тарҳрезӣ гардидаааст. Бар асоси нақшаи лоиҳавӣ бинои мазкур дорои панҷ ошёна ва таҳхона мебошад, ки тавре дар ҷараёни боздиди корӣ мушоҳида кардем, ҳамакнун таҳхона пурра сохта шуда ва корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла чидани хишт дар ошёнаи якум ҳам қариб ба поён расидааст. корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якуми бино бо суръат ҷараён дорад.
Чуноне Ислом Ҳайдарзода - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат дар рафти суҳбат гуфт: - Иншоот сари вақт бо масолеҳи сохтмонӣ шуда, коргарон ҳам аз ҳар рўзу соати офтобӣ бо самар истифода мекунанд.
Дар ҳақиқат, дар шафати сохтмон ғарами хиштҳои нав овардаро дидем, ки коргарон барои ба дарун бурдани он тайёрӣ медиданд.
Аз нуқтаи назари масъулин, корҳои сохтмонӣ то ба имрўз бо сифати баланд анҷом ёфта истодааст ва дар идома низ бо ҳамин суръату сифат идома хоҳад кард. Сохтмончиён ва мутасаддиён кўшиш бар он доранд, ки дар мўҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд корҳои сохтмониро анҷом дода, бинои маъмуриро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.
Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода А. Қ. зимни боздид бо нақша ва акси сохтмон шинос шуда, бо қаноатмандӣ аз корҳои анҷомшуда ба дастандаркорон дар корҳои оянда барору муваффақиятҳо орзу намуд.
С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: