Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон ва ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон ва ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон

23-09-2021, 09:54
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
23.09.2021 08:05, ноҳияи Балҷувон
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Калтачинор меҳмони олиқадрро Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 1841 метри мураббаъ сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 дар асоси нақша – чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Корҳои паймонкорию сохтмониро дар бинои маъмурӣ мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафо -1” анҷом додаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои нав бо дастгоҳу таҷҳизоти корӣ таъмин буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бисёр созгор аст.

Дар бинои нав ҳамзамон толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ҳуҷраҳои кории шуъбаю бахшҳои дастгоҳ ва мақомот ва бойгонӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон бо тамоми лавозимоти корӣ дар ошёнаи дуюм муҷаҳҳаз мебошанд.

Бо ба истифода додани бинои нави маъмурӣ барои беҳтар гардидани сатҳу сифати корбарӣ мусоид аст.

Дар ҳуҷраҳои корӣ техналогияи иттилоотию комуникатсионии сатҳи муосир васл ва бо мақсади ба роҳ мондани назорати доимӣ дар бинои мақомот камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст.

Саҳни бино дар масоҳати 431 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани атрофи он дар масоҳати 680 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шудааст.

Инчунин дар атрофи иншоот ниҳолҳои ороишию сояафкан ва наздики 4000 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар шафати шоҳроҳ ҷойгир буда, бо тарҳи хос ва дар асоси санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: