Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикон барои писандидани видеои ДИ боздошт шуданд

Тоҷикон барои писандидани видеои ДИ боздошт шуданд

24-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 376 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикон барои писандидани видеои ДИ боздошт шуданд
14 сокини ноҳияи Ёвони Тоҷикистон барои писандидани видеое, ки тарафдорони "Давлати исломӣ" нашр кардаанд, боздошт шуданд.

Боздошти ин нафарон баъд аз он сурат гирифтааст, ки онҳо дар сомонаи Odnoklassniki.ru зери навори видеоии ифротӣ, ки тоҷиконро ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” даъват мекард, тугмаи “маъқул”-ро пахш кардаанд.

Даҳ нафари онҳо сипас озод шуда, чаҳор нафари дигар дар боздоштгоҳ мондаанд. Ба иттилои мақомоти тоҷик, қариб ҳазор шаҳрванди кишвар барои ҷангидан дар сафи ДИ озими Ироқ ва Сурия шудаанд. Мақомот мегӯянд, ахиран ифротгароён таблиғоти шаҳрвандони Тоҷикистонро тақвият додаанд.

Сомонаи “Одноклассники” дар Тоҷикистон беш аз ним миллион муштарӣ дорад.

Дар паём ба парлумони кишвар 21 январ раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳоло ба пуштибонӣ аз террористҳо дар Сурия ва Ироқ қариб ҳазор тоҷикистонӣ меҷангад. Вай ҳамчунин хабар дод, ки дар набардҳо дар хориҷ 148 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: