Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Муовини котиби Шӯрои амнияти Русия доир ба таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори назар намуд

Муовини котиби Шӯрои амнияти Русия доир ба таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори назар намуд

23-11-2021, 08:18
Хабарро хонданд: 98 нафар
Назарҳо: 0
Муовини котиби Шӯрои амнияти Русия доир ба таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори назар намуд
Ноябрь 22, 2021 12:02

Вазъият дар Афғонистон таҳдидҳои нави миқёсӣ ба вуҷуд меорад. Дар ин бора муовини котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Александр Гребенкин дар суҳбат бо рӯзномаи ҳукуматии «Российская газета» хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бад шудани вазъият дар ҷумҳурӣ дар пасманзари «камбизоат шудани аҳолӣ ва таъқиботи ғайриқонунӣ алайҳи шаҳрвандони ин кишвар» сурат мегирад.

«Ин гуна ҳолат хатари ҳақиқии афзоиш ёфтани миқёси қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва муҳоҷирати назоратнашавандаро ба вуҷуд меорад», -таъкид медорад Гребенкин.

Ӯ зикр намуд, ки ин ҳолат ҳамчунин ба «шахсоне, ки идеологияи радикалӣ ва таҷрибаи амалиёти низомӣ доранд», низ дахл дорад.

Террористони афғон метавонанд ба Осиёи Марказӣ ва сипас ба ҳудуди Русия ворид шаванд, чунин меҳисобад намояндаи Шӯрои амнияти ФР.

Ба ақидаи Гребенкин, барои ба Русия ҳамла кардан ҷангҷӯён аз қитъаи сарҳади Русияву Қазоқистон истифода хоҳанд кард.

Масъалаи андешидани тадбирҳои зарурӣ барои танзими вазъияти дохилии Афғонистонро иштирокчиёни нишасти котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ муфассал баррасӣ намуданд.

Гребенкин зикр намуд, ки кишварҳо баъди ба сари давлат омадани толибон вазъро хеле бодиққат пайгирӣ менамоянд.

«Мутаассифона, он (вазъият дар Афғонистон,-эзоҳи идора) имкони хушбин буданро намедиҳад», -хотима намуд ӯ.

Қаблан котиби Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушев зикр намуда буд, ки агар ҳокимияти кунунӣ вазъиятро дар кишвар ба эътидол наорад, ба Афғонистон хатари сар задани ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид мекунад.


/АМИТ «Ховар»/
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: