Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Туркия Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Дар Туркия Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

19-11-2021, 08:50
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Дар Туркия Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар пойтахти Туркия — шаҳри Анқара, 17-ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ҳамоиш доир гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар донишҷуёни фаъоли тоҷик аз Анқара, Истанбул, Анталия, Қуниё, Коҷаэлӣ ва дигар шаҳрҳои Туркия ширкат варзида, Рӯзи Президентро дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои ватандорӣ ҷашн гирифтанд.

Дар ҳамоиш хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа МАҚСУД ширкат намуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати кишвари мо дар меҳмонхонаи «Мовенпик» («Movenpick») ҳамоиши бошукӯҳ созмон дод, ки дар он Раиси кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода (тариқи онлайн) иштирок ва суханрони намуд. Дар суханронии худ муҳтарам Раҳмонзода Абдулло ҳамагонро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта барои ташкили чунин чорабинӣ аз сафорат ва сафири кишварамон дар Ҷумҳурии Туркия сипозгузори намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори кишварамон Ашрафҷон Гулов, пас аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишро бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмонон ва донишҷуёнро бо ин рӯзи барои миллати тоҷик муҳим табрику таҳният гуфт. Инчунин сафири кишварамон оид ба дастовардҳои арзандаи Давлат ва Ҳукумати мамлакати мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалдӣ Раҳмон сухан гуфта, зикр кард, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи ин фарзанди фарзонаи миллат мо тоҷикон соҳиби давлати соҳибистиқлол ва дар арсаи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардидем.

Ҳамоиши мутантанро намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»», «Забони миллат –ҳастии миллат», «Уфуқҳои Истиқлол», «»Чеҳраҳои мондагор», ки дар эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар ин рӯҳия ташаккул ва такомул ёфтани худшиносии миллӣ нақши бузург доранд, ҷозибаи бештар бахшид. Ҳамчунин садонаворҳо ва видеороликҳо таҳти унвони «Пешвои миллат», «Эй, Пешвои мо!», «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани хотимавии хеш таъкид намуд, ки бо ташаббуси сафорат рӯзҳои наздик бо донишҷуёни тоҷик, ки дар муассисаю донишгоҳҳои гуногуни Туркия таҳсил менамоянд, мулоқоти фарогир доир карда мешавад.

Дар фарҷоми ҳамоиши расмӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурири Тоҷикистон сафири кишварамон якҷо бо донишҷуёну меҳмонон дар буридани торти идона ширкат намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: