Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ28-10-2021, 10:45
Хабарро хонданд: 117 нафар
Назарҳо: 0
28.10.2021 08:55, ноҳияи Дӯстӣ 28 октябр дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар яке аз мавзеҳои мувофиқ барои сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд гардидааст, ба истифода доданд. Паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 метр, дарозии он 14 метр ва баландии сутунпояаш 36 метр буда, бо сифати баланд бунёд шудааст. Масоҳати майдони Парчами давлатӣ 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он кабудизор карда шудааст, ки дар ин ҷо барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам аст. Бо мақсади зебою назаррабо гардонидан дар майдони Парчами давлатӣ ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шуда, 1 фаввораи зебо бунёд гардидааст. Мавриди истифода қарор додани иншооти Парчами давлатӣ нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар саҳни он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.