Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тақсимбандии Толибон: қавму қабилаҳо, зиддиятҳо, сарварон

Тақсимбандии Толибон: қавму қабилаҳо, зиддиятҳо, сарварон

25-10-2021, 14:05
Хабарро хонданд: 461 нафар
Назарҳо: 0
Тақсимбандии Толибон: қавму қабилаҳо, зиддиятҳо, сарварон
Ихтилофот дар дохили Толибон дар васоити ахбори омма, пеш аз ҳама, бо хабарҳо оид ба «сарвароне, ки бо ҳам муноқиша мекунанд» ва онҳо ба наздикӣ дар Афғонистони бе ин ҳам ноором ҷангҳои байнихудиро оғоз хоҳанд кард, маҳдуд мегарданд. Шарқшинос, профессори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Русия Александр Князев чунин назар дорад-фрагментатсия, ё тақсимбандии толибон сабабҳои чуқур ва ҳамин тур, дурнамои ҷиддӣ дорад. Коршинос шарҳ дод, ки таърих, омилҳои қавмӣ, қабилавӣ ва мазҳабӣ сол аз сол «хати ҷудошавӣ»-ро дар дохили ин ҳаракат ба миён овардааст ва ин барои ояндаи толибон дар Афғонистон чӣ маъно хоҳад дошт.
Рўйдоди муҳимтарине, ки тақсимбандии воқеии гурўҳи «Толибон»-ро исбот мекунад-қарор оид ба ҳукумати нави Афғонистон аст. Барои чӣ? Бо тартиб хоҳем фаҳмид.
Ғайрипаштуҳо дар ҳукумати нави Афғонистон
Ҳайати эълоншудаи ҳукумати навро на танҳо «коалитсионӣ» (дар хусуси ин замоне дар гуфтушунид бо миёнаравони байналмилалӣ гуфта мешуд) гуфтан, балки ҳатто «инклюзивӣ», фарогир (ки бояд қавмҳои асосии кишварро дар бар гирад) низ гуфтан дуруст нест.
Тамоми вазирони нави Афғонистон-намояндагони ҳаракати гурўҳи «Толибон» буда, берун аз чорчўби ин ҳаракат дигар ягон намояндагони аққалияти миллӣ ва мазҳабии кишвар дар ҳукумати нав нестанд.
Иштироки якчанд тоҷик ва як ўзбеки воломақом дар ин ҳукумат ба ягон танқид тобовар нест, ягон нишона аз «фарогирӣ» надорад, баръакс, хусусияти «имитатсионӣ», яъне қалбакиро дорост.
Ҳоло бо чеҳраҳои нав дар фазои сиёсии Афғонистон шинос мешавем
Мавлавӣ Абдул Салом Ҳанафӣ. Намояндаи қавмияти ўзбек аз музофоти Ҷузҷон, ки ҷонишини дуввуми роҳбари ҳукумат таъин гардид, ҳанўз замони толибони пешин, солҳои 90-уми қарни гузашта вазифаи вазири маорифро иҷро мекард.
Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф. Тоҷики бадахшӣ, дар ҳамон раъсияти пешини толибон вазири банақшагирӣ ва маълумоти олӣ буд.
Аз Бадахшон, ҳамчунин, Мавлавӣ Наҷибулло Ҳоқонӣ аст, ки вазири алоқа таъин гардид. Ўро баъзан тоҷик мехонанд, аммо номи ў шубҳаро ба бор меорад, чун ба пайдоиши паштуӣ далолат карда, ҳамчунин, ба хешовандӣ ва пайванди эҳтимолӣ бо авлоди ифротгарои паштуи Ҳоқонӣ ишора мекунад.
Билохира, намояндаи аз ҳама маълуми толибони ғайрипашту Қорӣ Фасеҳуддин, ки сардори ситоди генералии артиш эълон шудааст. Ҳанўз соли 2013 ў губернатори толибии Бадахшон ва сардори комиссияи ҳарбии музофот таъин гардида буд.
Ҳамчунин, ғайрипаштуҳои сатҳи поёнтар дар иерархияи маъмурии толибон ҳастанд. Масалан, Инъомулло Самангонӣ, аз намояндагони ўзбекҳо, ки ба ў ваколати баромад намудан аз номи толибон дода шудааст ва узви комиссия оид ба фарҳанг (чунин зуҳурот ҳам дар ҳаракат ҳаст)-и Толибон аст.
Раванди ворид намудани ғайрипаштуҳо ба роҳбарият аз тирамоҳи соли 1998, замони толибони пешин дида мешавад. Таъин намудани чунин ашхос, махсусан дар шимол, навоҳие, ки он ҷо аққалияти миллӣ бартарӣ доранд, муфид шуморида мешаванд. Ҳанўз дар ҳамон замон ба ҳаракати Толибон, ҳамчунин, афроде аз ҳизби шиагарои «Ҳизби Ваҳдат» ва баъзе ҳамсафони сарвари ўзбекҳои кишвар, генерал Абдулрашид Дустум ҷалб карда шуда, миёни зимомдорони толиб туркманҳо низ буданд. Мавлавӣ Абдулрақиб, ўзбек аз Тахор, ки дар ҳукумати аввалаи Толибон (1996-2001) мақоми баландро соҳиб гардид, ҳанўз соли 1994 ба ҳаракат пайваста буд.
Аммо бояд гуфт, иштироки қишри муайяни ғайрипашту дар ҳаракати Толибон ягон вақт маънои онро надошт (ва ҳоло ҳам надорад), ки ин ҳаракат характери умумимиллӣ дорад ва ё дар заминаи худ ҳаракати миллигарои пашту нест.
Албатта, толибон ҳамеша вуҷуд доштани бартарияти қавмиро дар ҳаракати худ инкор мекарданд: «Чун ҳаракати Толибон аз муҷоҳидони тамоми Афғонистон иборат ҳаст, мардум иттиҳодияҳои минтақавиро созмон медиҳад ва кадом забон дар ин ҳудудҳо асосӣ аст, роҳбарони он бо ҳамон забон ҳарф мезананд. Ба толибон бо забони пашту сухан рондан уҳдадорӣ нест, танҳо барои он, ки ман бо он ҳарф мезанам-ин (айбдор намудан ба миллатгароӣ) тавтиаи навбатӣ аз ҷониби Амрико, ISI (хадамоти ҷосусии Покистон) ва террористон аст»-изҳор дошта буд ҳанўз Мулло Муҳаммад Умар, асосгузори ҳаракат.
Аммо, чуноне мегўянд, «аз сухан то ба амал фосилаест на он қадар наздик». Тамоми вазирони нави номбурдашуда аз «ветеран»-собиқадорони ҳаракати толибӣ маҳсуб мегарданд, ки алоқа доштани онҳо бо ҷамъияти тоҷикӣ ё ўзбекии кишвар хеле шубҳанок аст. Дар ин пасманзар, масъалаи иштироки занон дар ҳукумати нави толибӣ торик аст ва ин ба дурнамои нофаҳмо вогузошта шудааст.
Ин ҷо ба сифати каме «шуълаи умед»-и вуҷуд дошта барои ба даст овардани «фарогирӣ» ё таъсиси ҳукумати инклюзивӣ, он далел аст, ки тамоми зимомдорони давлатии таъиншуда мақоми «сарпараст» доранд, ки баробар аст ба «иҷрокунандаи вазифа». Дар фазои танқиди ҳайати эълоншудаи ҳукумати ҷадид, сухангўёни толиб диққатро ба «гузаранда» ё муваққатӣ будани ин кобина ҷалб мекунанд. Аммо, чунин ваъдаҳо дар замони толибони аввал (1996-2001) низ буданд. Он вақт ротатсия ё гузариши зимомдорони баландпояи толибон бо суръати тез сурат мегирифт. Барои ҳамин, қисми зиёди онҳо мақоми худро тарк карда, ба кори дигар мегузаштанд.
Ротатсияҳои эҳтимолӣ дар ҳукумати кунунӣ аз нияти сохтани ҳукумати фарогир он қадар дарак намедиҳад.
Миссияи рўҳонӣ дар қудрат
Бо эҳтимоли зиёд, ин ҷо оид ба бартарият доштани компонент (қисмат)-и рўҳонӣ дар ҳукуматҳои ояндаи Афғонистон метавон ҳарф зад. Новобаста аз тағйирёбиҳои кадрӣ, қисми зиёди вазифаҳоро дар ҳукумати толибӣ онҳое банд хоҳанд кард, ки унвонҳои динӣ доранд. Дар умум, ин дар «аморот»-и эълоншуда аз мантиқ орӣ нест.
Пайравии толибон ба мактаби динии «девбандия», ки ба равияи суннӣ тааллуқ дорад, маънои тобеияти давлат ба фармудаҳои рўҳониёни бонуфузро дорост. Анъанаи мудохила намудан ба сиёсат аз ҷониби рўҳоният на танҳо дар Афғонистон, балки дар умум, дар минтақаи паҳновари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоси мазҳаби маҳаллии ҳанафӣ зери таъсири сахти сохторҳои суфия, алалхусус тариқати «нақшбандия» аст. Ҳанўз дар қарни 15 дар ин нақшро шайхи машҳури самарқандӣ Хоҷа Аҳрори Валӣ иҷро мекард, ки гуфта буд: «Барои иҷрои рисолати рўҳонӣ дар ҷаҳон, аз қудрати сиёсӣ истифода бурдан лозим аст».
Ҷараёни девбандия дар Ҳиндустон тавлид ёфта, дар оғози қарни 20 ба ҷамъияти афғонӣ таъсири калон расонд. Тариқати нақшбандия бо бо тасаввуроташ оид ба ваҳдати дин ва сиёсат зуд дар Афғонистон лозим гардид.
Ғояҳои нақшбандия ба воқеияти афғонии ҳамдастии қишри (компоненти) дунявӣ ва динӣ такя карданд. Мактаби анъанавии девбандӣ ба мустаҳкам намудани меъёрҳои маънавии патриархалӣ (куҳнагароӣ) даъват намуда, зидди дар як даст ҷамъ шудани қудрат ва сарват баромад мекард, ки бо рўҳияи қисми зиёди диндорони қаторӣ созгор буд. Бисёре аз ин қавоид ҳоло ҳам ба ҳаракати Толибон намояндагони қишри камбизоатро, ки ҷўёи «адли иҷтимоӣ» ва ҷонибдори «исломи анъанавӣ» ҳастанд, ҷалб мекунад.
Се ҷанги англисӣ-афғонӣ, ки ҳар бор вокуниши сахти диниро ба бор меовард, сабабгори асосии қувват гирифтани ифротгароии динӣ дар Афғонистон гардиданд. Анъанаи иштироки рўҳоният дар сиёсат (ва ҳузури бечунучарои компоненти динӣ, ҳамчун омили ҳукмрон, дар идеологияи сиёсӣ), ки дар натиҷаи ҷангҳои Британияву Афғонистон рўйи кор омаданд, ба пайдоиши асосҳои бунёдгароӣ оварданд, ки намояндагони он баъдан ба қуввваи сиёсии қавӣ ва хеле хуб ташкилёфта табдил гардиданд.
Ихтилофоти ҷойдошта дар роҳбарияти ҳаракат бисёрсатҳа аст, таҳлили пайдоиши ходимони сатҳи олии он, ба вуҷуд доштани ихтилофот аз рўйи мансубияти қавмиву қабилавӣ низ дарак медиҳад.
Дурронӣ, гилзоӣ ва авлоди Ҳоқонӣ
Паштуҳо ба ду «қанот»-и асосӣ ҷудо мешаванд-дурронӣ ва гилзоӣ. Ҳамчунин, гурўҳи қабоили пашту вуҷуд дорад, ки ба ин ду иттиҳодия шомил намешаванд. Масалан, вазири корҳои хориҷии амороти эълонгардида, Амир Хон Муттакӣ, намояндаи қабилаи кўчии «кочи» аст.
Албатта, маълумоти дастрас нисбати сарварони толиб он қадар пурра нест, аммо метавон, ба ҳар ҳол, тассавуроти умумӣ дошт. Миёни афроди маълуми ҳаракат, ки ба қаноти дурронӣ дохил мешаванд, роҳбари олӣ Ҳайбатулло Охундзода, муовини сарвазир Абдул Ғанӣ Бародар, вазири фарҳанг ва иттилоот Хайрулло Хайрхва ҳастанд.
Ба гилзоиҳо вазири дифоъ, мулло Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид (тибқи дигар маълумот, ў дурронӣ аст), муовини вазири умури хориҷӣ Шер Муҳаммад Станакзой, роҳбари вазорати захираҳои табиӣ Муҳаммад Исо Охунд, вазири захираҳои об ва энергетика Абдул Латиф Мансур шомил мешаванд. Маълумот доир ба пайдоиши роҳбари кобинаи ҳукумат Муҳаммад Ҳасан Охунд норавшан аст.
Дар ин ҳукумат намояндагони авлоди бонуфузи Хоқонӣ, ки гилзоӣ ҳастанд, ҳузур доранд-сарвари авлод, вазири корҳои дохилӣ Сироҷуддин Ҳоқонӣ, вазири адлия Мавлавӣ Абдул Ҳаким Ҳоқонӣ, вазири маълумоти олӣ Абдул Боқӣ Ҳоқонӣ, вазири масоили муҳоҷират Халилулраҳмон Ҳоқонӣ ва вазири алоқа Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳоқонӣ (ҳарчанд аз Бадахшон ҳасту бархе аз коршиносон ўро тоҷик меноманд).
Авлоди Ҳоқонӣ аз ҳама фраксияи ифротии Толибон маҳсуб мегардад (ва ин сабаб дорад), ки мавҷудияти он боз як ихтилофотро миёни толибон нишон медиҳад. Ин ҷудо шудани онҳо ба «ҷиҳодиҳо» ва «анъанавиҳо» аст. Агар дуввумиҳо дар «дилбандӣ»-ҳои идеологии худ ба пайравони мактаби классикии Девбандия, яъне, мазҳаби ҳанафӣ дохил мешаванд, «ҷиҳодиҳо»-натиҷаи таъсирест, ки ҷараёни салафия аз Шарқи арабӣ ба ин минтақа расонидааст.
Дар муқоиса вазъ чунин сурат гирифта аст:
Девбандия, новобаста аз ифротгароии зиёд дар он, нисбат ба урфу одати маҳаллӣ, сўфия ва «исломи мардумӣ», ки дар тамоми минтақа бо зуҳуроти гуногун ҷорист, таҳаммулпазиртар аст.
Салафия асоси идеологияи қисми зиёди ҳаракат ва гурўҳҳои террористӣ, аз қабили «Ал-Қойида» ва ДИИШ-ро ташкил медиҳад.
Миёни ин ду ҷараён ихтилофоти сахти ҷаҳонбинии мазҳабӣ ва ақоид вуҷуд доранд. Ин ихтилофот ҳанўз ҳангоми ҷанги солҳои 80-ум алайҳи ҳукумати Кобул ва артиши Шўравӣ пайдо шуд, вақте «ихтиёриёни» араб кўшиш мекарданд паштуҳоро «исломи тоза» омўзонанд. Он замон ин баҳсҳои мазҳабӣ то ба задухўрди мусаллаҳона миёни паштуҳо ва арабҳо меовард, ки ин аз ҷониби хадамоти махсуси рақиб хуб истифода мегардид.
Ҳайати ҳозираи ҳукумати то ҳол эътирофнагардидаи Толибонро метавон шартан ба «ифротиён» ва «прагматикҳо» (баъзан вақт-муътадил) ҷудо намуд, ки ба ихтилофоти қаблан гуфташуда рост меояд. Ифротиён-бисёр вақт гилзоӣ ҳастанд, аксаран ҷиҳодиҳо-салафиҳо, дар баробари ин, прагматик ва «анъанавӣ»-ҳо аз миёни дуррониҳост. Агар ин тавсифномаро бо гуногунии ҳавасмандӣ ва майли берунӣ пурра намоем, фаҳмо мегардад, ки фрагментатсияи Толибон сабабҳои айнизамонӣ на, балки тўлониву мураккаб дорад. Маҳз ҳамин омилҳо ба равандҳои минбаъдаи Афғонистон таъсир хоҳанд расонд.
Тақсимот ба ифротиён ва прагматикҳо миёни толибон солҳои 90-уми қарни гузашта вуҷуд дошт, он замон марги сарвари прагматик (муътадил)-ҳо мулло Муҳаммад Раббонӣ дар оғози соли 2001, мавқеи фраксияи муътадилони ҳаракатро хеле заиф намуд ва ба он оварда расонд, ки иттиҳоди қавии толибон бо гурўҳҳои байналмилалии террористӣ рўйи кор омад.
Дар ин фазо, пайдо шудани ҳатто овозаҳои маҷрўҳ шудан ва ё ба ҳалокат расидани сарвари прагматикҳои ҳозираи толибон-Абдул Ғанӣ Бародар, бешубҳа, диққати махсусро мехоҳад. Чун институти доҳӣ ё яккасарварӣ, ин ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти сиёсии Шарқ аст.
Ҳаводис чи гуна сурат хоҳад гирифт, инро вақт ва амалҳои ҷониби манфиатдор нишон хоҳанд дод.
Азамат ДЎСТОВ





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: