Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Барўйхатгирӣ нишон дод: Аҳолии Тоҷикистон рў ба афзоиш аст

Барўйхатгирӣ нишон дод: Аҳолии Тоҷикистон рў ба афзоиш аст

13-10-2021, 09:21
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Барўйхатгирӣ нишон дод: Аҳолии Тоҷикистон рў ба афзоиш аст

Мутобиқи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Тоҷикистон рў ба афзоиш аст. Аз рўи натиҷаҳои пешакӣ, ки аз сўйи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд, дар ҳолати 1 октябри соли 2020 аҳолии кишвар 9661,6 ҳазор нафарро ташкил дод.
Раиси Агентӣ Гулнора Кенҷа Ҳасанзода 12 октябр дар суҳбати мизи мудаввар, ки бо иштироки намояндагии доимии СММ, Хазинаи нуфуси ин созмон дар Тоҷикистон ва намояндаи сафорати Русия - кишваре, ки ба иҷрои лоиҳаи барўйхатгирӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат кардааст, ёдовар шуд: баруйхатгирӣ аз 1 то 15 октябри соли гузашта доир гардид ва дар баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ беш аз 27 ҳазор нафар кормандони муваққатӣ аз ҳисоби аҳолии соҳибмаълумоти бекор, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандонисоҳаи маориф, тандурустӣ ва дигарон ҳамчун мудири шуъбаи барўйхатгирӣ, дастурдиҳанда - назоратчӣ ва ҳисобчиён ҷалб шуданд.
Ба гуфтаи ў, шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба рўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010- ум ба миқдори 2097,1 ҳазор нафар ё 27,7 фоиз ва нисбат ба омори шумораи аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 ба миқдори 347,8 ҳазор нафар ё 3,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Мавсуф ба ин нукта ҳам таъкид кард, ки тибқи маълумоти ҷамъбастии натиҷаҳои пешакии барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 аҳолии шаҳр 2528,6 ҳазор нафар ё 26,2 фоиз ва аҳолии деҳот 7133,0 ҳазор нафар ё 73,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар гузориши роҳбари агентӣ инчунин зикр шуд, ки аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи мардҳо 4901,0 ҳазор нафар ва занҳо 4760,6 ҳазор нафарро дарбар мегирад.
Гуфта шуд, ки натиҷаҳои ниҳоии «Барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020» дар назар аст соли 2024 дар 11 ҷилд, аз ҷумла дар соли 2022 - маълумот дар бораи шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ, таркиби синну солӣ, ҷинсият ва ҳолати ақди никоҳ, ҳайати миллӣ ва донистани забонҳо, шаҳрвандии аҳолӣ, сатҳи таҳсилот; дар соли 2023 – маълумот (гузориш) дар бораи шумора ва ҳайати хонаводаҳо, манбаъҳои даромад барои зиндагӣ, машѓулиятҳо ва намудҳои фаъолияти иқтисодии аҳолӣ, фонди манзил ва шароити зист, давомнокии истиқомати доимӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ва дар ниҳоят, соли 2024 – малумот дар бораи таваллуд ва фавти аҳолӣ, маъюбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбаст ва дастраси корбарон мегардад.
Дар бахши поёнии мизи мудаввар байни масъулони агентии омор, иштирокчиён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба мавзўъҳои дар гузориш матраҳшуда саволу ҷавоб сурат гирифт.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: