Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барўйхатгирии навбатии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барўйхатгирии навбатии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

29-10-2019, 13:37
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
Барўйхатгирии навбатии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 барўйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил аз 1 то 15 октябри соли 2020 баргузор карда мешавад. Дар ин бора, зинми баргузории мизи мудаввар вобаста ба «Ҷараёни корҳои тайёрӣ ва тартиби гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», ки чанде ќабл дар Агентии омори назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, иттилоъ дода шуд.

Маврид ба тазаккур аст, ки барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ дар Љумњурии Тољикистон дар њоле гузаронида мешавад, ки соли 2020 ин чорабинии муњим дар саросари олам баргузор хоњад шуд. Дар чорабинии мазур Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамолики пешрафтаи ҷаҳон ба марҳилаи навбатии барўйхатгирии аҳолии сайёра, ки ба соли 2020 рост меояд, ҳамроҳ шуда, Агентии омор барои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ин маъракаи умумиҷаҳонӣ барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-ро тибқи стандартҳои байналмиллалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуд»

Мавсуф, њамзамон такид намуд, ки айни замон, корҳои тайёр намудани «Дастурамал дар бораи тартиби гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» идома доранд ва соли равон бо дастгирии молиявии намояндагии Хазинаи нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 121 нафар кормандони барўйхатгирии аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дастурдиҳии омўзишӣ дар мавзӯи «Ҷараёни корҳои тайёрӣ ва тартиби гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» гузаронида шудааст.
Дар чорабинии мазкур таъкид гашт, ки айни њол, барои тарғибу ташвиқи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз 1 то 15 октябри соли 2020 баргузор намудани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Нуфуси СММ корҳои омода намудани маводи таблиғотӣ, аз ҷумла роликҳои ташвиқотӣ дар шабакањои телевизион ва радио, тақвимҳои рӯимизи, деворӣ ва кисагӣ омода шуда истодаанд, ки шурӯъ аз моҳи декабри соли равон дастраси ташкилоту идораҳо ва аҳолӣ гардонида мешаванд.
Барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар Чумњўрии Тољикистон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблаггузорї хоњад шуд. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз-яъне пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки зимни баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ соли 2010 34 ҳазор нафар кормандони муваққатӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон, донишҷӯён, табибон, ҷавонон, кормандони ХМК, раисони маҳаллаҳо ҷалб гардида буданд. Вале дар барӯйхатгирии навбатӣ бо истифода аз усулњои муоссир ва кам намудани харљи масрафи маблагњо шумораи кормандон то 20 ҳазор нафар кам карда мешавад.

Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: