Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Майдони варзишӣ– намунаи ободии шаҳр

Майдони варзишӣ– намунаи ободии шаҳр

11-10-2021, 10:49
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Майдони варзишӣ– намунаи ободии шаҳр

Дар як фазои идона ва пур аз хушҳолӣдар ниҳоят майдони варзишие, ки бо ибтикору кўшиши Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд гардид, мавриди истифода қарор гирифт.
Маросими кушоиши ин майдони варзишӣ, ки ҳамчунин макони бозии кӯдакон ва ҷой барои истироҳати калонсолонро дорад, ҷумъаи гузашта, 8 октябр дар маросиме бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва бо ҳузури мақомоту фаъолни ҳизбиву сокинони ин маҳалла баргузор шуд.
Чуноне дар суханрониҳои масъулон зимни ифтитоҳи майдони варзишӣзикр гардид, майдони варзишӣ дар доираи ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд гардид.
Майдони варзишӣ– намунаи ободии шаҳр
Ибтидо лоиҳаи майдони варзишӣдар Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода гардида, сипас бо харҷи умумии 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣсохта шудааст.
Мутобиқи лоиҳа, майдони варзишӣ дар як ҷойи муносиб ва байни чандин биноҳои истиқоматӣсохта шуда, ҳамчунин ҷойи бозии кўдакон ва истироҳати калонсолонро дар бар гирифтааст. Масоҳати майдон якҷо бо майдончаи бозии кўдакон ва маҳали истироҳати калонсолон дар 4500 метри мураббаъ доман густурда, дорои 4 суфаи нишасту суҳбат, 1 фаввора, 10 нишасткурсӣ ва 5 даромадгоҳ мебошад. Инчунин дар масоҳати 1400 метри мураббаъ роҳҳои дохили он сафолакпӯш гардида, атроф ва саҳни онҳо дар масоҳати 1344 метри мураббаъ сабзкорӣ шудааст.
Дар ҷойи бозии кӯдакон беш аз 20 намуд таҷҳизот барои бозии хурдсолон низ гузошта шуда, шароити муносиберо барои фароғати фароҳам мекунад. Дар гўшае аз ин, метавон гуфт – маҷмаъ, майдончаи бозии футбол, волейбол ва баскетбол бо дарозии 30 метр ва паҳноии 20 метр, ҷиҳати машқи бадан 5 таҷҳизоти варзишӣ ҳам ҷойгир буда, ки сокинон метавонанд баҳри қонеъ намудани талаботи худ ба варзиш ҳар вақте мехоҳанд аз онҳо ба таври муассир истифода баранд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суханронӣдар маросими кушоиш тавзеҳ дод, ки майдони варзишӣ, ҷойи бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон туҳфаи идонаи ҲХДТ ба сокинони шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои барномаҳои бунёдкориву созандагӣва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣбахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Инучунин баён дошт, ки роҳбарияти Тоҷикистон ва ҲХДТ, ба унвони нерўи муттаҳидкунанда ва пешбари ҷомеа, варзишро яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар талош мекунад. Ин нукта, ки дар Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 зикр шудааст, ҳизби мо ва аъзову ҷонибдорони онро муваззаф кардааст, дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣдар ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ, бунёди бештари боғҳои истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ, истироҳатгоҳҳою гулгаштҳо дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, махсусан шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар ин самт беш аз беш фаъолнокӣнишон диҳанд.
Чуноне Абдураҳими Шоҳиён- раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣба хабарнигори «МХ» гуфт, пештар ин ҷо як маҳали валангор ва махрубае буду ба рўҳияи сокинони биноҳои атроф ва меҳмонон таъсири бад мегузошт. Муддати чанд моҳ бо кўшиши сохтмончиён ва иштироки бевоситаи аъзо ва ҷонидорони ҲХДТ ин мавзеъ ба як ҷойи ободу зебо мубаддал гардидааст. Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз тамоми ноҳияҳои пойтахт рўзҳои истироҳатии қариб ҳар ҳафта ба инҷо омада,ба таври ҳашар дар ободонии майдони варзишӣва майдончаҳои тобеи он саҳм мегирифтанд.
Ба гуфтаи ў ободонии боз як гўшаи шаҳр нишонае аз рушди кишвар ва гувоҳи ободии бештари кишварамон, Тоҷикистон дар намунаи пойтахти он - Душанбе мебошад.
Чолиб аст, ки дар саҳни иншооти номбурда низоми обёрикунии худкор бо 270 обпошак кор карда, дар нашъунамои сабзаву гул ва беш аз 130 намуд арчаи ҳамешасабзи он мусоидат мекунад. Шомгоҳон бошад, 33 сутуни пояҳои фурўзонакҳои равшанидиҳанда, ки дар атрофи майдонча гузоштаанд, ҳамаҷоро чун рўз равшан карда, оби фаввораи саҳни майдончаи истироҳат ба рўҳу равони бинанда осоиш мебахшад.
Лозим ба зикр аст, ки дар ҷараёни иҷрои кори бунёдсозӣдар майдони варзишӣзиёда аз 10 нафар сокини маҳаллӣниз бо ҷои кор таъмин буданд.
Дар доираи баргузории маросими кушоиши майдонча шуморе аз фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои ҲХДТ ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣшуданд.
С. Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: