Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона12-09-2019, 14:00
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
12 сентябр дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак майдончаҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд шуда, дар самти ободии ин гӯшаи диёр саҳми муносиб гузошт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, ба иқдоми сокинони саховатпешаи ноҳияи Данғара баҳои баланд доданд. Мавриди зикр аст, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёди қариб 300 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва танҳо оилаи Гуловҳо иқдом пеш гирифтаанд, ки 4 адад иншоот, аз қабили майдончаҳои муосири варзиширо ба сокинони ноҳия тақдим намоянд. Майдончаи варзишӣ, ки ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои муосир бунёд шудааст, барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, баргузории бозиҳои кӯдакона, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва ташкили машғулиятҳои дастаҳои варзиш нигаронида шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити машқу тамрин ва бозиҳои варзишӣ дар ин ҷо ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили велосипед, тӯбҳои чармии футбол ва бозичаҳои кӯдакона тақдим намуданд. Чопи саҳифа ✉ Равон кардан Сентябрь 12, 2019 12:49 Барчаспҳо: Ба ифтихори Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.