Восеъ: Бо мақсади иҷрои нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои моҳи октябри соли 2021 дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ кормандони масъули ҳизӣ миёни сокинон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Забони давлатӣ пойдеворӣ давлат аст” баргузор намуданд.
Зимни баргузории аксияи мазкур кормандони масъули ҳизбӣ сараввал сокинонро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, баъдан қайд намуданд, ки чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем».
Бояд қайд намоем, ки дар ин рӯз ба зиёда аз 200 нафар сокинон варақаҳои таблиғотиву табрикотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дастрас карда шуд.