
Таҳти ин унвон дар Гимназияи №2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии адабӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раҳимова М – устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Солиева М – намояндаи кумитаи иҷроияви ноҳиявӣ, Қоситова М – муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Роҳбари дониш”, Мирзоева Ф – мушовири шуъбаи маорифи ноҳия иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки мояи ифтихору сарбаландии мо тоҷикон аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахсан, пуштибону ҳомии забони давлатӣ мебошанд.
“ Забони миллат – ҳастии миллат”. Забони тоҷикӣ баёнгари таърихи пуршараф ва ҳашамати нотакрор, мақом ва манзалати бузурги илмию фарҳангии забони тоҷикӣ ва нишонаи асосии миллат будани он аст.
Дар чорабинӣ хонандагон дар васфи забон шеъру тарона қироат намуда, инчунин саҳначаю рақсҳои ҷолиб пешкаши ҳозирон намуданд.