Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Футболи хурд барои «Ҷоми ҲХДТ»

Футболи хурд барои «Ҷоми ҲХДТ»

6-10-2021, 10:41
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
  Футболи хурд барои «Ҷоми ҲХДТ»
Барандаи «Ҷоми ҲХДТ» маълум шуд
Дар поёни давраи чоруми футболи хурд байни дастаҳои футболбозони ғайрикасбии кишвар барои соҳиб шудан ба «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», ки 4 октябр доир шуд, ғолиби ин бозиҳо маълум гардид. Барандаи Ҷоми ҳизб пас аз рақобатҳои шадид байни ҳашт даста аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе минтақаи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (ШНТМ), ки дар Манежи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, аз сўйи Кумитаи тадорукот эълон шуд.
Ин мусобиқаҳо бо мақсади рушди варзиш, ҷалби ҷавонон ба футбол, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, мусобиқаҳои дастаҳои варзишии футболбозони ҳаваскор аз рӯйи намуди футболи хурд муддати чанд моҳ идома кард.
Футболбозони ғайрикасбӣ тайи ин муддат барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҳам рақобат карда, аввал дар сатҳи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сипас ғолибон маълум шуда, дастҳои беҳтар ба бозиҳои сатҳи ҷумҳурӣ роҳ ёфтанд.
Пас аз бозии ниҳоӣ дар манеж ё майдони бозиҳои дастӣ, ки байни дастаҳои футболбозони шаҳрҳои Кўлоб ва Бохтар сурат гирифта, бо ҳисоби 4-3 ба поён расид, маросими бошукўҳи тақдими ҷоизаҳо доир гардид. Дар ин маросим роҳбарият ва аъзои КИМ ҲХДТ, собиқадорони ҳизб ва варзиши ҷумҳурӣ иштирок карданд.
  Футболи хурд барои «Ҷоми ҲХДТ»
Абдуҷаббор Азизӣ – муовини якуми Раиси ҲХДТ баробари табрики иштирокчиёни даври хотимавии рақобатҳо ёдовар шуд, ки дар рафти мусобиқот беш аз 2 ҳазор варзишкорони ғайрикасбӣ дартамоми ҷумҳурӣ ширкат варзида, дар таблиғу оммавӣ шудани футбол саҳм гирифтанд.
Ў гуфт: - Тавре бозиҳои марҳалаи чорум, чуноне шумо ҳам шоҳид будед, нишон медиҳад, ки дастаҳои беҳтарин ба ин давра роҳ ёфтаанд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ ҳамаро бори дигар ба муносибати 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Роҳбарияти ҲХДТ самимона табрик гуфта, зикр кард, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилаӣ мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла, ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештарин ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад. - Боварии комил дорам, ки мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” саҳифаи наву хотирмонеро дар самти оммавигардонии варзиш, бахусус футбол боз хоҳад кард.
Мавсуф таъкид кард, мақсад аз баргузории чорабинӣ ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳакам намудани робитаи дӯстӣ ва бо ҳамин васила таъмини иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021”, “Барномаи пешазинтихоботи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва “Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025” мебошад.
Ў афзуд, ки мусобиқаи мазкур дар чор марҳила: марҳилаи аввал мусобиқа байни дастаҳои ғайрикасбӣ сатҳи маҳаллаҳо, марҳилаи дуюм сатҳи шаҳру ноҳияҳо, марҳилаи сеюм сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва марҳиллаи чорум дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки ғолибони минтақаҳо баргузор шуд, ки мо худ шоҳиди бозиву маҳорати хуби онҳо шудем.
Раҳмонзода А.Қ. – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Латифзода А.Қ. – муовини Раиси ҲХДТ, Алишер Ўрунов- ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, собиқадорони варзиши мамлакат ва устодони варзиш ширкат намуда, чанде аз онҳо дар назди иштирокчиён сухан карданд. Раҳмонзода А.Қ.-раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ибтикори Дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти оммавигардонии варзиш, аз ҷумла футбол иқдоми нек донист. Ў зикр кард, ки иқдоми мазкур саҳифаи наву хотирмоне дар рушди футболи миллӣ буда ва имкон медиҳад, ки насли ҷавони мамлакат ба навъҳои гуногуни варзиш майли бештар намоянд.
Ў ваъда дод, ки дар оянда чунин мусобиқаҳо дар дигар навъҳои варзиши оммавӣ низ барномарезӣ ва баргузор хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи ў, дар доираи таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлол зиёда аз 25 ҳазор иншоот сохта ва ба истифода дода шудаанд, ё дар арафаи баҳрабардорӣ қарор доранд, ки қисмате аз онҳо бевосита марбути соҳаи варзиш мебошанд.
Ба гуфтаи ў, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати қариб 26 соли мавҷудияти худ дар баробари қушиш ва саҳмгузориҳояшҷиҳати таъминисулҳу субот дар саросари кишвар, ба нақшагириву иҷрои барномаҳои иқтисодиву саноатӣ ба рушду тавсеи соҳаи варзиш низ таваҷҷуҳ доштаву имрўзҳо ҳам бо ҷиддият дар ин самт фаъолият мекунад.
Лозим ба ёдоварист, давраи чорум 2 октябр пас аз баргузории маросиме бо иштироки муовини раиси ҲХДТ – Латифзода Асрор Қурбон дар ҳамин толор оғоз гардида, муддати се рўз ғолибони минтақаҳо миёни ҳам қувваозмоӣ карданд.
Ғолиби марҳилаи чорум бо Ҷоми ҲХДТ, диплом, медал ва дигар иштирокчиёни ин давр низ бо диплом ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд. Ба иштирокчиён ва шахсиятҳои саҳмгузор дар баргузории мусобиқаҳо низ сипосномаҳои КИМ ҲХДТ тақдим шуданд.
Ин нукта ҳам лозим ба зикр аст, ки дар маросими ҷамъбастӣ баробари роҳбарияти КИМ ҲХДТ, мақомоти ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин масъулони Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, Федератсияи футбол,собиқадорони навъҳои гунонуни варзиш, ба монанди Шариф Назаров, Зебунисо Рустамова, Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Тоҷибой Ҷумъаназаров, Раҳим Тошпулодов ва Алимаҳмад Мирзоев иштирок карданд.
Шариф Назаров, собиқ мураббии дастаи якачини ҷумҳурӣ ва аз чеҳрҳои шинохташуда дар ҷомеаи фарзиши футболи ИДМ бо шодмонӣ дар назди мураббиён ва футболбозони ҷавон изҳор кард, ки аз дидани ҳамин чанд бозии охирини мусобиқаҳо маълум мегардад, ки шавқи ҷавонон ба ин навъи варзиш зиёд буда, сатҳи бозӣ ҳам боло рафтааст. Шумо дар ҳақиқат бозии хуб нишон додед, ки қобили таҳсин аст, - тавсиф кард ў.
Ин собиқадори варзиш, ки дар гузашта унвони Мураббии шоистаи собиқ Иттидоди Шӯравиро ноил шудааст, аз рушди варзишҳои оммавӣ, бахусус футбол дар мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷавононро даъват кард, ки ба варзиш зиёдтар майл кунанд ва аз имконоти баҳрашон фароҳамшуда хуб истифода намоянд.

Дар боло ба натиҷаи яке аз бозиҳои ниҳоӣ ишора кардем. Бозиҳои дигар низ ҷолиб буданд. Масалан, барои ба даст оварданиҷойи сеюм дастаи футболи ВМКБ бо дастаи футболи вилояти Суғд вохўрданд, ки дастаи вилояти Суғд бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Барои ба даст овардани мақоми ифтихорӣ ва шарафёб гардидан ба «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» дастаи “Хатлон-1” (минтақаи Бохтар) ва “Хатлон-2” (минтақаи Кўлоб) бо ҳам вохўрданд, ки дастаи футболбозони “Хатлон-2” (минтақаи Кўлоб) рақиби худро бо ҳисоби 4:3 мағлуб намуда, сазовори ҷойи якум гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Зебунисо Рустамова-ҷоизадори бозиҳои олимпӣ дар дастаи якачини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Алиаҳмад Мирзоев-ноиби якуми раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе, Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Карим Тошпўлодов — Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Назаров – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали тилои бозиҳои олимпӣ, Мавзуна Чориева – ҷоизадори бозиҳои олимпӣ бо Сипосномаҳои ҲХДТ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ба дастаи “Хатлон-2” (минтақаи Кўлоб) барои сазовор гардидан ба ҷойи якуми мусобиқа «Ҷоми ҲХДТ», диплом, медал ва маблағи 10 000 сомонӣ, ба дастаи “Хатлон-1” (минтақаи Бохтар) барои ҷойи дуюм Ҷоми мусобиқаҳо, диплом, медал ва маблағи 7 000 сомонӣ ва ба дастаи футболи вилояти Суғд барои ба даст овардани ҷойи сеюм Ҷом, медал, диплом ва маблағи 5 000 сомонӣ тақдим гардид. Илова бар ин, ба дастаҳои ВМКБ, “Душанбе-1”, “Душанбе-2”, Рашт ва Шаҳринав барои иштироки фаъолона диплом ва Ҷом тақдим шуд.
  Футболи хурд барои «Ҷоми ҲХДТ»
Мусобиқаҳои марҳалаи ниҳоӣ, ки чанде аз вохўриҳояшро мо низ тамошо кардем, дар ҳақиқат ҷолибу хотирмон буданд ва ҳар лаҳзаи бозии моҳиронаи футболбозон аз сўйи мухлисони ба манежомада таҳсин ва босамимият пазироӣ мешуданд.
Солеҳ Юсуфов




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: