Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РОҒУН – КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН

РОҒУН – КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН

5-10-2021, 11:41
Хабарро хонданд: 131 нафар
Назарҳо: 0
РОҒУН – КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд гардиданд.

Дар ин росто мавриди истифода қарор гирифтани агрегатҳои якум ва дуюми нерӯгоҳии барқии обии “Роғун” аз дастовардҳои азими давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро бунёди ин неругоҳ имкон медиҳад, ки новобаста аз фасли сол, ҳама силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш бо иқтидори пурра фаъолият намоянд. Ба туфайли бунёди ин неругоҳ самаранокии фаъолияти силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш ҳамасола дар маҷмӯъ аз 0,7 то 1,1 млрд.кВт соат энергия меафзояд. Ин нерӯгоҳи бузурге, ки сохтмонаш бо маром идома дорад, дар баробари таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, инчунин, барои густаришёбии самтҳои дигари иқтисодиёти минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ба туфайли бунёди он 320 ҳазор гектар заминҳои кишварҳои поёноб (аз ҷумла, Ӯзбекистону Туркманистон) шодоб шуда, ҳолати мелиоративии зиёда аз 4 млн. гектар заминҳои кишварҳои поёноб дар маҷмӯъ беҳтар мегардад. Ва ахиран бунёди ин неругоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ талаботро ба энергияи ҳароратӣ як дараҷа коҳиш медиҳад.

Бо мақсади ошноӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ, суҳбату мулоқотҳо бо сохтмончиён бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки сарпарасти маънавии “НБО Роғун”маҳсуб мешавад дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «Роғун – Кохи нури Тоҷикистон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши сатҳи баланд дар баробари намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, як қатор раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ, собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, намояндагони аҳли зиё, ҳунармандон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва якчан намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин ҳамоиш ярмарка – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзиву саноатӣ низ доир гардида, нимаи дуюми санаи 29 сентябр аз вилояти Суғд бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода машинаи боркаш иборат аз маҳсулотҳои кишоварзиву санаоатӣ дар ҳаҷми 15 тонна ба ин шаҳри барқчиён равона гардид.

Меҳмонони ҳамоишро дар даромадгоҳи шаҳр ва толори пазироии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» зери навои карнаю сурнай ва риояи унсурҳои миллии меҳмондорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Роғун, Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роғун», Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Сипас аҳли иштирокдорон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти аср дидан намуданд. Қобили зикр аст, ки аз шумораи умуми кормандони нерӯгоҳ 853 нафар аъзои ҳизб дар кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роғун” сарҷамъ омада, чун коргарони фаъол, талқингари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ миёни аҳли кормандони нерӯгоҳ ном бароварданд.

Дар ҳамоиш, ки дар қасри фарҳанги шаҳр доир гардид ба нишони эҳтиром ва иродату самимият аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кулли аъзои он ба Директори генералии НБО “Роғун” дар вазъияти тантанавӣ армуғон супорида шуд.

Ҳамчунин, ба миқдори 1000 адад китобҳои илмиву бадеиву публитсистӣ барои китобхонаи неругоҳ ҳадя гардида, изҳори умед карда шуд, ки ин китобҳо мавриди омӯзиш ва баҳрабардории аҳли заҳмат қарор мегиранд.

Бо далели натиҷаҳои назаррас дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин неругоҳи бузурги аср якчанд кормандони фаъоли он бо Ифтихорномаи Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони шоистаю маҳбуби кишвар ба ҳамоиш ранги дигар бахшид.

Таъкид гардид, ки барои ҳар як аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисли тамоми мардуми шарифи мамлакат якдилӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бузург буда, баргузор намудани чунин чорабиниҳои фарогир ва қадрдонии онҳо аз ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Тақвият бахшидани чунин иқдомҳо дар оянда ба хотири пешравии фаъолият, дилгармии меҳнаткашон, қадрдонии онҳо ва мустаҳкам намудани дӯстиву якдигарфаҳмӣ таъкид гардид.

Шоистаи таъкид аст, ки тайи солҳои охир Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти густурдаеро амалӣ намуд, ки ҳадафи онҳо, пеш аз ҳама, ба тарғиби «Роғун» ҳамчун меҳвари иттиҳоду ҳамбастагӣ ва умед ба ояндаи беҳтари мардуми кишвар, муаррифии шоистаи ин Кохи нури Тоҷикистон ҳамчун иншооти муҳим барои тамоми ҷомеа ва баланд бардоштани рӯҳияи кормандони ин коргоҳи бузург нигаронида мешавад. Дар ин росто корҳои зиёде анҷом шудаанд ва дар оянда низ нақшаҳои мукаммал тарҳрезӣ мегарданд. Зеро ин нерӯгоҳи бузурги аср барои ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои нави саноатӣ, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандони бекор, коҳиш додани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ, истифодаи қобили меҳнати корӣ ба рушди истеҳсолоти ватанӣ ва ниҳоят барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири мусбӣ мерасонад.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, “Сухани халқ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: