Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат ба сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» мукофотҳои давлатӣ супориданд

Пешвои миллат ба сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» мукофотҳои давлатӣ супориданд

6-09-2019, 12:31
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат ба сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» мукофотҳои давлатӣ супориданд
6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба 42 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни иншооти муҳим мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ — ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳиму стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ роҳбарияти олии ҷумҳурӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои бунёди неругоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.

Таъкид гардид, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, сабаби таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.

Имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди одӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни ҷабҳаи нангу номус бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Неругоҳи барқии обии “Роғун”” бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Неругоҳи барқии обии “Роғун” коргарон бо Ордени “Шараф дараҷаи II”, Медали “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ хизмати арзандаи ҳар як нафар коргари Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун”, аз ҷумла сардорони раёсатҳои ширкат, васлгарон, ронандагони техникаҳои гуногун, нақбканон, муҳандисон, кафшергарони газию барқӣ, таъмиргарони муҳаррик, челонгарон, пармагарон, сементатор, андовачӣ, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони озмоишгоҳҳо, барқчиён, дуредгарон, назоратчиҳои қитъаҳои сохтмонӣ, истеҳсолотчиён, инчунин пудратчиён — кормандони даҳҳо адад ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок кардаанд, махсус зикр намуданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори рӯйдоди муҳим табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.

Пешвои миллат бори дигар ба ҳамаи коргарон барои хизмати шоиста ва ватандӯстонаву созанда дар назди халқу Ватан миннатдорӣ баён намуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо минбаъд низ барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату ҳукумат бо азму талоши дучанд заҳмат мекашанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: