
Истиқлолият барои ҳар як халқу миллати соҳибдавлату соҳибтамаддун неъмати бебаҳост. Маҳз инсон бо шарофати ин неъмати беназир, ки ба ҳар халқу миллат муяссар намегардад, ба қуллаҳои баланди муроди хеш расида, рушд ва ташаккул меёбад.
Ба ифтихори ҷашни бузурги 30-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар муассисаи таҳсилоти томактабии №7 хушҳолӣ таҳти унвони “Ватанам –Тоҷикистонам” баргузор гардид. Кӯдакони хушбахт-меваҳои даврони соҳибистиқлол шеъру сурудҳо қироат намуда, рақсу бозӣ намуданд, ки эҳсоси баланди ватандориро дарак медод. Дар чорабинӣ намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок ва суханронӣ намуда, иштирокдорони чорабиниро ба ифтихори ин санаи муборак табрик намуд. Аз ҷониби роҳбарияти муассисаи мазкур чанде аз кормандони фаъолу навовар бо сипоснома қадршиносӣ карда шуданд.