
Восеъ: Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар Коллеҷи тиббӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти бо номи Абди Авазови ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оиди дастовардҳо беназире, ки дар 30-соли сипаригардида халқи тоҷик ба даст овардааст андешаронӣ намуда, бо ҷавонон оиди саҳм гузоштан дар ободиву зебогии диёр, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, дур будан аз фарҳангӣ бегонаву ҳуруфотпарастӣ ва худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ суханронӣ намуданд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ ҷавондухтаронро барои аъзо шудан ба ТҶҶ “Созандагони Ватан” даъбат намуданд.