Иқдоми нек18-07-2017, 11:53
Хабарро хонданд: 124 нафар
Назарҳо: 0
Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҷмони Ҷомӣ иқдом гирифтаанд таи ҳар ҳафта ба ҳашарҳои умумӣ бароянд. Бо ин мақсад дар ҳамаи идораву муассисаҳо, корхонаву ташкилотҳо ва қаламрави ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ бо суръат ҷараён дошта, дар ин баробар бахши намояндагии ТҶҶ«Созандагони Ватан» низ бо иқдоми ободгароёна, ташаббусҳо намуда, маҳз ҷавононро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуданд. Аз ин лиҳоз ҷавонони ноҳия ин иқдому ташаббусҳои бахши намояндагии ТҶҶ«Созандагони Ватан»-ро хуш пазируфта, ба мақсади саҳм гузоштан дар ободонии ноҳия, дар ин рӯз ба ҳашари умумӣ- ноҳиявӣ баромада, як рӯзи меҳнати бо суботи худро дар ободонию созандагии шаҳраку деҳот ва боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ бахшиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.