Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зафаробод: Истиқлол ва татбиқи ормони миллӣ

Зафаробод: Истиқлол ва татбиқи ормони миллӣ

15-09-2021, 09:40
Хабарро хонданд: 79 нафар
Назарҳо: 0
Зафаробод: Истиқлол ва татбиқи ормони миллӣ

Истиқлолу озодӣ воқеан ба осонӣ насиби миллати тоҷик ва сокинони Тоҷикистон нагардида, барои бунёди давлати навин халқу миллати тоҷик аз сангарҳои сангин гузашт.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки баъдтар ҳамагон донистанд, тарҳрезии хоҷагони хориҷӣ будааст, хавфи дахшатбори аз байн рафтани Тоҷикистонро дарак медод.

Дар рӯзгори пурфоҷиаи солҳои аввали истиқлолӣ яъсу навмедӣ, шикасти рӯҳию равонӣ вобаста ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар сокинони мамлакатро фаро гирифта, кишвари азияткашидаи моро ҷаҳониён бо “ангушт” нишон медоданд. Аксари кишварҳо аз давлати мустақил шудану таъмини сулҳ дар Тоҷикистон эътимод надоштанд. Ҳатто андешаҳои тамасхуронаю расидан ба иззату эҳтироми як миллатро раво медиданд, ки ин басо аламовар буд.

Истифода аз ҷолишҳою бенизомиҳои давр хоинони миллат хок ба руйи модари хеш зада дастури аҷнабиёнро амалӣ мекарданд. Мардумро ба майдонҳо сипас ба ҷанги бародаркӯш кашиданд. Ин ҷанг хисороти бузургеро пайи худ гузошт. Мудҳиштарин хисороти ҷанги шаҳрвандӣ қурбонии зиёда аз 150 ҳазор сокинони мамлакат буда, дар бораи ҳазорон ятиммондагону гурезагон, миллиарҳо хисороти иқтисодӣ санадҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд. Ба далеле ҷанги шаҳвандӣ 27 сол иқтисодиёти Тоҷикистонро ба қафо партофта, ба рушди давлати навбунёди миллӣ зарбаи ҷонкоҳ зад.

Шоири шаҳири тоҷик Ашур Сафар дар мисраҳои ормонии худ дар он айём бо сӯз гуфта буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад.

Роҳи пурфоҷеа ва дар охир дурахшони соҳибистиқлолӣ татбиқгари ормонҳои миллӣ гашта ба ин мисраҳо ҷавоби сазовор пайдо шуд.

Дар кишвари мо базму тараб шуд ту куҷоӣ,

Сад бори дигар ханда балаб шуд ту куҷоӣ.

Воқеан ба андешаи Устод Лоиқ

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад,

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт

Сулҳи деринтизори мо омад.

Рӯзгори сангин паси сар гашта ба рӯи миллати иродатманд ва таҳаммулгари тоҷик дари бахту комёбиҳо саодату нусрат меҳнату фидокориҳо бунёдкорию созандагиҳо боз шуд.

Иҷлосияи 16-уми таъриҳии Шурои Олӣ, ки сутуни мустаҳками давлатсозӣ маҳсуб мешавад, роҳи минбаъдаи рушди давлати миллиро муайян намуд.

Ба бахти омадкардаи халқу миллати тоҷик зимоми давлатдорӣ ба дасти фарзанди қаҳрамони тоҷик, ки сарсупурдаи миллат гашт Эмомалӣ Раҳмон пайваст гашта, минбаъд зери роҳбарию давлатдории муваффақонаи ин абармарди сиёсат Тоҷикистон ба суйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор монд.

Хуршеди дурахшони Истиқлол ба рӯю рузгори тоҷик нурпоши намуда, гармии тавонбахши давлатдории миллӣ ва навинро таъмин кард.

Зери раҳнамоии Роҳбари муаззами хеш, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра ҳадафҳои ормонӣ татбиқ гардиданд.

Истиқлолу озодӣ дар зеҳни мардум ҷой гирифта, сокинон ин арзишро эҳтиром ва ба ҳифзу ҳимояти он масъул гардиданд.

Истиқлолу давлатсозии навин ормонҳои ҳазорсолаи тоҷиконро амалӣ сохт. Халқи тамаддунсози тоҷик соҳиби давлати мустақил ва муқаддасоти давлатдорӣ гардида, волотарин арзишҳои миллӣ, забон фарҳанг дар доираи давлати миллӣ амал намуданд.

Бунёдкорию созандагӣ мароми рузмарраи ҳар сокини кишвар гардид. Олитарин давстоварди соҳибистиқлоли ҳамин шуд, ки ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун шинохтанд.

Хадафҳои стратегӣ ба хотири рушди босуботи минбаъда қабул гардида, татбиқи он давра ба давра таъмин гардид.

Воқеан Истиқлолият, Ваҳдати комил, давлатдории миллӣ ва Пешвои давлатсози миллатро ҳар сокинони мамлакат чун неъмати бебаҳо ва ҳадяи парвардигор шуморида, сидқану содиқона ба қадри ин дастовардҳои бузурги миллӣ мерасанд.

Имрӯз миллати сарфарози тоҷик ва халқи шарифи Тоҷикистон бо болидагию фараҳмандӣ, бо эҳсоси ифтихор аз соҳибватан будану шукргузорӣ ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд. Ҷашн дар ҳар хона, ҳар куча маҳаллу деҳа ва сар то сари кишварро фаро хоҳад гирифт. Зеро ин ҷашни Истиқлол, ҷашни меҳан, ҷашни миллат, ҷашни шукргузорию ифтихор ва ҷашни хурду бузурги Тоҷикистон аст.

Туйғун Шарифзода –

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Зафаробод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: