Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБОДИИ ХОНАДОН АЗ ИСТИҚЛОЛ АСТ!

ОБОДИИ ХОНАДОН АЗ ИСТИҚЛОЛ АСТ!

14-09-2021, 08:42
Хабарро хонданд: 72 нафар
Назарҳо: 0
ОБОДИИ ХОНАДОН АЗ ИСТИҚЛОЛ АСТ!

Миллати тоҷик санаи 9 сенябри соли 1991 ба ин рӯзи хотирмон-Истиқлоли давлатӣ расид, орзуи чандинҳазорсолаи гузаштагонамонро, ки дар таърих борҳо ёд шудааст ба даст овард. 9 сенябри соли 2021, тантанаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олитарини ҷашнҳои миллӣ қайд карда шуд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми тоҷик бо як шодию сарафрозӣ ҷашн гирифтанд. Истиқлолиятро шиносномаи миллат мегӯянд ва миллати тоҷик тавонист ин шиносномаи заррини худро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.

Мардуми кишвар имрӯз бо фараҳу шодӣ истиқбол аз ҷашни Истиқлол доранд. Воқеан хам Истиқлолият неъмати бебаҳое аст, ки барои ҳар халқу миллат насиб нагардидааст. Дар кураи замин зиёда аз 3,5 ҳазор халқияту миллате ҳаст, ки аз ин шумора, давлатҳои соҳибистиқлолро ба 220 ва ё 250 медонанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, бисёре аз миллатҳо дар орзуи ин неъмати бебаҳо “Истиқлолият” ҳастанд.

Хушбахтона, тӯли 30 сол мешавад, ки миллати тоҷик бо назардошти мушкилоти пай дар пай тавониста истодааст, ки ҳукумати худро дар сарзамини аҷдодияш нигоҳ дорад ва ба ҷомеаи ҷаҳон машҳур созад. Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони солҳои 90-ум ба кулли фарқ мекунад. Имрӯзҳо ба ҳама маълум аст, ки шароити зиндагии мардум дар ҳама соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ беҳтар гардида, бо нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, миллати тоҷик дар оянда бо беҳтарин дастовардҳо ноил мегардад. Ҳар як нафар бояд воқеъбинона назар кунад, донад ва хулосабарорӣ кунад, ки дар солҳои 90-ум ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ мардуми тоҷик аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ чи қадар зарари калон дида буд. Ҳатто ба чунин мушкилоти вазнине гирифтор шуда буд, ки оддӣ карда гӯем мардум ба як бурида нон зор буд, ҳатто ҳолатҳое ба назар мерасид, ки қисме аз мардум нони бо заҳмат ба даст овардаашро аз барои раҳоии ҷони хеш, аз падару модар ва наздикон ба пинҳонӣ мехӯрданд. Имрӯз чӣ? Шукри Худованд, ки дар ҳар як хонаи тоҷик ва тоҷикистонӣ неъматҳо фаровон аст. Бо дастгирӣ ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик шароит фароҳам овардааст. Дар оянда низ сатҳи зиндагии мардум бо талошҳои дастаҷамъӣ ва меҳнатдӯстии халқи азизамон беҳтару хубтар хоҳад шуд.

Дар ин ҷаҳони пуртазвир ва пурпеч, ки ҳар лаҳза бо чашми сар мебинем, миллате ва ё давлатеро ба доми нооромию парокандагӣ мекашад, моро зарур аст, зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари кишвар карор гирифта, ки дар ҳар як мулоқоту вохӯриҳояшон бо мардум пайваста таъкид менамоянд, ки ҳамеша ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ҳама ҳолат пайи омузиши илм ва касбу кори гуногун бошем, бо якдигар меҳрубон будан ва як фарде, ки барои кори хайре, ободкорие ва ё ба хизмати давлату миллат камари ҳиммат бастааст, дастгирӣ карданро фаромӯш насозем.

Дар ин рӯзҳои шодмонӣ ва хурсандибахш тамоми мардуми азизи кишварамро ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, дар хонадони ҳар як фарди тоҷик саодати рӯзгорро таманно дорам. Бигузор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то абад пойдор бимонад.




Саидшо Асроров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: