Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу экология баҳои баланд дод

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу экология баҳои баланд дод

12-06-2017, 10:07
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу экология баҳои баланд дод


ДУШАНБЕ, . «Яке аз мақсадҳои рушди устувор масъалаҳои марбут ба об ва экология дар сатҳи минтақаву ҷаҳон аст, ки дар ҳалли он ташаббусҳои Тоҷикистон ва Роҳбари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳиму саривақтӣ мебошанд», — ин суханонро Антониу Гутерриш — Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид шоми дирӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт.

Ба андешаи Дабири кулли СММ, Тоҷикистон дар ин ҷода ниҳоят ташаббуси хуб нишон дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба таври зарурӣ дар ҳаллу фасл намудани масъалаҳои мазкур водор намуд ва ҷамъ овард.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим таъсири манфии зиёд мебинад. Бинобар ҳамин, мо ба мувофиқа омадем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои беҳтар намудани мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим кӯшишҳои зиёд ба харҷ диҳад»,-ибрози ақида намуд Антониу Гутерриш.

Ба маълумоти Дабири кулли СММ, дар мулоқот бо Пешвои миллат ба масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ байни СММ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои гуногун, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи мураккаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаи Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ-ро баррасӣ намудаанд. Дар ин самт Антониу Гутерриш гуфт, ки ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳои Шӯро омодаанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак намоянд.

«Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст, бо мақсадҳои рушди устувор пурра мутобиқ карда шудааст ва намояндагони СММ барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани он мусоидат хоҳанд намуд»,-илова гуфт Дабири кулли СММ.

Тавре Маркази иттилооти СММ хабар додааст, Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дидан менамояд. Антониу Гутерриш мақсади сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказиро дар беҳтар намудани ҳамкорӣ байни СММ ва кишварҳои минтақа арзёбӣ намуда, чунин зикр кард: «Мо ният дорем, ки ҳамкории худро бо кишварҳои минтақа, хусусан бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам дар сатҳи баланд ба роҳ монем».

Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш пагоҳ, 13 июн ба Туркманистон сафар мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: