Суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ 08.09.2021 11:40, шаҳри Душанбе9-09-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 114 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад. Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд. Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад. Бо камоли шодмониву сарфарозӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон – хурду бузурги мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги таърихӣ самимона табрику таҳният мегӯям. Мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки ин рӯзи босаодат, яъне ҷашни сисолагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст. Дар зарфи 30 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд. Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад. Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд. Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд. Дар чунин шароити фоҷиабор фарзандони огоҳи миллат тасмим гирифтанд, ки барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун иҷлосияи Шӯрои Олӣ – ягона мақоми дар он рӯзҳо салоҳиятдоштаи давлатӣ даъват карда шавад. Бо сабаби он, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибихтиёр ба иллати ноамнӣ ва беназмиву беқонунӣ мақоми конститутсионии худро амалан аз даст дода буд, иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват гардид. Маҳз дар ҳамин иҷлосия аввалин қарору иқдомот доир ба қатъи хунрезӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини сулҳ қабул гардида, заминаҳои нахустини оштии миллӣ гузошта шуданд. Ман андешаҳои худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин маротиба дар иҷлосияи мазкур баён дошта, изҳор карда будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати истиқлоли худро эълонкарда зиёда аз як сол рамзҳои давлатӣ, яъне Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ надошт. Дар иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ нахустин рамзи давлатӣ – Парчам қабул карда шуд ва корҳо доир ба таҳияву қабули дигар рамзҳои давлатӣ ва Конститутсия оғоз гардиданд. Зеро шароити соҳибистиқлолӣ талаб мекард, ки дар кишвар ҳарчи зудтар ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида, Конститутсияи давлати соҳибихтиёр қабул гардад ва дар он мақсаду мароми ҷомеа, давлат ва сохти давлатдорӣ муайян карда шавад. Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва Президенти кишвар аз ҷониби халқи мамлакат интихоб карда шуд. Сохт ва моҳияти давлатдорие, ки дар Конститутсия дарҷ гардид, аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ ва қабул карда шуд ва дере нагузашта таърих дурустии роҳи интихобкардаи моро собит сохт. Баробари рушду тараққиёти ҷомеа зарурат пеш омад, ки ба Конститутсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Бо ин мақсад солҳои 1999, 2003 ва 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла дар асоси тағйироти соли 1999 дар мамлакат парламенти касбии иборат аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд. Дар он айём ҳамчунин, барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, таъҷилан аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани манзилҳои харобгашта ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоршуда вазифаи фаврии роҳбарияти навинтихобшудаи давлат ба шумор мерафт. Аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, таназзули бошиддати иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ, таварруми бесобиқа, кам шудани ҳаҷми даромади буҷети давлат ва афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ба воқеияти бисёр вазнини он рӯзҳо табдил ёфта буд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992 – 1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар коҳиш ёфт. Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди молиявию иқтисодӣ, ба андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ барои рафъи мушкилоти он рӯзҳо оғоз намуд. Яъне замоне, ки ҳанӯз ҷангу даргириҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар идома доштанд, мо дар баробари ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, муҳайё кардани шароити зиндагӣ ва ҷойи кор барои онҳо ҳамаи саъю талоши худро ба ҳалли масъалаҳои барқарорсозии иқтисоди фалаҷгаштаи кишвар сафарбар сохтем ва пастравии иқтисоди миллиро боздошта, танҳо соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид шудем. Бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳамон давра мо гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ташаккул додани муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуда, ба ин васила заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро фароҳам овардем. Бо ин мақсад ислоҳоти фарогири иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо оғоз гардида, ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд. Дар ин раванд, таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста буд, муайян гардиданд. Маҳз татбиқи ҳадафҳои зикршуда ва амалӣ гардонидани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шавад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид. Вале таъкид месозам, ки ин нишондиҳандаҳо бо дарназардошти талаботи замони муосир ҳоло ҳам конеъкунанда нестанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ татбиқ гардида, низоми бонкӣ ташаккул ёфт ва соли 2000-ум пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд. Бо амалӣ гардидани тадбирҳо ва ислоҳот дар соҳаи бонкӣ ташкилотҳои қарзию молиявии шаклҳои гуногун таъсис дода шуданд, ки ҳоло ба мардум ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод менамоянд. Танҳо дар даҳ соли охир (солҳои 2011 – 2020) ба иқтисоди миллӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 45,8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Дар натиҷаи таъмин гардидани суботи макроиқтисодӣ даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 65,4 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд. Яъне дар бист соли охир сатҳи камбизоатӣ зиёда аз се баробар паст гардид. Дар ин давра шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион нафар то 9,7 миллион нафар, яъне беш аз 1,7 баробар зиёд шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,1 сол расид. Соли 1991 умри миёнаи сокинони кишвар 70,1 солро ташкил мекард. Суръати афзоиши миёнаи аҳолӣ дар давоми ин солҳо 2,1 фоизро ташкил кард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ 138 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд. Яъне беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд. Дар бист соли охир, яъне аз соли 2001 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба маблағи беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки 59 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Дар давраи зикршуда бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи умумии беш аз 91 миллиард сомонӣ зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, бахусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, инчунин, энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо амалӣ карда шуд. Ҳоло 74 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 40,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Тоҷикистон тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ дар даҳ соли охир чор маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дар самти пешбурди соҳибкориву сармоягузорӣ дохил гардид. Дар заминаи ислоҳоту тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 70 фоиз, таъмин намудани аҳолӣ бо шуғл ба 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат ба 80 фоиз баробар шудааст. Соҳибкорони мо, махсусан, ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар бунёди беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ саҳм гузоштанд, ки ин ба ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.