Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Вакилон бо донишҷӯёну сокинони маҳаллаҳо вохӯрӣ гузарониданд

Вакилон бо донишҷӯёну сокинони маҳаллаҳо вохӯрӣ гузарониданд

13-09-2018, 13:17
Хабарро хонданд: 456 нафар
Назарҳо: 0
Вакилон бо донишҷӯёну сокинони маҳаллаҳо вохӯрӣ гузарониданд

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов ва Гулбаҳор Назирӣ бо устодону донишҷӯён, хонандагону омӯзгорон ва сокинони маҳаллаҳои Қорираҳмат Қурбон, Масчиди Савр ва Чорчароғи шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.
Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин чорабинӣ баҳри аз наздик ошно намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи вакилони мардумӣ пиёда карда мешавад.
Гулбаҳор Назирӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ таъкид дошт, ки халқи шарифу қаҳрамони тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, 27 соли соҳибистиқлолии хеш ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Дар натиҷа, имрӯз бисёр мушкилоти мо ҳаллу фасл гардида, мардуми заҳматқаринамон барои ҳалли вазифаҳои боз ҳам бузурги ободгарона камари ҳиммат бастааст.
Мавсуф таъкид дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар миқёси собиқ давлати абарқудрат яке аз аввалинҳо шуда, бо азму иродаи мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон гардид. Ин санади тақдирсоз заминаи ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам овард. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар даврони фаъолияти худ садҳо қонуну санадҳо таҳия ва қабул карданд, ки онҳо дар рушди ҷомеаи навини мо нақши арзанда бозиданд ва минбаъд низ ҳамчун воситаи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд хизмат хоҳанд кард. Ҳамчунин, бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ дар 25 сол 15 санади авф қабул шуда, муқаррароти онҳо ба зиёда аз 115 ҳазор нафар маҳкумшудагон, судшавандагон ва таҳти тафтиш қарордоштагон татбиқ гардиданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов зимни суханронии худ гуфт, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ ва гузашта аз ин, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардид. Масалан, дар зарфи солҳои 1992 -1997 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва кишоварзӣ ду баробар паст гардида, буҷети давлатӣ ночиз ва хазинаи давлатӣ умуман бе захира монда буд. Ҷиҳати бартараф кардани буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ба фаъолият даровардани иқтидорҳои истеҳсолӣ Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид ва мо танҳо аз соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, бахусус, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин намудем. Дар ин раванд пули миллиро ба муомилот бароварда, низоми муосири молиявию бонкиро ташкил кардем ва ба узвияти аксари созмонҳои бонуфузи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ қабул гардидем.
Рустам Қудратов гуфт, ки ба туфайли амалӣ гардидани стратегияву барномаҳои миллӣ дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 19 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамзамон бо ин, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд. Маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мо низоми иқтисодии аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфташударо интихоб кунем ва ба хотири зина ба зина беҳтар намудани зиндагии мардумамон рушди устувори ҳамаи соҳаҳоро таъмин гардонем.
Сипас, дар ҷараёни мулоқот Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: