Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешво ва истиқлолияти зеҳнӣ

Пешво ва истиқлолияти зеҳнӣ

7-09-2021, 08:55
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0
  Пешво ва истиқлолияти зеҳнӣ

Ҳеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.

Дар воқеъ, Мавлонои бузурги Балхӣ хеле дуруст ва бамаврид гуфтаанд, ки неъмате беҳтар зи истиқлол буда наметавонад. Ин неъмати худододи пурарзиш, ки дар баҳои ҷони ҷавони садҳо фарзандони ба ору номус ва шарафёри кишвар ба даст омадааст, ифодагари ормонҳои миллии таърихи беш аз сад ҳазорсолаи на танҳо Сомониёну Сосониён, балки Каёниёни далери кишваркушои Ориёӣ буда, пайвандгари имрўзу фардои мост. Шояд ҳамин пайванди ногусастании абоҳои далеру кишваркушо ва башардўстамон бошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзи нахустини интихобшуданашон ба мақоми олии Раиси Шурои Олии Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол бо матонату қаҳрамонӣ ва далериву шуҷоати Ориёӣ, тамоми масъулияти раҳбарии кишварро миёни оташу хун ва ниқору кина бар душ гирифта, бо мадади Яздони пок ва рўҳи ҷовидонаи Ориёи бузург дар баҳои ҷон ва хонумони азизаш онро дифоъ намуда, истиқлолияти рў ба нестӣ ниҳодаро аз нав эҳё намуд. Муждаи васлу висол ва шукуфоиро бар гўши ҷони мардуми саросари кишвар расонид. Ин матонату ҷасорат ва иқдомҳои ватансозиаш барои ҳазорон зиёии кишвар имрўз метавонад намунаи ибрати хос бошад. Ҳарчанд гуногунандешии сиёсӣ, ки охирҳаёти Шўравӣ бо ибтикори охирон роҳбари вақти Шўравӣ Михаил Сергеевич Горбочёв рўйи кор омада буд. Ва ин гуногунандеши бармаҳал ҳукумати абарқудрати яккаҳизбии Ҳизби ҳокими коммунистро аз дохил пора - пора намуда, ин пораҳо ба ҷони ҳам барангехта, он қаламрави шукуфонро оғўштаи хоку хун намуд. Тоҷикистон, ки дар қаламрави Осиёи Миёна бедортарин кишвари фарҳангӣ буд ва марзҳояш ба рўи ҳама душману дўст боз гардида, бархе аз нотавонбинони диниву мазҳабӣ, бо баҳонаи ҳамдиливу ҳамкешиву ҳаммазҳабиву ҳамзабонӣ вориди он гардида, иддае аз навришу навдину навкеши гумроҳро, ки бо эҳсосоти баланд ҷори мусалмонӣ мезаданд, ба домӣ худ афтонда, тавассути ана ҳамин «навриш»-ҳо кишвари сарсабзи соҳибтоҷи моро ба майдони ҳарбҳои мазҳабӣ кашиданд ва хуни садҳо ҷавони бегуноҳ рўйи замини намозии Ориёи бузург рехт. Он гуна, ки пештар гуфтем, Тоҷикистони азиз бе ҳеҷ муболиға, охири солҳои ҳаштодуми саддаи гузашта, бедортарин мағзҳоро парвариш намуда, истиқлолияти зеҳнии зиёии тоҷик дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди абарқудрати Шўравӣ девори вуҷуди бисёре аз сардамдорони он замонро ба ларза андохта буд. Ҳанўз, нимаи дуюми соли 1989 замони побарҷоии Иттиҳоди абарқудрати Шўравӣ донишмандони тоҷик барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистони Шўравӣ, талошҳои зиёд намуда, ин иддаои тоҷикон бо дастгирии садҳо олимони шуҳратёри қаламрави Шўравӣ ҳамовози пайдо намуда, бо ин забони шаккарин мақоми давлатӣ дода шуд.

Бедории зеҳнӣ

Ҳамагон ин пирўзии бедории зеҳниро бо шодиву сур истиқбол намуда, бехабар аз ошуби замон, боз аз будаш бештар мехостем. Иддае аз донишмандони кишвар, ки дар замони побарҷоии Шўравӣ ба сифати тарҷумон дар кишвари Афғонистон ва Эрони шоҳаншоҳӣ хизмат намуда буданд, дар замони нави инқилобҳои зеҳнӣ вориди ин кишварҳо гардида, аз он ҷо на тафаккури созанда, балки таассуби динӣ ва мазҳабӣ оварда, бо ин тафаккур ба бархўрдҳои шадиди миллӣ гирифтор шуда, ин бархўрдҳои зеҳнии миллӣ дар муқобили таассубҳои динӣ ва мазҳабӣ тоб наоварда, бедории миллӣ, ки ҷанбаи дунявият дошту пуштибонаш Иттиҳоди абарқудрати Шўравӣ буд, аллакай аз по уфтода буд. Ҳамин тавр, зиёии миллатдўсту ватанхоҳ, ки дар рўҳияи башардўстии Шўравӣ тарбият ёфта буд, бепуштибон монда, дар муқобили зиёии замони нави пасошўравӣ истодагарӣ карда натавониста, аз ҷониби зиёии мутаасиб ба куфру бидъат ва динситезӣ муттаҳам мегардид ва зиёии бозичаи дасти диндорон гардида, ки соҳиби унвонҳои баланди илмии «профессор», «номзади илм», «доктор» ва «академик» шудаанд, ҳамзамон аз ҷониби хоҷагони мутаасибашон бо ифтихор ба мақомҳои динии «эшон» «сайидӣ», «хоҷа», «шайх» ва «домулло» низ соҳиб гардида, ин қишри бедори ҷомеаро ба бадномӣ ном мебурданд.
Ҳамин тавр, мақоми диндорон дар қариб тамоми сохторҳои сиёсиву фарҳангӣ ва қудративу иқтисодии кишвар зиёд гардида, ҳар касе, ки як ҷумлаи форсӣ ва ё арабиро хонда метавонист, ҳатман ба ин гурўҳи «зиёиёни мусалмон» пайваста аз китобхонаву синфхонаҳои маърифатхез рў тофта ру ба сўи масҷиду меҳроб оварданд. Зиёии замони Шўравӣ, ки забони русӣ забони тадқиқоту пажўҳиши илму донишандузиаш буд ва ба ин забон аз чаҳор се ҳиссаи олам гуфтугў менамуд ва садҳо асарҳои шуҳрати ҷаҳонидошта ба ҳамин забон тарҷума ва офарида шуда буданд, дар муқобили ин навришҳои худфурўши динситез тоб наоварда, як иддааш бо онҳо пайваста, дар кўчаву бозор ва макотибу мадраса бо ифтихори дуруғин таблиғот мебурданд, ки хеле хуб мешуд, ки ба забонамон мақоми давлатӣ додем. Моро зарур аст, ки ҳарчи зудтар ба алифбои бобоиямон, яъне алифбои арабиасоси форсӣ гузарем. Ин шиорҳо шабу рўз аз тариқи матбуоти озод таблиғ гардида, айбҷўиву бадномсозии ҷонибдорони алифбои русӣ зиёд гардида, интиҳои он дар хиёбонҳои Душанбе бо задухўрди шадид мубадал гардида, Ҳукумати вақти Шўравӣ рў ба сукут оварда, бенизомӣ «низоми» вақт гардид. Ва набояд фаромўш кард, ки парлумони соли 1990-ум, ки аксарияти вакилонаш, парвардаи замони пурнишоти башардўстонаи Шўравӣ буданд ва бедории зеҳнии онҳо аз мардуми ба хиёбонҳо фуру рехта садҳо маротиба боло буд зери фишори сахти диндорон қарор гирифта, муддате аз фаъолият боз монд. Банда, ки он замон ба ҳайси мухбири махсус ва муовини нашрияи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ «Сомон» фаъолият менамудам, ба аксари вакилони парлумон иртиботҳои сахти фарҳангӣ доштам. Бо вакили мардумӣ аз ноҳияи Данғара муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович, ки миёни вакилони минтақаи Кўлоб хеле бедордилу раъиятпарвар ва ватандўст буд ва бо вакили мардумӣ аз ноҳияи Маскав Сафаров Абдулҳамид дар меҳмонхонаи Авесто ҳангоми иҷлосияҳо ҳамхона буданд, хеле суҳбатҳои хотирмону самимӣ доштам. Ў бо ҳамаи хабарнигорон бисёр бо самимият ва эҳтироми хоса суҳбат менамуд. Муносибаташ бо мо кормандони Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ва нашрияи «Сомон» он қадар хуб буд, ки устод Лоиқ чанд бор пешниҳод намуда буд, ки ўро ба узвияти раёсати Бунёди забони форсии тоҷикӣ қабул намоем. Ин таклифи устодро банда шахсан ба ў расонида будам. Ў бо лутфу меҳрубонӣ гуфта буд, ки дар парлумон одамони донишманд зиёданд, мо бошем вакилони минтақаи Кўлоб фақат рўзҳои иҷлосия омада метавонем. Дигар рўзҳо бо ҳамроҳии мардум дар талоши ҳосили заминҳо ва корҳои саҳроӣ банд мебошем. Ҳамин тавр, сарнавишт ин вакили мардумиро аз миёни он ҳама ба мақоми Раиси Шурои Олӣ овард. Бедории зеҳнӣ ва ватанхоҳиву ватансозиаш бе ҳеҷ як муболиға ва тамаллуқ ҳамон замон аз аксари вакилон фарқ мекард. Таҷрибаи бузурги заминкорӣ, мардумсолорӣ, раъиятпарварӣ, ватанхоҳӣ, башардўстӣ ва кишвархоҳияш ўро миёни мардум соҳибарҷу эҳтиром намуда буд.
Ҳамин муҳаббат ва самимияташ бо ҳар як сокини кишвар бо марзу бум ва донишмандону донишварон ўро соҳиби мақоми олии Пешвои миллат намуд. Бедории зеҳнӣ, созандагӣ, сарсабзӣ ва ободонии кишвар ва бахшандагиву меҳрубониаш бар қалби миллионҳо бошандагони кишвар муждаи умед ба фардои некро овардааст. Ҳамон суханони саропо пур аз муҳаббат ва самимияти ватанхоҳонае, ки аз минбари Раиси Шўрои Олии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз Қасри Арбоб ба самои кишвар ва берун аз он печида буд: «То охирин гурезаи иҷбории тоҷикро ба Ватан бар нагардонам, худро орому осуда намебинам» бар торикистони қалбҳои ҳазорон модари тоҷик нуру сафо бахшида, гули ормонҳои миллионҳо нобоваронро ба фардои нек файзрезу файзхезаш намуд. Шадидтарин муҷримонро бахшид, на як бор, даҳо маротиба аз гуноҳашон гузашт. Тозатарин авфи муҷримон, ки ба таърихи 30.08.2021 ба имзо расид 16-ҳазор нафар аз ҷазо озод гардид. Онҳое, ки дар набардҳои хунин бо ў дўшмани намуда буданд, бо муҳаббат ва садоқати бепоёни тоҷикона бағал кушода оғўшашон намуд, то кинаҳо фаромўш гардаду, ниҳоли дўстиву якпорчагӣ, самар орад. Хеле дуруст ва бомаврид шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб ин манзараро рўи саҳфа овардааст:
Талх то ширин шавад, ў нешҳоро нўш кард.
Бори вазнини замони нангро бар дўш кард,
Бо муҳаббат кинадори хешро оғўш кард,
Оташи ҷанги ватансўзандаро хомўш кард.

Ҳамин тавр, ин абармарди таърихи навини миллат, бо иддае аз давлатмардони кишвар, арбобҳои сиёсиву фарҳангӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, Абдулмаҷид Достиев, Мунавваршо Назриев, Талбак Назаров, Султон Мирзошоев, Амиршо Миралиев, Ҳабибулло Табаров, Мирали Маҳмадалиев, Сайдулло Хайруллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Сафарали Раҷабов ва чанд нафари соҳибарҷу эҳтироми миллат Тоҷикистони анқариб порагаштаро ҷамъ оварда, хишти аввалини якпорчагиву ҳамбастагии кишварро гузошт. Аввалин вохўрияш бо зиёиёни кишвар моҳи феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе, ўро бо мардум ва мардумро бо ў хеле наздик намуд. Мардум дар симои пок ва тиннати қаҳрамононааш роҳбари воқеии миллатро дарёфта, атрофаш ҷамъ гардиданд. Ҳама модарон, дилбарон, духтарон ва пирони рўзгордида дуои тану ҷон ва хонадонаш намуда, бо фотиҳа ба майдони номусу нанги ватандорӣ раҳсипораш намуданд.
Номуси ватандорӣ
Нахустин мулоқоту гуфтушунидҳо бо ранҷидаҳои берун аз Душанбеи азиз гашта оғоз гардид, ин мулоқот ва гуфтушунидҳо ўро бо мардум хеле наздик намуд, ҳама суханварону фарҳангиёни кишвар, ки дар ҳолати бесарусомонӣ пушти дарҳои бастаи шодиву сур бо дилларза ба сар мебурданд аз ин амали некрояш пуштибонӣ намуданд. Аз нахустин мулоқот ҳамсиришт, ҳамтақдир, ҳамкеш ва ҳамрешаи асили хешро дар симояш дарёфтанд. Нахустин муждаи фарҳангӣ ин таҷлили ҷашни пуршукўҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 1995 дар шаҳри Кўлоби бостонӣ буд. Аҳли зиёи кишвар бо ҳузури меҳмонони олиқадри Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Олмон, Фаронса, Бритониё ва Амрикову чандин кишварҳои ҳамсояву ҳамҷавор ба ҷаҳониён собит намудаанд, ки роҳи интихобнамудаи сулҳу якпорчагии миллат, ки аз ҷониби Президенти тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзури ҳама ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон гардида буд, аз ҷониби ҳама бошандагони кишвар пазируфта шуда, Президенти муҳтарами кишвар ҳамчун кафили сулҳу салоҳ аз номи миллат ва давлат ба гуфтушунидҳои сулҳофарӣ оғоз бахшид. Аввалин вохўрияш бо қумандонҳои саҳроии Бадахшон дар шаҳри Хоруғ нишон дод, ки Президенти тозаинтихоби кишвар дар воқеъ, шахсияти таърихӣ ва абармарди замони нав буда, метавонад кишварро аз вартаи ҳалокати нестӣ наҷот бубахшад. Ҳамин тавр, вохўриву мулоқоташ, зимистони соли 1996 бо роҳбарияти неруҳои мухолифини тоҷик дар шимоли Афғонистон ба ҷанги таҳвилшудаи шаҳрвандӣ хотима гузошт. Қалами гўёи марказҳои таҳлилию тадқиқотии хабарнигорони ҷаҳони нав пешорўйи ў хеле оҷиз буданд. Бедории сиёсӣ, соҳибфарҳангиву ватанхоҳӣ, башардўстиву мардумнавозиаш аксари фармондеҳони неруҳои мухолифинро бе ҳеҷ шаку шубҳа ба ў наздик намуда, онҳо бо савганди садоқат ба ў пайвастанд. Валле, як иддаи хурди онҳо, ки бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буданд, шармандавор ба ғазаби Худованди бузург гирифтор шуда, лаънаткардаи халқ гардиданд. Аз соли 2000 то ба инҷониб даҳо симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба вуқўъ пайвастаанд, эътибори Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумати Тоҷикистони азизро машҳури олам намуд. Ў ба истиқлолияти зеҳнӣ, ки орзуи ҳазорон - ҳазор донишмандони кишвар буд, заминаи мусоид фароҳам овард. Имрўз аз баракати истиқлолияти зеҳнӣ даҳо рисолаҳои докторӣ ва садҳо рисолаҳои номзадӣ дар илми сиёсатшиносӣ рўйи кор омада, фазои иттилоотии кишвар хеле озод буда, аз ҷониби Ҳукумат ва арконҳои идорӣ ягон фишор дида намешавад. Ҳарчанд, ки баъзе аз нотавонбинони сиёсӣ, ки бозичаи дасти аҷнабиёнанд, ин озодиро нашнохта бо васвасаи хоҷагонашон санг ба пои ҳукумат мезананд. Мову манҳоро зарур аст, ки на аз рўйи душмании сохта ва худфурўшӣ давлат ва Ҳукуматро маломат намоему кадом як нокомгаштаи сиёсиро васф намуда, мардумро гумроҳ созем. Зиракии сиёсӣ ва бедории зеҳнӣ дар тиннати пок рўҳи солимро мебояд тарбият намояду, ҷомеаро аз хатарҳои глобалӣ эмин нигаҳ бидорад. На фирефтаи бозии ҳавасҳо гардида, ба хони поки меҳани азиз хиёнат намоем. Ин панди Шайх Аттори Нишопуриро набояд фаромўш кард.
Зи ҷўе, ки хўрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок.
Имрўз баъзе аз тангдилону тангназарон аз рашк ва нотавонӣ аз кишварҳои дур, аз соҳилҳои номуродӣ санг бар шохаҳои шукуфоии кишвар мезананд. Иддае аз нотавонӣ дар дохилӣ кишвар Ҳукуматро дар сурати як носипосе, ки аз номи Ҳукумат хиёнат ба мардум мекунад, маломаташ менамоянд.
Ва иддае дигаре, ки фитназоянд соҳибдилону донишмандон ва ватанхоҳону пайравони воқеии Пешворо сари ҳар сатр маломат намуда, эътибори Ҳукуматро костан мехоҳанд. Магар онҳо намедонанд, ки Пешвои муаззами миллат бузургтарин таҷрибаи рўзгорро пушти сар намуда, ҳар як мақомдори Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти муҳтарами кишвар аз имтиҳонҳои ҷиддӣ гузашта, бо эътибори баланди мардумӣ вориди Қасри миллат мегарданд. Ҳар як маҷлису машваратҳое, ки Пешвои муаззами миллат мегузаронанд, бо ахлоқи баланди роҳбарӣ бо як дилсузӣ ва самимияти бепоён аз ҳар як зимомдори Ҳукумат аввал аҳволи раъиятро пурсида, баъд ҳисоботҳои онҳоро мешунавад. Иддае аз роҳбарон каму костиҳо ва нотавониашонро агар пинҳон медоранд, он ҳамаро Пешво ёдоварӣ намуда, ба таъкид аз онҳо хоҳиш менамояд, ки ба халқу Ватан хиёнат накунанд. Ҳамеша раиятпарвару ватанхоҳ бошанд, ин обу хок ва табиати биҳиштосо ва мардумони некрой ва некбину некандеши тоҷикро сазовор ба бовариашон бошанд. Фирефта ва бозичаи дасти касе набошанд. Хеле дардовар аст, ки аз ҳамин даргоҳи меҳру муҳаббат ва самимияти ватандорӣ баъзеҳо сўистифода намуда, эътибори кишвар ва роҳбарияти онро коста месозанд. Чаро ки баъзе матбуоти озоди кишвар аҷнабиеро тавсиф намуда, амалҳои носавоби онро миёни мардум дар маърази тамошо мегузорад? Ҳол он ки самимияти ватандорӣ ва раъиятпарварии Пешвои муаззами миллатро берун аз кишвар, садҳо марказҳои таҳлиливу тадқиқотӣ мавриди омўзиши хеш қарор дода, таҷрибаи бузурги роҳбарияшро ба садҳо шогирдон меомўзонанд. Барои далели ин гуфтаҳо шеъри шоири шаҳири эронӣ Масъуди Сипанд «Ман ориёиям», ки ба Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, далели шаръии ин гуфтаҳо буда метавонад. Ҳамин озодии матбуот, гуногунандешӣ, озодии баён, озодии зеҳнӣ, озодии иқтисодӣ, ки сутуни нардбони кишвари демократии башардўсти дунявии мо мебошад бо талошҳои зиёди Пешвои миллат рўйи кор омадаанд.

Ориёинасаб
Оринасабе, ки ор дорад, бодо!
Бар асли худ ифтихор дорад, бодо!
Оё метавон бе муболиға ва тамаллуқ ин ҳамаро ба истиқлолияти зеҳнии Пешво, ки ифодагари Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад, ҳамсанг донист. Бале, ин ҳама аз истиқлолияти зеҳнии азалии Пешво сарчашма гирифта, истиқлолияти комил, ин истиқлолияти зеҳнӣ буда, дар асоси дарки донишҳои баланди сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба миён меояд. Онгуна, ки дар оғоз гуфта будем, ҳама нофаҳмиҳо ва нооромиҳои ҷомеа аз набудани истиқлолияти зеҳнӣ сарчашма мегирад. Агар ин пиндор ва андеша дурўғ будӣ, аз чи хотир ормонҳои Ориёии Пешвои миллатро, ки тамоми мардуми равшанзамири қаламрави Ориёнои бузург бо ҷону дил мепазиранду ба онҳо тақлид менамоянд, баъзе аз курдилони носипоси ҳамқавми мо ба онҳо хиёнат менамоянд? Он гуна, ки устоди шифо-ул-калом Алимуҳаммади Муродӣ фармудааст баъзе аз нотавонбинони сиёсии ноком берун аз ватан пушти аъробии биёбонӣ ва турки хонабардуш рафта, чун соил аз хони ҷугие нон металабанд. Ва эътибори миллати тамаддунофари тоҷикро коста менамоянд:
Чаро эй Ориёии парешон,
Чу гарду чангӣ аз боди биёбон.
Чу аробию турки хайма бар пушт,
Бипурси аз дари ҷугӣ лаби нон.
Куҷо шуд он номусу шарафи ватандории Ориёие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наздики 30 сол боз бо таъкид бар гўши ҷони мову манҳо мерасонад? Яъне моро зарурати таърихие пеш омадааст, ки бо чашми хирад ба неъмати истиқлол бингарему ба қадри он бедории зеҳние, ки аз Пешво ба мо расидааст бирасем.
Пас истиқлолияти зеҳнӣ бедории фитрие мебошад, ки онро дар натиҷаи омўзишҳои пайваста ва дарки дурусти ҳаводис метавон аз худ намуд. Истиқлолияти зеҳнӣ хоси рўҳи солим ва фарзонагону донишмандон буда, онҳо метавонанд, ки бо дарки баланди масъулият дар эъмори як ҷомеаи мардумсолорӣ саҳмгузор бошанд. Ҳамин истиқлолияти зеҳнии Пешвои миллат ҳазорон донишмандони ватанхоҳро атрофи ў ҷамъ оварда, бо маърифати баланди Ориёӣ Тоҷикистони азизро, ки поррае аз Ориёнои бузург мебошад, аз вартаи ҳалокати нестӣ наҷоташ дода, имрўз шуҳраи оламаш намудаанд. Хеле бамаврид ва аз рўйи инсоф медонам, ки иқтибосеро аз китоби тозанашри шоири халқии Тоҷикистон устод Назри Яздони «Ормонҳои Ориёнӣ» инҷо биёрам, ки барои пайравони қадамроҳи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеият ва манфиатбор аст: «Имондорона бояд қоил шуд ва эътироф кард, ки бузургмарде бо исму насаби Эмомалӣ Раҳмон ин Ватан, ин миллат, ин халқ ва ин забонро бо фарҳанги тамаддунсозаш дўст медорад, аз дилу ҷон ба ҳамааш муҳаббати сўзон дорад. Сарваре, ки нияташ одилона, суханаш орифона, амалаш Ориёна аст, фаразанди Тоҷикистони азиз Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сухани нобу обдор, сухани ширадору шифокори тоҷикиро аз минбарҳои расмии муътабари умумидунявӣ барои ҷаҳониён тақдим медорад».
Ва устод ҷаҳду талошҳои Ориёнаи Пешвои муаззамро чунин сутудааст:
Ман ба расми Ориёнӣ тоҷ бар сар кардаам,
Бар дирафши Ковиёнӣ ҳафт ахтар кардаам.
Чилчароғи орифона ман фурўзон доштам,
Хонадони ҳафт кишварро мунаввар кардаам.
Ин пораҳои саропо аз самимият ва меҳру муҳаббати ватандорӣ нишони арҷу эҳтироми поки Ориёӣ доштани аҳли зиёи кишвар бар ин абармарди таърихи нави ватандории мо навагони Ориёпешаи Каёниёни кишваркушо мебошад.
Ҳамин фазилати баланди инсонӣ ва башардўстиву Ориёнасабӣ ва ватансозии Пешво ифтихори бузурги ватансозандагони ояндаи кишвар буда, аввал аз ҳама хонадони покмаҳзари Президенти маҳбубамон намунаи барҷастаи ин ҳама созандагиҳо мебошад. Шаҳрдори ҷавони пойтахт, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Рустами Эмомалӣ аз зумраи пайравони воқеии Пешвои миллат буда, амалҳои созандаи ватандустона ва мардумнавозиву башардўстиаш миёни мардумони саросари Тоҷикистони азиз соҳиби арҷгузории ҳамагон гардидааст. Талошҳои созандагӣ ва ободонии шаҳрдори пойтахти азизамон Рустами Эмомалӣ ба Душанбеи азиз, ҳусну таровати хосса бахшида, онро рашки сад Ландану Порис намудааст. Аз парваришгоҳҳои кўдакона то мактабу китобхона ва кохҳои фарҳангу боғҳои сарсабз, ки ба пойтахти кишварамон шуҳрату шон бахшидааст, айён аст, ки ў номбардори Ориёи бузург буда, эътибораш на танҳо дар Душанбеи азиз ва Тоҷикистони биҳиштосо, балки дар саросари қаламрави кишварҳои ҳамҷавор хеле баланд мебошад. Ҳамин аст, ки Душанбеи азиз бо ибтикори бевоситаи ў бо яке аз марказҳои фарҳангӣ ва мадании кишварҳои ҳамҷавор табдил гардида, мизбони доимии меҳмонони олиқадр ва ҷои баргузории симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ гардида, номи тоҷику Тоҷикистон дар равоқи эътибори фарҳангиёни олам бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардидааст.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: