Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МНДСЭ: Истиқлоли давлатӣ-поягузори давлати миллӣ

МНДСЭ: Истиқлоли давлатӣ-поягузори давлати миллӣ

6-09-2021, 07:58
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
МНДСЭ:  Истиқлоли давлатӣ-поягузори давлати миллӣ
Ба истиқболи 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвони “Истиқлоли давлатӣ-поягузори давлати миллӣ” баргузор гардид.
Чорабиниро сардори Марказ Азаматхӯҷа Воҳидов ҳусни ифтитоҳ бахшида аз руйдоди муҳими таърихӣ- санаи ба даст овардани соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуда гуфт:
-Истиқлолияти давлатӣ воқеан ҳам неъмати бебаҳоест, ки тақдир баъди 1000 соли давлатдории миллӣ бори дигар моро насиб гардонд ва баҳри таҳкиму пешрафти он миллати тоҷик бо фарзонафарзандаш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талошҳо дорад.
Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳр Мирзоҷон Мирзобоев номаи муборакбодии раиси шаҳрро ба унвони конфронс расонида ба кори он барор хост.
Номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Рустамҷон Юлдошев аз рузҳои аввали соҳибихтиёрӣ, таҳкими давлатдории миллӣ давоми 30 сол ва дастоварди соҳаҳои хоҷагии халқ дар ин муддат маърӯзаи илман асоснок кард.
Собиқадори матбуоти кишвар, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабарнигори нашрияи «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ бошад, аз он он иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 9 сентябр дар ҷаласаи худ Истиқлолияти сиёсии худро эълон кард, ёдовар шуд.
-Ман он вақт хабарнигори парлумонии радиои Тоҷикистон дар Шӯрои Олӣ будам, хабари эълон шудани Истиқлолияти Тоҷикистонро дар ахбори нисфирӯзии радиои кишвар ба самъи ҳозирин расонида будам,-варақгардон кард, дафтари хотираҳояшро Ҷовиди Аштӣ,- лекин он вақт касе андеша намекард, ки ин соҳибистиқлолироо мебоист бо талошу ҷаҳду ҷадал ва ба ивази қурбониҳои ҳаёти одамӣ мебояд, ки ҳифз кард…
Баъдан собиқадори соҳаи тандурустӣ, муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонбердӣ Муҳаммадиев аз рӯзҳои вазнини солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, аз мутахассисони ҷавон даъват ба амал овард, ки тинҷиву амонии ба даст омадаро, чун гавҳараки чашм ҳифз намоянду дар рушду такомули касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Кори конфронсро сардори Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Азаматхӯҷа Воҳидов ҳусни анҷом бахшида изҳор дошт, ки ҷомеаи меҳнатии Марказ тамоми имконияту қувва ва дониши худро ба он равона хоҳанд кард то ки Истиқлолияти давлатии мамлакат таҳким ёбад ва дар ин замина Тоҷикистони маҳбуби мо боз ҳам пеш раваду обруву эътибораш дар сатҳи байналмилалӣ боло равад.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: