Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЙНӢ: Нурест ба дидагони мо – истиқлол

АЙНӢ: Нурест ба дидагони мо – истиқлол

31-08-2021, 10:44
Хабарро хонданд: 660 нафар
Назарҳо: 0
АЙНӢ: Нурест ба дидагони мо – истиқлол

Тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳия барномаи адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Нурест ба дидагони мо-Истиқлол” баргузор гардид, ки дар он аъзои Раёсати Кумиҷроияи вилоятӣ, раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, намояндаи КИВ, сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб, аъзоёни Раёсати кумиҷроияи ноҳия, раисон ва аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.Раиси кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ Рузибой Раҳимзода барномаи адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони ““Нурест ба дидагони мо-Истиқлол”-ро кушода, зикр намуданд, ки “Истиқлолият нишони ҳуввият, озодӣ, ифтихор, номус, рамзи саодат аст. Аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ифтихор аз он доранд, ки 30-сол қабл, бо роҳнамоиҳои фарзанди сулҳофари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин хишти пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории нави миллии худро ниҳода, аз шарофати ин ҷашни бузурги миллӣ, соҳиби рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем”. Дар ҷараёни чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм баромад намуда, кулли аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айниро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давалтӣ табрику шодбош намуда, чунин баён намуданд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомуш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа, ба даст овардани Истиқлолият нақши босазои худро гузошт.Дар даврони Истиқлолият, дар самти ташаккули маънавиёти ҷавонони кишвар, хизматҳои ҳар яки аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб бесобиқа ва арзишманд аст. Замоне, ки кишварро буҳрони маънавӣ ва ҷавонони минтақаҳои гуногунро ҳисси кинаву нафрат, нисбати ҳамдигар фаро гирифта буд, ҳизб ташаббуси ташаккул додани афкори умумро ба даст гирифта, баҳри решакан намудани унсурҳои маҳалгарои байни ҷавонони кишвар нақши муассир гузошт.Ҳамзамон, намояндаи кумиҷроияи вилоятӣ А.Абдуваҳҳоб табрикоти раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба саҳми аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб расонида, дар самти амали намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ки барои зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд.Собиқадори ҳизб Ҳусейн Ҷураев вазъияти солҳои 90-умро мавриди таҳлил қарор дода, доир ба таърихи ба даст овардани Истиқлолият дар кишвар маълумоти муфассал дода, даъват ба амал оварданд, ки ҳар яки мо бояд дар бари Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қомат рост намуда, дар иҷрои ҳадафҳои бунёдкоронаи он саҳмгузор бошем, сафамонро зиёд намуда, дар пойдории Истиқлоли меҳан нақши муассир гузорем.Сипас, бо иштироки аъзоёни Раёсат, ба аъзоён ва фаъолони 70 – ташкилоти ибтидоии назди кумиҷроияи ноҳиявӣ Сипоснома ва туҳфаҳои таъсисдодаи Кумиҷроияи ноҳиявӣ дар фазои идона тақдим гардида, инчунин, якчанд ҷавонони фаъол, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбиашон супорида шуд.Дар интиҳои барномаи фарҳангӣ-адабии кумиҷроияи ноҳия, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои ҷадид, ки васфи Истиқлолро тараннум менамуд, табъи аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро болида намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: