Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Гумон доштам дар пиронсолӣ меосоям, аммо…

Гумон доштам дар пиронсолӣ меосоям, аммо…

26-08-2021, 08:59
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
Гумон доштам дар пиронсолӣ меосоям, аммо…
Қиссаи зиндагиам талх аст. Ба мисли дигарон наметавонам лаҳзаҳои хуши рўзгори пешинро ба ёд оварам…
Ҷанги Бузурги Ватании 1941-45 ба итмом расид. Модари ман-Машраф Маннонова бо волидонаш он замон дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) ба сар мебурд. Тибқи гуфтаҳои ў, падараш мулло, модараш муаллима буд.
Ҳақиқатро бояд гуфт, модарам, метавон гуфт, то андозае «сабукпой» буд, Зани зебо, аз ин сабаб мардон ба ў майл доштанд. Соли 1946 ў бидуни никоҳ писар ба дунё овард…ва ўро бо табар пора карда, дар боѓи ҳавлӣ гўр кард. Ҳамсояҳое, ки он вақт боми хонаро таъмир мекарданд, шоҳиди ин ҳол буданд. Онҳо ба мақомоти қудратӣ хабар доданд. Модарамро ҳабс карданд. Тафтишот як сол идома дошт. Баъдан мурофиа оѓоз гардид ва ўро ба 8 сол маҳрум аз озодӣ дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт маҳкум карданд. Ўро ба шаҳри Қўрѓонтеппа равон карданд. Соли 1948, моҳи феврал, ў боз бидуни никоҳ аз сардори зиндон дугоник-Фотимаву Зуҳро, ману хоҳарамро таваллуд кард. Ҳамагӣ ў, тибқи ҳуҷҷат, 6 фарзанд-2 писар ва 4 духтар таваллуд кард, ки аз инҳо 2 писару як духтарро нобуд кард. Шоҳиди ин ҳодисаи мудҳиш майор Бободаева Екатерина Фёдоровна буд, ки бо амри тақдир таваллуди ин тифлони маъсумро қабул карда буд.
Мо се нафар духтарон мондем ва тақдири талх моро аз ҳам ҷудо кард. Фотима, Зуҳро, Мавлуда. Соли 1953 модари моро аз Қўрѓонтеппа ба муассисаи ислоҳии шаҳри Бокуи Озарбойҷон интиқол доданд ва ў аз сардори зиндони он ҷо боз як духтар таваллуд кард. Ҳамон сол ўро озод карданд, аммо ў бе духтараш аз зиндон баромад. Кўдакро ба ў надоданд. Модарам барои зисти доимӣ ба Ўзбекистон омад. Солҳо мегузаштанд, мо дар ятимхонаи Қўрѓонтеппа ба воя мерасидем. Тибқи гуфтаҳои Екатерина Бободаева, соли 1949 бо фармони Иосиф Сталин 126 кўдакро аз Қўрѓонтеппа барои «барқарор намудани шумораи аҳолӣ» ба шаҳри Берлини Олмон фиристоданд. Кўдаконро худи Бободаева бурд. Ҳамин тариқ, ман хоҳаронам-Зуҳро ва Мавлударо дигар надидам. Баъдан, бо кумаки маъмурияти муассисаи ислоҳотии занонаи шаҳри Боку мо ҳуҷҷатҳои модарам ва суроѓаи полковники мустаъфӣ Сисилия Михайловна Фурмановаро ёфтем, ки дар шаҳри Москва ба сар мебурд.
Ман ба назди Екатерина Бободаева, ки дар шаҳри Днетропетровски Украина зиндагӣ мекард, 3 маротиба рафтам. Вай ба ман тафсилоти ҳодисаро пурра нақл кард. Духтараш аз манн дар куҷо будани Зуҳроро пурсид. Ба барномаи «Жди меня»-и телевизиони Русия барои кумак кардан барои дарёфти хоҳаронам муроҷиат кардам. Аммо дар он ҷо хоҳиши маро рад карданд, чун гуфтанд «кор судӣ ва ранги сиёсӣ дорад».
То ба Берлин ҳам ҷустуҷўи ман давом кард. Рўзноманигорон, вазорати корҳои дохилии Озарбойҷону Тоҷикистон ҳамдастӣ мекарданд.
Собиқ сардори зиндони Қўрѓонтеппа зинда аст. Ҳамоне, ки падари ман маҳсуб меёбад. Ман ба ў нақл кардам, ки модарам, пас аз оне, ки фаҳмид маъюби дараҷаи 2 шудаам, бо ман вохўрд. Ман ўро 2 сол ҷустуҷў кардам, 14 сол доштам.
Сардори зиндон аз ман бахшиш пурсид. Модарам на. Ман наметавонам касеро бахшам. Ман зиндагии душворро аз сар гузарондам.
Кўдаконеро, ки барои бурдан ба Олмон аз комиссия тиббӣ нагузаштанд, ба Ленинобод (Хуҷанд) равон карданд. Ман дар ин шумор будам. Хоҳарам Зуҳроро, тибқи гуфтаи Екатерина Бободаева, ба Олмон бурданд.
Моро ба хонаи кўдакони №2, баъдан ба хонаи кўдакони мактабии №1 оварданд. Саломатиам хуб набуд, зуд-зуд бемор мешудам, аз ин сабаб, хонданам на он қадар хуб буд. Хўрок намерасид, дуруст намехўрониданд. Аз ҳуш мерафтам.
Солҳо мегузаштанд, синфи 4-ро бо азобе ба итмом расонидам. Солҳои 1957-58 дар Ленинобод бемориҳои сурхча, домана, вабо сар зада буд. Ман ҳам ба домана мубтало шудам ва дар беморхона 45 рўз табобат гирифтам. Вақте баргаштам, фаҳмидам, ки бисёр кўдакон аз сурхча ва домана фавтиданд. Баъдан хонаи кўдакони №1-ро барҳам доданд ва моро ба хонаи кўдакони Қистакўз бурданд, ки он ҷо ба синфи 5 гузаштам.
Таҳқир мекарданд, мо мегурехтем, медоштанд, мезаданд. Мо лаънат мехондем…зилзила шуд, хонаи кўдакон хароб гардид. Бо қарори комиссияи Вазорати маориф моро ба хонаи кўдакони Исфара бурданд. Рўзгори мо ин ҷо боз сангинтар гардид. Ба мактаби наздики заводи спирт мерафтем, он ҷо моро ба сарпарастӣ гирифта буданд, аз ҷиҳати либосу маблаѓ кумак мекарданд. Бисёриҳо синфи 7-8-ро тамом мекарданд, онҳо ба омўзишгоҳ барои таҳсил рафтанд, кор, дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд…
Директори хонаи кўдакон, Эргашев, сураташ инсонӣ, аммо дар асл ҳайвонсират буд. Субҳи содиқ меомад, касе дертар аз хоб мехест, дод мезад, дашном медод. Бо мо, духтаракон, бо алфози қабеҳ сухан меронд. «Муфтхўрон» мегуфт ва ҳоказо…маст ба ҳуҷраҳои мо медаромад ва дар дилхоҳ ҷойгаҳ хоб мерафт. Ҳушёр шуда, ба утоқаш мерафт, духтараконро ба наздаш мехонд, дашном медод, мегуфт, «бо навбат либосҳоятонро кашед»…Духтарони калонтар ба утоқи кориаш медаромаданд ва хурдсолтаронро ҳифз мекарданд. Ҳамаи инро дида, мо ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ номаи шикоятӣ навиштем. Комиссия омад, ҷамъомад доир шуд, ўро аз кор гирифтанд.
Ман ба бкемории эпилепсия гирифтор шудам. Аз ҳуш мерафтам, вазъи саломатиам рўз аз рўз бад мешуд. Рўзгори сангин таъсир карда буд…
Соли 1961, ҳангоме 13 сол доштам, барои дарёи Исфара миёни тоҷикону қирѓизҳо муноқиша сар зад. Ҳолати равониам бад шуд, сахт бемор шудам. Дар беморхона, аввал дар Исфара, баъд дар Ленинобод будам. Дар ин ҷо духтурони хуби риштаи асаб ҳам буданд, аммо маро ба Душанбе равон карданд. Дар Душанбе ташхис нишон дод, ки ба варами майнаи сар гирифтор шудаам. Аммо ҷарроҳӣ накарданд ва маро ба ятимхона бурданд.
Табобат мекардам, Аммо натиҷа намедод. Синфи 8-ро бо сабаби беморӣ бо душворӣ хатм кардам.
Барои «халос шудан» сарварони ятимхона, мактабҳои Исфара маро ба муассисаи нигаҳдории маъюбон ва куҳансолон равон карданд. Дар ин ҷо ман қариб якуним сол будам. Ногуфта намонад, баъзан вақт модарамро вомехўрдам. Аммо ў бо ман умуман муошират намекард.
Рўзе ба хонаи маъюбон вазири ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ Раҳимова омад. Пеш рафтан ба Душанбе бо ў суҳбат кардам, розӣ шудам, ки таҳсилро идома диҳам. Вай маро аз ин ҷо гирифт ва мо ба пойтахти ҷумҳурӣ омадем. Маро муваққатан ба хонаи маъюбон монд, дар омўзишгоҳ барои маъюбон таҳсил мекардам, дар касби дўзандагӣ. Ҳамзамон дар беморхонаи Қарияи Боло табобат мегирифтам. Духтуронам профессорон Пулодов, Почаев, баъдан Ѓуломов буданд. Баъдан Ѓуломов маро ба бемористони худаш бурд. Варами майнаи сар доштанамро ташхис бори дигар муайян кард. Рўзҳое кам набуданд, ки 3-4 маротиба аз ҳуш наравам.
Дар рўзномаи «Коммунист Таджикистана» оид ба ходими намоёни давлатӣ Гулҷаҳон Бобосодиқова матлабе хондам. Қарор додам наздаш равам. Қабул кард: «Шуморо гўш мекунам, чӣ хизмат кунам?». Гуфтам, ки маро аз беморӣ наҷот диҳад, азоби сахт дорам. «Охир ман духтур нестам». Гиря кардам, гуфтам, ки мансаби Шумо аз вазири тандурустӣ баланд аст, фармоед, маро қабул кунад. Гуфт, ки, ки пагоҳ наздаш биёям.
Фардо боз наздаш омадам. Гуфт, ки нисбати ман бо роҳбари ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов вохўрдааст ва ў ҳозир аст маро қабул кунад. Назди Расулов даромадам. Он кас ба вазири тандурустӣ занг зад. Гуфт, ки тақдири маро таҳти назорати шахсиаш мегирад.
Ба вазорат омадам, маро Иван Андреевич Саженин қабул кард. Рўзгори талхамро нақл кардам. Гиря гулўгирам шуд, аз ҳуш рафтам. Ба худ оям, наздам пур аз кормандони вазорат, профессорон, ҷонишини вазир Шанский ҳам буд. Шанский аз вазир хоҳиш кард, ки маро ба Ленинград, барои ҷарроҳӣ фиристад. Саженин розӣ шуд, аммо шарт гузошт, ки аввал дар бемористон бистарӣ мешавам ва натиҷаҳои ташхисро худаш назорат хоҳад кард.
Ростӣ, ба ў он қадар боварӣ надоштам, аммо ба беморхона рафтам. Баъд аз 16 рўзи табобат духтурам Елена Владимировна хабар дод, ки фардо ба Ленинград парвоз мекунем, чун даъват аз институти Паленово омадааст.
Ман дар назди вазири маориф Юсуфбеков будам. Ба ман қадре маблаѓ дод. Сипас бо Бобосодиқова хайрухуш карда, роҳ ба сўи Ленинград гирифтам. Дар тайёра 2 маротиба ҳушам рафт. Соати 1-и шаб расидем. Мошии «Ёрии таъҷилӣ» моро дар фурудгоҳ интизор буд.
Духтури манн Борис Михайлович Рачков, ҳоло профессор, доктори илмҳои тиб, табиби хизматнишондодаи Россия буд. Баъд аз машварат бо дигар профессорон қарор доданд маро ҷарроҳӣ кунанд. Албатта, бо розигии ман, дар ин бобат бо ў 2 соат суҳбат доштем. Ҳарроҳии аввал 10 соат тўл кашид ва бомуваффақ анҳом ёфт. Ин моҳи маи соли 1969 буд.
Баъд аз 2 соли ҳарроҳӣ ба манн иҳозат доданд таҳсил кунам. Ба техникуми савдои советӣ дохил шудам. Дар хонаи дугонаам зиндагӣ мекардам ва ҳамчун маъюб дар навбати манзил рўнавис шудам. Ба ман хонаи якҳуҳрагӣ доданд. 10 сол маро нафақаи маъюбӣ накарданд, дар муҳосибот гуфтанд, ки аз 28 рубли советӣ зиёд нахоҳам гирифт. «Чи тавре метавонӣ, ҳамон тавр зиндагӣ кун».
Дар ҳои корам бо талаби дармонгоҳ маълумотнома гирифта натавонистам, ҳамин тариқ, аз нафақаи маъюбӣ маҳрум шудам. Наход ман дар айёми куҳансолӣ сазовори чунин муносибат бошам? Замони кўдакиам хеле сахт буд, умед доштам, дар бузургсолӣ меосоям…
Ҳамин аст қиссаи талхи ман.
Фотима Холиқова, маъюб.
Таҳияи Азамат Дўстов.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: