Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ҲАСРАТ (Ҳикоя)

23-08-2021, 13:21
Хабарро хонданд: 572 нафар
Назарҳо: 1
ҲАСРАТ (Ҳикоя)
- Дуою дуруд ба арвоҳат, момоҷон! Хумори меҳрубониҳою поси ранҷҳоят маро боз бар сари марқадат овард. Мегўянд, ки «Арвоҳ ризо – Худо ризо». Фардо ид аст, иди Қурбон. Ҳамроҳи набераҳоят омадем, то ба ид табрикат гўему рўҳатро шод гардонем. Нағз медонам, ту ҳастиатро фидои мо кардӣ. Албатта, бароят осон набуд зиндагӣ кардан. Дарду доғҳое дар дил доштӣ. Худ фарзанд ба дунё наовардӣ, вале ҳама меҳри модариатро ба фарзандони зани дигар бахшидӣ. Замоне, ки мо ҳашт нафар (чор писар ва чор духтар) аз модар абадан ҷудо шудем, се сол доштам. Ҳамсоли ҳамин писари хурдиам … аз бисёр кору дарду алами оламу одам хабар надоштам.
Бо гузашти солҳо ҳарчанд мехоҳам симои модарамро ба ёд орам, наметавонам, чеҳрааш дар хотирам нест, аммо вақте ки модар мегўям, ҳамеша пеши назар симои ту ҳувайдо мешавад: меҳрубон, ғамхор, дилсўз ва мудом ғарқи андеша…
Гузаштаи на чандон дур ин лаҳзаҳо ҳастии Хуршедро фаро мегирад. Айёми кўдакиву бачагиашро мебинад, ки чи гуна дар ин дашт молбонӣ мекард, алаф медаравид, дарза мебаст, бо хар каҳ мекашонид... Дафтари хотираҳояш дубора варақгардон мешавад: Бародарону апаҳояш баъд аз сари модар умедашонро ба падар баста буданд, аммо падар ҳам пас аз издивоҷ бо зани дигар бо фарзандон падруд гуфт. Онҳо дар тарбияи амаки бефарзанд монданд...
Амакамро, ки «бобо» гўён муроҷиат мекардем, савод надошт, хондану навишта наметавонист, аммо бисёр меҳрубон буд. Мошинсаройи колхозро посбонӣ мекард. Завҷаааш, зани солеҳа, бо хислати хубу ширинзабониаш оҳиста-оҳиста дар вуҷуди мо нисбат ба худ меҳри беандоза бедор мекард. Ҳар гоҳ, ки маро хумори модар мегирифт, сарамро дар бағалаш мемондам, ба фикр фурў мерафтам ва шукр мекардам, ки ҳамин зани амакам ҳаст.
Рўзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо, солҳо мегузаштанд, мо ҳам калон шудем, ба синни мактабравӣ расидем. Аввалин рўзи қадам ба дабистон мондаамро ҳаргиз фаромўш намекунам. Он рўз дигар ҳамсолонамро падар ё модарашон ба муаллими аввалин шинос мекарданд, ман бошам дар як гўша ба онҳо бо ҳасрат менигаристам. Медидам, ки модарон сари фарзандонашонро сила мекунанд, косаи чашмам аз ашк лабрез мешуду бо дили реш нигоҳамро сўи дигар метофтам.
Бисёр ҳолатҳое буданд, ки дар он даврон наметавон аз ёд бурд. Вақти дарс муаллим мегуфт, ки дар бораи аҳли оилаатон нақл кунед ва ё супориш медод, ки дар ин мавзўъ иншо нависед. Маро ғусса мегирифт, ҳамеша чашмонам аз ашк пур мешуд, кўшиш мекардам аз нигоҳи муаллим худро канор гирам, то маро ба назди тахтаи синф даъват накунад. Дигар ҳамсинфонам дар бораи падару модар ва дигар аъзои оилаашон бо шавк нақл мекарданд, ман бошам чун ҳезуми тар аз дарун месўхтам. Ба фикрам он лаҳзаҳо муаллими нуктасанҷ инро пай мебурд ва худро ба нодонӣ мезаду ба ман як нигоҳи меҳрубонона карда мегуфт: «Ба касе навбат нарасида бошад, дарси оянда ҳатман мепурсам».
Ва вақте ин суханон ба гўшам мерасид, оҳи сабуке мекашидам.
Ҳолати дигари дардноки овони мактабхонӣ, ки маро ба хиҷолат меовард, тақдими сарулибос ба хонандагони ятим буд. Даврони шўравӣ ба писарони бепадар ё бемодар дар давоми соли хониш либосу пойафзол медоданд. Ана ҳамин рўз бароям сахттарин рўз буд ва медидам, ки баъзе ҳамсинфонам масхараомез ба ман менигаристанд.
Ҳарчанд амакам ҳеҷ гоҳ ба мо намегуфт, ки дарс хонед, ман дар мактаб бо баҳои аъло мехондам, дар олимпиадаҳои мактабию ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштирок карда, соҳиби ифтихорномаҳо мешудам. Дар поёни боғи амакам, дар лаби ҷўйбор дарахти бед буд ва ман барои рафъи дилшикастагиву хастагиам мерафтам дар сояи ону савори киштии орзуҳо мешудам.
Тавре кии шор кардам, амакам дар мошинсаройи колхоз посбон буд ва ҳар бегоҳ маро ҳамроҳи худ ба он ҷо мебурд ва ман доим ҷувздонамро бо худ мегирифтам ва дар қаровулхона, ки дар зимистон бисёр хунук буд, дарсҳоямро тайёр мекардам.
Яке аз рўзҳои мушкилу пурмасъул барои деҳотиён, ин навбати пода буд. Баъди калон шудан фаҳмидам, ки он беҳтарин ва озодтарин рўзҳои ҳаётам будааст, ки дур аз ғами зиндагӣ аз паси моли мардум ба талу теппаҳо баромада, бо хаёлҳои ширини кўдакӣ умрро паси сар мекардем...
Бо гузашти солҳо мо бо пиру кампир унс гирифтем, ба яке чун падар меҳр бастему дигареро ба ҷои модар медонистем. Зиндагии миёнаҳолона доштем, дар колхоз кор мекардем ва ҳамчунин ба нигоҳубини гову мол машғул будем, ки як гўшаи рўзгорамон аз ҳамин ҳисоб обод мешуд.
Он солҳо зимистон бисёр қаҳратун буд. Шабҳои дароз мо дар хона пумбадона тоза мекардем ва аз пахтаи тозакардаи мо момоям бароямон кўрпаю болишт ва либоси зимистона медўхт. Дар ҳамсоягии мо зане зиндагӣ мекард, ки қариб ҳар бегоҳ ба хонаамон меомад ва ў низ бо худ пахта оварда, хамроҳи мо тоза мекард. Бисёр зани хушсуҳбату афсонагў буд, барои мо, кўдакон, афсона мегуфту мо бошем, худро дар нақши қаҳрамонҳои афсонаҳои ў тасаввур мекардем.
Шабҳои тобистон дар ҳавои беғубори деҳа рўйи суфаи ҳавлӣ хоб рафтан чӣ кайфияте дорад. Ҳар гоҳе дар ҷойхоб дароз мекашидам, ба осмон нигариста, аз нурафшонии ситораҳо лаззат мебурдам. Ба андешаи кампирҳои бесавод, аммо роҳнамои рўзгори мо, ҳар кас дар осмон ситораи худро дорад. Ва вақте ки он нафар аз олам гузашт, ситорааш аз осмон меафтад. Ман бошам, шабона дар осмон ситораи худро мекофтам ва ҳамзамон фикр мекардам, ки яқин ситораи модарам дигар чило намедиҳад. Гоҳо медидам, ки ситорае дар баҳри бекарони осмон дар ҳаракат аст ва ё ситорае аз байни галаситораҳо канда мешавад, оҳ мекашидам, ки боз як нафар аз олам гузашт ва менигаристам сўи бобову бибии пираму мегуфтам: «Худоҷон, ситораҳои ин ду шахси азизро нигоҳ дор». Ҳоло ҳам вақте ки ба деҳа меоям, шаб болои суфаи бобоӣ хоб мераваму ба осмони софи пур аз ситора нигариста, давраи кўдакиро ба ёд меорам.
Агарчанде он замон либоси хуб надоштем, аммо ҳамеша тозаву озода буданд онҳо. Шуғли дигари ману ҳамсолонам пахтачинӣ буд. Маблағи аз ин ҳисоб ба дастовардаамро мисли дигар ҳамсифонам беҳуда сарф намекардам, кўшиш мекардам, ки либос, дафтар ё китоб бихарам, зеро дар вақти таҳсил ҳамеша аз надоштани дафтар азоб мекашидам ва маҷбур мешудам даруни дафтар варақҳои иловагиро бо ширеш часпонам. Ҷуръат надоштам ба бобоям бигўям, ки «дафтар надорам».
Баъди хатми мактаб орзуи хизматчии ҳарӣ шудан доштам ва аз ин хотир ҳуҷҷатҳояро барои дохил шудан ба Омўзишгоҳи ҳарбии шаҳри Москва тайёр кардам, вале Иттиҳоди Шўравӣ он сол барҳам хўрду натавонистам ба ин шаҳр равам. Барои дар Душанбе панҷ сол хондан имконият надоштам. Ба тақдир тан дода, дар колхоз ба ҳайси колхозчӣ ба кор даромадам. Соли шуми 1992 ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад, аз як тарафи ҷанги шаҳрвандию гуруснагӣ, аз тарафи дигар шахсе, ки чу модар ба ў дилбаста будам, дар як рўзи нарми баҳорон аз олам гузашт. Он рўз дар замини пахта будам, як ҳамдеҳаам омада гуфт, ки «туро дар хонаатон фарёд доранд». Дилам ларзид, ҳис кардам, ки ҳодисаи нохуше рух додааст. Дар ҳавлиамон одам зиёд буд. Бобоямро ба оғўш кашидам. «Умраш то ҳамин рўз будааст»,- такрор ба такрор мегуфт мўйсафед. Ҳанўз ҳам он рўзи шум аз хотирам намеравад. Вақти ҷанозааш барои ин зани бефарзанд ҳатто ҳаво мегирист…
Акнун пас аз сари момо дигар касе дар фикру ояндаи мо набуд. Бобоям бисёр озурда менамуд, дар фикр зада буд, ки маросими азодориро чӣ гуна, аз кадом ҳисоб мегузаронад. Таскинаш медодам, ки бобоҷон ғам нахўр, ман маблағ пайдо мекунам.
Дар деҳа ба мардикорӣ машғул шуда, пул ба даст овардам. Нисфи онро барои гузаронидани маъракаҳо ба бобоям додам ва боқимондаашро бо худ гирифта, ба Тошканд рафтам. Муддати ду моҳ дар ин шаҳр мардикорӣ карда, боз ба деҳа баргаштам. Аммо он ҳавлӣ, бе момо дигар нур надошт. Соли кампирро гирифта, бо дуои бобоям ба Душанбе омадам…
Шукр, соҳиби маълумоти оливу ҷои кор ҳастам. Оилаи хубу фарзандони солеҳ дорам. Дар пойтахт хона ҳам гирифтам. Кош, имрўз момоям зинда мебуду хурсандии моро медид. Ман, ки дар тифлӣ ба ҷои дасти модар домони ўро гирифтаам, ҳеҷ гоҳ меҳрашро аз дил берун нахоҳам кард...
Хуршед, побанди андеша аз назди марқади момо дур шуда, ҳамроҳи писаронаш раҳораҳ аз баландӣ ба деҳа менигарад, тифлию кўдакиҳояшро ба хотир меорад. Тафовути тифлии ўву аз они писаронаш аз замин то осмон. Худованд ҳаминҳоро ҳифз кунаду баракати зиндагиашонро диҳад, мегўяд дар дил.

Алӣ ҶЎРА
Июли с.2021
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Serzrge 9 января 2022 22:40
Друзья, я последние несколько лет от слова совсем не смотрю ТВ!!! И считаю его Злом, так как вся информация преподносится так как нужно руководству страны. А мы это потребляем.
В последнее время все больше смотрю Youtube и выискиваю там информацию по крупицам. А так же ищу независимые СМИ сайты, которые подают информацию более независимо, такие как Радио свобода или myukraina.com.ua.
Выбирайте и читайте информацию, отсеивайте нежелательные, перебирайте источники и только тогда Вы сможете найти полезную новость.
Кстати недавно прочитал очень интересную статью, которая касается каждого из нас:
http://forum.mak-corp.com.au/member.php?1513-baannatwifta1143
http://forum.p-vechera.com/member.php?1756603-Serzcfs
https://board.radionomy.com/memberlist.php?mode=viewprofile&u=248334
http://www.ydwd.com/bbs/home.php?mod=space&uid=209114
http://aasted.org/adblock/profile.php?mode=viewprofile&u=283104
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: